СУРАТАТРО ЧӢ КУНАМ, ГАР ТУ НАДОРӢ СИРАТ!29-12-2023, 11:00
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд намехостам вобаста ба ин мавзуъ чизе нависам, зеро бисёриҳо онро насиҳат ва баъзе нолозим мешуморанд, аммо суханҳои тунд ва танқиду таҳқири бисёре аз мардуми рус нагузошт, ки канорагирӣ кунам. Тӯли 5-6 соле, ки ман ба Федератсияи Русия сафар мекунам, аз забону урфу одату анъанаҳои мардуми рус зиёд огоҳ гаштаам. Аксар ҳолат, суханҳои тунду таҳқиромезро дар ҳаққи мардуми тоҷик шунида, нороҳат мешавам. Рӯзе субҳи барвақт дар автобус нишаста, кор мерафтам. Чашму ҳушам ба ду зане, ки дар мавриди муҳоҷирони тоҷик ҳарф мезаданд, банд шуд. Баъзан таърифу баъзан ба тундӣ таҳқир мекарданд. Яке аз онҳо мегуфт: “Бештари муҳоҷирони тоҷик, хусусан ҷавонон, ҳусни зебову қаду қомати расо ва либосҳои тозаву зебо доранд, аммо вақте онҳо гап мезананд ё механданд, аз даҳонашон бӯйи бад меояд. Аз дандонҳои зардшуда ё пӯсидаашон маълум аст, ки бештари онҳо шояд умуман дандон нашӯянд. Ҳайрон аз он ҳастам, ки онҳоро аз хурдӣ шустани дандонро меомӯзонда бошанд ё на? Оё дар ватани онҳо шояд шустани дандон мамнуъ бошад (масхараомез механдид). Охир ин чиз дар боғчаву мактабҳои миёнаи умумӣ ҳатто бояд фаҳмонида шавад”. Зани дигаре, ки суҳбати ҳампаҳлӯяшро бодиққат гӯш мекард, бо алам ва бо садои баланд, мисле, ки қасдан бояд дигарҳо, махсусан муҳоҷирон шунаванд, чунин гуфт: “Ин дарди ба хайр, аз ҳама бадаш ҳамин, ки аз бадани аксари онҳо бӯйи ғализ (арақи бадан) меояд, ки дили кас беҳузур мешавад. Дар ҳақиқат Шумо рост мегӯед, онҳо сару либоси худро хеле тоза нигоҳ медоранд, аммо аз тозагии баданашон фаромӯш мекунанд. Ҳарчанд солҳои охир ҳар гуна моеъҳои хушбӯйкунанда барои зери камар ва хамираҳои дандоншӯӣ бо нархи дастрас мавҷуд аст, вале ҳайҳот... - гуфту боз бо масхараву ханда илова намуд “Шояд то ҳол аз ин чизҳо бехабаранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ин маводҳо истифода карда мешаванд? Ростӣ, ман бисёр вақт аз ноилоҷӣ онҳое, ки забони русиро медонанд, дар рӯяшон мегӯям, то ки ислоҳ шаванд. Ҳатто мӯйи зери камарашон аз остинҳои куртаашон намоён мешавад, ки ин даҳшат аст...”. Баъд аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омадам ва хостам ҷавоби сахте ба онҳо диҳам, аммо садои хандаи баланду нағмаҳои беҷойи чанд ҳамватани дигарамонро дар кунҷи нақлиёт дида, хомӯширо авлотар донистам... Воқеан, чунин назарҳо ва бетартибиҳои ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятии кишвари худамон низ бештар ба назар мерасад, ки боиси паст намудани шаъну шарафи миллати мост. Ин дар ҳақиқат мушкилоте ҳаст, ки шаъну шарафи на танҳо як нафар, балки як миллатро муайян мекунад. Дар баробари зебоии зоҳирии худ, мо бештар ба тозагии баданамон низ бояд диққат диҳем. Шустани дандон ва тоза нигоҳ доштани бадан ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба атрофиён хушоянд аст. Мутаассифона, баъзе ё шояд бештари аҳолии кишвари мо ба ин чиз диққати ҷиддӣ намедиҳанд, ки ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёна ва ҳатто дар вазорату идораҳои давлатӣ ба чашми хеш мебинем ва эҳсос мекунем. Баъзе аз хонандагону донишҷӯён ва кормандони идораву вазоратҳо дар тан либоси зебоеро ба бар кардаанд, аммо аз даҳони онҳо ба гуфти ҳамон зани рус “бӯйи баде меояд” ва ё ҳангоми суҳбат ранги тағйирёфтаи дандонҳояшон бараъло намоён аст, ки хеле нороҳаткунанда аст. Барои тақвияти ин амали пастзананда назди дандонпизишки ватанӣ рафта, аз вобаста ба ин амали тунд суоле кардам. Акои Наим - дандонпизишке, ки дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия кору фаъолият мекунаду бештари тоҷиконе, ки дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунанд, барои табобати дандони худ назди ӯ мераванд, чунин посух дод: -Ман чунин суханҳои тунду таҳқиромезро аз забони мардуми рус зиёд шунидаам ва дигар вақтҳои охир ба он диққат намедиҳам, зеро бештари мардуми мо дар ҳақиқат шустани дандонро намедонанд, агар донанд ҳам, хеле кам аҳамият медиҳанд. Рӯзе нест, ки назди ман 4-5 тоҷик барои табобати дандон наояд. Бовар кунед, ҳар гоҳе онҳо даҳони худро мекушоянд... Вақте аз онҳо мепурсам, ки кай охирин маротиба дандонҳои худро шуста будед, фақат як ҷумла - “Дар ёдам нест”-ро мешунавӣ. Дар чунин ҳолат вақти муоинаи дандон аз ниқоб истифода мебарам. Ҳолатҳое мешавад, ки баъд аз табобат аз муштарии худ хоҳиш мекунам, ки бори дуюм омадан дандонҳои худро шуста биёяд. Дар баробари ин, бештари онҳоро мегӯям, ки худ ва аҳлу оилаи худро ба шустани дандон одат кунонед, махсусан дар мулки бегона. Инчунин, имрӯз дар тамоми хӯрокҳои истеъмолкунандаи мо, аз ҷумла меваву сабзавот элемент ё моеи химиявӣ дида мешавад. Имрӯзҳо агар имконият бошад, на 2 маротиба, балки 3 маротиба мо дандонҳои худро бояд бишӯем. Ин роҳи пӯсидани дандонро мегирад. Дар идома дандонпизишк илова намуд, ки сабаби дигари бӯйи даҳон аз истифодаи тамоку ва ё худ “нос” мебошад. Онҳо вақти носро якчанд дақиқа дар зери дандон нигоҳ медоранд, пасон онро хориҷ мекунанд, бештарашон даҳони худро ба об намечаконанд, дар ин ҳолат зарраҳои хурди нос дар милки дандон мемонад ва аз он бӯйи бад ҳосил мегардад. Онҳо носро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла нақлиёти мусофиркаш, мағозаву бозорҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ истифода мекунанд ва ҳатто шарм накарда, бо даҳони пур аз нос бо фурӯшанда ё дигар шахсони масъул ҳамсуҳбат мешаванд. Ман инро борҳо мушоҳида ва борҳо таъкид кардаам, ки аз чунин амал даст кашанд. Воқеан, намедонам дигар бо кадом роҳу тарзу усул мардуми худамонро фаҳмонем, то ин амали пасткунандаи маърифат камтар шавад... Хулоса, ҳамон рӯз бо табъи хира ба кор рафтаму ҳамкорам акои Абдулвоҳид, ки тӯли 35 сол омӯзгор кор кардаасту тангии зиндагӣ ӯро ба ғарибӣ бурдааст, ҳолати ногувори маро дида, пурсон шуд. Баъд аз шунидани ҳолати воқеа, боғазаб гуфт: Имрӯз бузургсолони мо ниёз ба таълиму тарбия доранд. Охир шустани дандон ва тоза нигоҳ доштани бадан низ як шакли тарбия аст. Баъзе аз калонсолонамон, махсусан, падару модарон худ ақли шустани дандонро надоранд, чӣ расад ба насли наврас ё ҷавон. Як рафтори хубе ҳаст, ки бузургони мо ҳамеша батаъкиду батакрор мегӯянд: “Ҳар кореро, ки бузургони хонавода анҷом диҳанд, хурдсолони хона онро такрор мекунанд”. Агар мо бештар ба тозагии бадани худ аҳамият диҳем ва роҳати онро эҳсос намоем, ҳатман ба кӯдаконамон онро талқин мекунем. Замоне, ки ман дар мактаб ҳамчун омӯзгор кору фаъолият мекардам, ҳафтае 2-3 маротиба 10-15 дақиқа ба хонандагон дарси тарбиявӣ мегузаштам ва ҳамеша ба онҳо таъкид мекардам, ки субҳу шом дандонҳои худро бишӯянд ва ба тан моеи хушбӯйкунанда, ба монанди атр истифода кунанд, чунки онҳо рӯзи дароз бо шахси дигар ҳамсуҳбат мешаванд ё ин ки дар паҳлӯи ҳамсинфаш мешининад, бӯйи хуш кунад ва шахси ҳампаҳлӯи ӯ аз бӯйи хуши атр ҳаловат барад на аз бӯйи бади дандон ва ё зери камар. Дигар ин ки хуб мешуд, дар боғчаву муассисаҳои таҳсилоти миёна дарсҳои тарбиявӣ оид ба тозагии сару бадан бештар карда шавад. Ман муддате, ки дар Русия қарор дораму дар сохтмон кор мекунам, ҷавононро ҳамеша таъкид мекунам, ки ба тозагии бадани худ бештар диққат диҳанд. Солҳои охир рафтани сокинони мамлакат, махсусан ҷавонон ба хориҷа зиёд шуда истодааст. Барои ҳамин хуб мешуд, ки пеш аз ҳама дар муҳити оила ва пасон, дар боғчаву мактабҳои миёна ва ҳатто тариқи васоити ахбори омма дар телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо низ сари ин мавзуъ масъалагузорӣ зиёд гардад. Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.