Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон муассисаҳои санаториву курортӣ фаъолият доранд

Дар Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон муассисаҳои санаториву курортӣ фаъолият доранд

3-01-2024, 13:18
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон муассисаҳои санаториву курортӣ фаъолият дорандМувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки аз инҳо 4 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 9 адад дар вилояти Хатлон, 18 адад дар вилояти Суғд ва 7 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳатӣ ва ҳам табобатӣ доранд. Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» тасмим гирифт бо истинод ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба фаъолияти ин муассисаҳои санаториву курортӣ маълумот пешниҳод намояд.

Яке аз чунин осоишгоҳҳо — ин «Гармчашма» мебошад. Гармобаи шифобахши «Гармчашма» дар масофаи 48 километр аз шаҳри Хоруғ ва 73 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакӯҳ воқеъ мебошад. Ин осоишгоҳ дар фасли зимистон фаъолият надорад. Аммо «Гармчашма» хусусияти табобатӣ дошта, касалиҳои дил ва рагҳои хунгард, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои системаи асаб ва касалиҳои узвҳои занонаро шифо мебахшад.

Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии осоишгоҳи «Гармчашма» пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Ишкошим осоишгоҳи «Ямчун» (Бибӣ Фотимаи Заҳро) воқеъ аст, ки дорои биноҳои якошёна ва коттеҷҳои ба замони муосир ҷавобгӯ буда, 1,3 гектар масоҳат дорад. Он дар масофаи 178 километр аз шаҳри Хоруғ дар баландии 3300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Ин осоишгоҳ низ хусусияти шифобахшӣ дорад.

Инчунин дар километри 25-уми самти ҷануби ноҳияи Ишкошим шифохонаи «Авҷ» ҷойгир аст, ки аз соли 1972 фаъолият менамояд. Дар он дар мавсими табобатӣ, ки аз моҳи апрел шуруъ мешавад, ба истироҳаткунандагон ва сайёҳон хизмат расонида мешавад. Сайёҳони хориҷие, ки аз ин мавзеъҳо («Гармчашма», «Ямчун», чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро) мегузаранд, дар ин чашмаҳои оби гарм оббозӣ менамоянд.

Осоишгоҳи дигар- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи осоишгоҳи «Баҳористон» аст, ки имрӯзҳо байни сайёҳону меҳмонони ҷумҳурӣ ва берун аз он хеле маъмулу машҳур буда, дар шимоли Тоҷикистон, дар соҳили Баҳри тоҷик- дар шаҳри Гулистон воқеъ мебошад.

Осоишгоҳ дар масоҳати 22 гектар ҷойгир буда, аз корпусҳои табобатӣ, ҳавзҳои дохилӣ ва берунӣ барои оббозӣ ва истироҳатгоҳи соҳилӣ, 5 корпус барои хоб, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, дискоклуб, боулинг, интернетклуб, СПА комплекс, майдончаи кӯдакона, толори синамои 3D, маркази косметологӣ ва чойхонаи миллӣ иборат мебошад.

Осоишгоҳи «Баҳористон» дорои шароити хуби табобатӣ ва ҳуҷраҳои бароҳат барои истироҳату фароғат муҳайё мебошад.

Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии истироҳатгоҳи ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» хуб буда, дар он тамоми фасли сол ба сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида мешавад.

Дар мавриди дигар муассисаҳои санаториву курортии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: