Номвар27-12-2023, 09:38
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад, Тоҷи шарафаш замона бар сар монад. Ватандорӣ гӯшае аз имондории родмардони воқеии Ватан буда, новобаста аз мавқеъу мақом ва ҷоҳу ҷалол дар ин ҷодаи номусу нанг ранҷу заҳматҳои зиёде мекашанд. Таърихи пур аз ифтихор ва матонату қаҳрамонии ҳафтод соли Шӯравӣ ва беш аз сӣ соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, номҳои поки фарзандони фарзонаи хеш - устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар равоқи эътибори миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт намуда, зиндагиномаи ин абармардони таърихи ватандорӣ ва ватансозии мо, тоҷикон барои ҳазорсолаҳо панди рӯзгори Ватансозии мову манҳо мебошад. Ҳафтод соли замони Шуравӣ номи пок ва хидмату ҷоннисории он фарзандони фарзонаи миллат, ки номи тоҷикро шӯҳраи олам намуда, ин қаламрави пурифтихори Ориёиро дар баҳои ҷон ва хону монашон ҳифозаташ намуда, ба мо, пасовандон ба меросаш гузоштаанд, зинҳор аз хотираи таърихиамон фаромӯш нахоҳад гашт. Охири солҳои ҳаштод ва оғози солҳои навадуми садаи гузашта, ки ҷаҳон ба буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, Иттиҳоди абарқудрати мардумсолори Шуравӣ зимоми ихтиёрро аз даст дода, он кишвари бузург ба понздаҳ давлати соҳибистиқлол қисмат гардид. Тоҷикистони азизи мо, ки як узви пайкараи он иқтидори бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд, соҳибистиқлол гардида, гомҳои нахустини Истиқлолро дар он қаламрав гузошт. Бо таассуф, иддае аз сардамдорони вақт ба хотири қудрати сиёсиро ба даст овардан низоъу кашмакашиҳои қавмиву гурӯҳиро ба миён оварда, Истиқлоли давлатиро зери шубҳа гузоштанд. Бо мадади Парвардигори ҷону хирад вакилони мардумии собиқ вилояти Кӯлоб барои аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидани кишвар ҳама роҳбарияти вақти кишварро ба иттиҳод ва якпорчагӣ даъват намуда, даъвати Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии кишварро ба миён гузоштанд. Баъди баҳсҳои зиёд ва гуфтушуниди роҳбарияти олии кишвар онҳо ба хулосае омаданд, ки Иҷлосияи Шонздаҳуми фавқулодаи Шурои Олии кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд охири моҳи ноябри соли 1992 даъват гардида, тақдири Истиқлол ва Тоҷикистони азиз мебоист роҳи ҳалли худро биёбад. Ҳамин тавр, бо мадади Парвардигори ҷону хирад ҳама роҳбарияти вақти кишвар аз раисони ноҳия, шаҳр, вилоят ва қишрҳои ҷудогонаи мардумони саросари кишвар дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, тақдир ва сарнавишти Тоҷикистони азиз роҳи ҳалли хешро пайдо намуд. Дар ҳамин Иҷлосия вакилони мардумӣ, вакил аз ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Раиси Шурои Олии кишвар бо раъйи аксари вакилон таъин намуданд. Райиси тозаинтихоб рӯи минбари номусу нанги ватандорӣ баромад намуда, авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор доданд. Ва масъалаи аввалия, ки саросари Тоҷикистони азизро ба ташвиш андохта буд, ин сулҳу якпорчагӣ ва бозгашти тамомии гурезаҳои иҷборӣ буд. Ӯ қавл дод, ки бо дастгирии бевоситаи ҳамаи вакилон, ки намояндагони мардум мебошанд, ҳарчи зудтар сулҳро барқарор намуда, ҳама гурезаҳои иҷбориро ба мақоми доимии зисташон хоҳад овард. Оғози соли 1993 ин абармарди таърихи навини кишвар тавонист, ки аз муҳаббат ва садоқати ватандорӣ қасри муҳташами Сулҳу якпорчагиро бунёд гузорад. Дар эъмори ин қасри бузурги сулҳ аввал аз ҳама тамоми вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, навоҳии атрофи Душанбе ва шаҳри Душанбе паҳлӯи ӯ девори бузурги амнияту осудагиро бунёд намуда, нахустгомҳои ватансозӣ оғоз гардид. Аксари вакилони мардумии кишвар, ки иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози Шонздаҳуми Шурои Олии кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд буданд, атрофи Раиси тозаинтихоби Шурои Олии кишвар муттаҳид гардида, бо садоқат ба Ватан ва халқи азизи хеш ба фаъолияти пурсамар оғоз намуданд. Дар қатори ҳамон фарзандони содиқи Ватан шахсияти хеле шинохта ва соҳибарҷу эҳтиром, собиқ котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) Сафаров Сафар Ғаюрович низ буд, ки ботаҷрибаи баланди корӣ миёни роҳбарияти собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа эҳтирому эътибори баланд дошт. Ин шахсияти соҳибарҷу эҳтиром, ки дар хонадони покмазҳари собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яке аз тавонмандтарин шахсияти ноҳияи Данғара ва минтақаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа Сафаров Ғаюр ба дунё омада буд, бо одобу ахлоқ ва дониши баланду таҷрибаи кордониаш миёни мардум хеле эътибор дошт. Ӯ, ки дастпарварди мактаби олии роҳбарии Ҳизби Коммунисти вақт буд, миёни Роҳбарияти Олии Ҳизби Коммунисти кишвар хеле эътибор дошт., Роҳбарияти Олии Ҳизби Коммунист кишвар - Қаҳҳор Маҳкамов, Изатулло Ҳаёев, Султон Мирзошоев ба ӯ хеле арҷу эҳтиром доштанд. Воқеият он аст, ки миёни роҳбарияти ҳизби коммунисти вилоятҳои собиқи Кӯлобу Қӯрғонтеппа то соли 1990 ҳеҷ касе аз ҳамсафон дар пояи ӯ набуданд. Дар сурати ҷавони ӯ роҳбарияти вақти кишвар ояндаи дурахшон ва роҳбари ҷасуру қавиирода ва донишманду тавоноро медиданд. Ҳизби Коммунисти вақт бо ӯ хеле ифтихор дошт. Ҳамин аст, ки даҳҳо намояндаҳои зинаҳои роҳбарии Ҳизби Коммунисти вақт бо ифтихор номи покашро ба забон оварда, ифтихор аз он доштанд, ки бо чунин шахсияти соҳибэътибор кор мекунанд. Банда, ки соли 1988 ба сифати хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” фаъолият доштам, шоҳиди он будам, ки собиқ котиби аввали Ҳизби Коммунисти вилояти Қӯрғонтеппа, арбоби сиёсиву давлатӣ Изатулло Ҳалимов дар мавриди Сафар Ғаюров дар яке аз ҷаласаҳои саёри Ҳ.К. чунин гуфта буд, ки оварданашро инҷо ҷоиз медонам: “Миёни роҳбарияти навоҳии вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз ҳама корҳои хубу ба талаботу меъёрҳои роҳбарии Ҳизби Коммунисти ҷавобгӯро дар фаъолияти Сафаров Сафар мебинам. Ӯ, ки дар хонадони шахсияти хеле шинохта ва пур аз таҷрибаи кору рӯзгор ба дунё омадааст, аз дигар роҳбарҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ӯ эътибори баландеро миёни роҳбарияти ҳизбӣ доштаву дорад, ки касе аз роҳбарони навоҳии вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа чунин эътиборро надорад”. Ин баҳои собиқ котиби аввали Ҳизби Коммуниси вилоят гувоҳи он аст, ки эътибор ва эҳтиром, кордониву корсозии Сафар Сафаров ҳанӯз дар замони Шуравӣ аз ҷониби роҳбарият арҷ гузошта мешудааст. Ана ҳамин таҷриба ва донишу фаҳмиши баланди роҳбарият буд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду давр вакили Маҷлиси Олии Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, саҳми босазояшро дар қабули даҳҳо қонунҳои манфиатбори мардум гузоштааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомили он гардида, бо кору фаъолияти пурсамараш эътибори ҳизбро миёни мардум баланд бардоштааст. Ин шахсияти шинохта ва пурэътибори давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар иштирок намуда, саҳми назаррасашро дар эъмори як ҷомеаи башардӯсти мардумсолорӣ гузошта, ба ибораи дигар, сипоҳсолори ғояҳои муаззами ҲХДТ буд. Ҳамин фаъолияти пурсамар ва ватанхоҳонааш буд, ки соли 2000-ум ба сифати раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва соли 2001 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Украина таъин мегардад. Дар замони фаъолияташ ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия тавонист, ки саҳми бузургашро дар робита бо ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ гузорад. Россия, ки яке аз шарикони боэътимодии иқтисодии Тоҷикистон мебошад, ин шахсияти пурэътибори давлатӣ, ки пешаи асосиаш иқтисод аст, ҳамчун олими соҳаи иқтисод тавонист, ки саҳми бузургашро дар ин риштаи стратегии давлатӣ гузорад. Ҳамкориҳои иқтисодии Россия дар бунёди Ниругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Норак, Роғун хеле назаррас буда, ин ҳамкориҳо бо ибтикори Сафар Сафаров қавитар гардиданд. Ӯ ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия ҳамзамон тавониста, ки саҳми назаррасашро дар ҳамкориҳои ҳарбии техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомӣ гузорад. Ҳамзамон, дар мавриди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Россия аз ҳама зиёд мебошанд, саҳми хеле назаррасашро гузошта, риштаи ҳамкориҳои судманд миёни ҲХДТ ва ҳизби “Единая Россия” қавӣ гардид. Ҳамеша манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз ҷониби Сафорат ҳимоя гардида, мардуми муҳоҷири меҳнатӣ дар сурати сафир пуштибони ҳақиқии хешро медиданд. Боре як дӯстам, ки солҳо ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ дар Россия фаъолият дошт, чунин воқеаеро ба ман аз рӯзгори муҳоҷирати меҳнатиаш дар вилояти Белгороди Россия қисса намуда буд: “Солҳои 2003 ва 2004 дар яке аз хоҷагиҳои чорводории вилояти Белгород мо, даҳ нафар тоҷикон кор мекардем. Ба доми фиреби як қаллоби гузарои арманӣ афтидем. Дусола маоши мо, ки қариб 3 миллион рубли русиро ташкил медод, бо фиреб ӯ ва чанд нафар ҳамроҳонаш аз худ намуда, ба тамоми идораҳо муроҷиат намудем, касе ба додамон нарасид. Аз Душанбе як шиносамон моро гуфт, ки “як нома ба номи Сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров нависед, ман онро ҳатман ба сафорат мерасонам. Худо хоҳад, ин масъала роҳи ҳаллашро меёбад”. Мо гуфтем, ки ин бисёр мушкил, боварамон намеояд, ки ин масъала роҳи ҳалли хешро биёбад. Баъди чанде номаи имдоди мо то ба дасти кормандони Сафорат расид. Манро ба сафорат, ба шаҳри Маскав даъват намуданд. Дар сафорат маро бевосита сафири Тоҷикистон Сафар Сафаров қабул намуд. Ман воқеаи ба сарамон омадаро пурра ба ӯ қисса намудам. Баъди шунидани он, ӯ аз дафтари кориаш ба касе аз намояндагони рус занг зада, телефонӣ асли воқеаро кутоҳ ба ӯ фаҳмонд. Ва ба ман гуфт, ки баъди се рӯз намояндаи Сафорат ба он мавзее, ки мо кор мекунем, меояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Намояндаи Сафорат бо ду нафар намояндаи рус, ки низомипӯш буданд, омаданд. Боз як бори дигар воқеаро ба онҳо қисса намудем. Онҳо баъди ин бо чанд нафар мӯйсафедони рус, ки мардуми ҳамонҷо буданду бо мо кор мекарданд, суҳбат намуда, рафтанд. Баъди се рӯзи рафтани онҳо намояндаи ҳукумати вилояти Белгород наздамон омада, маблағи заҳмати дусолаи моро пурра ҳисоб карда, ба дастамон дод. Баъди ин ман ба Маскав, ба Сафоратхона назди ҷаноби Сафир омада, миннатдории ҳамаамонро ба ӯ расонидам. Ӯ танҳо ҳамин гуфт, ки “ин вазифаи ҷонии мо мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои шуморо мо бояд ҳимоя намоем”. Баъди ин диламон ба давлат ва ҳукумати Тоҷикистон гарм гардида, ифтихор аз он намудем, ки ҳамакнун пуштибон дорем”. Ростӣ, чунин қиссаҳо аз рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёну шунавандагони Академияҳои ҳарбии Россия дар замони фаъолияти дипломатии Сафар Сафаров хеле зиёд буда, ин ҳама гувоҳи шахсияти соҳибарҷу эҳтиром ва Ватанхоҳу садоқатпешагии ӯ бо Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, номи покаш то абад дар лавҳи хотири садҳо мусофирону муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёну шунавандагони мактабҳои низомии Россия боқӣ мондааст. Баъди ба итмом расидани хидмати дипломатӣ ӯ ба Ватан баргашта, фаъолияти меҳнатиашро дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ ҳамзамон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, аз 26 декабри соли 2009 ӯ ба сифати муовини якуми ҲХДТ таъин мегардад. Таҷрибаи хеле зиёди роҳбарӣ дар замони Шуравӣ ӯро водор намуд, ки содиқона ба ҳизбе, ки Президенти кишвар роҳбарии онро бар дӯш дорад ва ӯро ба сифати муовини якум ба ин мақом овардааст, хидмат намояд. Оре, ҳамон таҷрибаи бузурги котибии Ҳизби Коммунисти вақтро, ки он замон он ҳизби раъиятпарвару мардумсолор ва ҳокими ҳама сиёсатҳои олам буд, дар ин ниҳоди мардумӣ мехост пиёдааш намояд. Ӯ корро аз қароргоҳи ҳизб, аз Кумитаи Иҷроияи марказӣ оғоз бахшид. Аввал аз ҳама эътибори ҳизбро миёни мардум баланд бояд бардошт. Узви пайкараи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан бояд шараф ва ифтихори бузурги ҳар як аъзои он бошад. Узви ҲХДТ бояд боодоб, хирадманд, дурандеш, ботамкин босалоҳият, Ватанхоҳ, Ватансоз ва башардӯст бошад. Дар бунёди як ҷомеаи мардумсолори адолатпеша намояндаи ҲХДТ мебояд аз ҳама ҳизбу ҳаракату созмонҳои дар фаъолият будаи кишвар пешгомтар бошад. Ҳама сохторҳо ва зинаҳои роҳбарии ҳизб бояд бо мутахассисони варзида, хушахлоқ, донишманд ва содиқ ба Раиси ҳизб ва Ватан таъмин бошад. Мақомҳои роҳбарии ҳизб дар корхонаву муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву иқтисодӣ мебояд бо ҷавонони хушахлоқу донишманд ва содиқ ба Ватан таъмин гардад. Шароити кор ва биноҳои маъмурии ҳама зинаҳои роҳбарии ҳизб бояд ба меъёрҳои ҷомеаи муосири ҳуқуқбунёди мардусолорӣ ҷавобгӯ бошад. Бо ҳамин мақсаду маром ӯро Раиси муаззами ҳизб ба ҳамин мақом таъинаш намудааст. Аввал ин гоми созандагии ӯ дар ҲХДТ таъмини Кумитаҳои иҷроияи марказии шаҳрак ва ноҳияҳо бо бинои маъмурӣ буд. Дар соли аввали фаъолият чанд ноҳия соҳиби бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ гардиданд. Конфронсу семинарҳои бозомӯзии кормандони ҲХДТ ба таври ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба роҳ андохта шуд. Эътибори ҲХДТ миёни мардуми саросарии кишвар баланд гардида, дар симои узви ҲХДТ мардуми кишвар созандагони Ватанро медиданд. Ӯ тамоми қудрат ва тавоноии зеҳниашро сарфи он намуд, ки мактаби бузурги Ватансозии Пешвои муаззами миллат, ки ғояи асосии ҲХДТ мебошад, ба таври бояду шояд дар курсҳои махсуси бозомӯзии зинаҳои роҳбарии ҲХДТ дар саросари кишвар бояд амалӣ гардад. Дар роҳи иҷрои ин ғояи бузурги Ватансозӣ ва садоқати Ватандорӣ ӯ воқеаи ҳам ҷоннисор буд. Нашрияи расмии ҲХДТ - “Минбари халқ” миёни дигар нашрияҳои кишвар бо мазмуну мундариҷа ва муҳтавои нигоштаҳояш дар қалби ҳазорон ҳазор хонандагон ҷои пурарзиши хешро ёфт. Сафарҳои кории муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ба шаҳру навоҳӣ ва манотиқи гуногуни кишвар мардумро бо ҳизб ва ҳизбро бо мардум хеле наздик гардонид. Дар ҳар як вохӯрӣ бо мардум андешаҳои нави созанда рӯи кор меомад. Аз танқид намеҳаросид, мусоҳибашро бо диққат гӯш мекард. Агар танқид аз рӯи ғараз набошад, бо ҷону дил қабулаш дошт. Барои бартараф намудани он аз масъулин бо исрор талаб мекард, ки он норасоӣ ҳарчи зудтар роҳи ҳалли хешро биёбад. Ҳамин сахткорӣ ва садоқат бар Ватан эътиборашро миёни мардум ва ҳамсафон зиёд намуда буд. Бархе аз тардоманҳои камназар аз рашку ҳасад пушти ӯ ҳарфҳое мегуфтанд... Вале, воқеият чизи дигар буд. Ҳамон кажгуфтанҳои нотавонбинон эътибори ӯро миёни содиқони Ватан ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ бештар намуд. Дар фаъолияти кориаш нисбати зердастон хеле ва хеле сахтгир буд. Дили чун оина пок ва вуҷуди лабрез аз садоқати ватандориаш ӯро маҷбур намуда буд, ки ҳамингуна бошад. Хонадони покмаҳзараш ифтихори тамоми пайвандон, ёру дӯстон ва ҳамқадамонаш буд. Ҳама тарбиятдида, ҳама соҳибмаълумот ва соҳибэътибор. Як писар ва чаҳор духтари Гурдофарид, ки дар фазлу фаросат нигини ангуштарини эътибори давлату миллат мебошанд. Вале, тақдир ва сарнавишт роҳи равиши худро дорад. Мо ҳама фарзанди қисмат ва сарнавиштем. Писари ягонаи ӯ ки азизи тамоми хонадон буд, бо хулқу атвор ва сурату сирати зебояш дар қалби садҳо дӯстону пайвандон ҷои абадии хешро гузошта буд, аз сактаи дил дар айни шукуфоиву камолот оламро падруд гуфт. Ин дарди ҷонкоҳ вуҷуди падарро афгор намуда, баъди чанде ӯ низ ин олами фониро тарк намуда, ба ҷовидонӣ пайваст. Ин арбоби сиёсиву давлатӣ, дипломати соҳибарҷу эҳтиром, донишманди илми иқтисод дар қалби ҳазорон фарзандони фарзонаи миллат ҷои абадии хешро гузошт. Имрӯз низ роҳбарияти ҲХДТ дар бисёре аз нишастҳои корӣ аз ӯ ба некӣ ёд намуда, хидматҳои содиқонаашро арҷ мегузоранд. Номи неки пурифтихораш ифодагари хидматҳои содиқонаи ӯ ба халқу Ватан буда аз кишвари ёдҳо овояш чунин бар гӯшҳо меояд: Пас аз ман бар суроғи ман барояд, Гул аз хоку, зи шаб субҳу, зи ту оҳ... Ҷумъахон Темурзода
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.