Сухане чанд аз эътибори илмии узви вобастаи АМИТ, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло
Хонадони покмаҳзари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, арбоби шинохтаи илм ва фарҳанг, шахсияти барҷастаи сиёсӣ, устоди зиндаёд Ҳабибулло Муродович Саидмуродов дар қалби ҳазорон донишмандону фарҳангиёни саросарии Тоҷикистони азиз маскан гузида, номи некаш дар лавҳи эътибори давлат ва миллат ба абадият сабт гардидааст. Мактаби касбии ин донишманди соҳибэҳтиром оѓози солҳои шастуми садаи гузашта садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар роҳи хидмати содиқона ба Ватан ҳидояташон намудааст. Дар ҳамин хонадони пурэътибор ва покмаҳзар Лутфулло Ҳабибулло Саидмуродзода охири солҳои панҷоҳуми садаи гузашта чашм ба олами ҳастӣ кушода, муждаи номварии ин хонадонро ба гӯши ҷони посдорони эътибори баланди ватанхоҳон расонидааст.
Он гуна, ки пешовандони азизамон фармудаанд:
Мероси падар хоҳи, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба даҳ рӯз.
Ҳамин мактаби касбии пурэътибори падар хишти аввали бинои илмро дар қалби поки ӯ ҷой намуд ва аз ҳамин пайроҳаи пурпечутоб соли 1976, баъди хатми мактаби миёна, шомили факултаи иқтисодӣ, пурэътибортарин ва ягона Донишгоҳи касбии Шуравии собиқ, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов мегардонад. Бо фотеҳаи падар ва устодони пуртаҷрибаи ин боргоҳи илм ва маърифат, соли 1981 ин Донишгоҳи пурэътибори пойтахти Шуравии маърифатпарвар ва мардумсолорро бо муваффақият хатм намуда, ба Душанбеи азиз меояд. Нахустгомҳои илмиашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гузошта, бо ифтихори зиёд шомили пайроҳаи падар мегардад. Баъди ду соли фаъолияти илмӣ дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1983 бо тавсияи устодони соҳибарҷу эҳтиромаш баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои шуъбаи аспирантура ба сифати коромӯз-тадқиқотчӣ ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москва фиристода мешавад. Дар ин даргоҳи пурэътибори илмии шуҳрати ҷаҳонидошта, аз бузургтарин олимони соҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ сабақ омӯхта, зери сарварии профессор Нуриев Рустам Маҳмудович рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Шаклҳои тобеияти меҳнат ва сармоя дар раванди саноатикунонии капиталистии кишварҳои рӯ ба тараққӣ: дар мисоли Ҳиндустон» оѓоз мебахшад. Баъди омӯзишу тадқиқотҳои ҷиддӣ тӯли се соли коромӯзӣ рисолаи номзадиашро дифо намуда, бо эътибори баланди илмӣ, ҳамчун олими ҷавони соҳаи иқтисод ба Душанбеи азиз бармегардад.
Ҳамакнун, ҳамчун олими соҳаи иқтисод фаъолияти меҳнатиашро дар факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оѓоз мебахшад. ӯ, ки фарзанди муаллим ва сиришту сарнавишташ бо омӯзгор-тарбиятгар сахт алоқамандӣ дошт, бо дасту дили гарм ба тарбияи шогирдон пардохт. Тарбияи насли нави ояндасози кишварро қарзи муқаддаси хеш медонист. Хидмат ба халқу Ватан пешаи ирсӣ ва аҷдодии онҳо буда, чун падари ѓамхору меҳрубон ва соҳибэътибораш ин қаламрави пурэътибори илмиро лаҳзае тарк накард. Оѓози Истиқлоли давлатӣ, ки бо мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, ӯ дар факултаи иқтисоди донишгоҳ фаъолият менамуд. Солҳои 1994-1996 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, солҳои 1996-2006 декани факултаи иқтисодӣ фаъолият намуда, садҳо шогирдонро дар роҳи хидмати содиқона ба Ватан тарбия намудааст. Ҳамин эътибори баланди илмиву инсонӣ ва садоқат бар Ватани азиз, номи покашро чун номи поки пурэътибори падар вирди забони ҳамагон гардонид.
Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи иқтисоду молия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром ва самимияти хоса заҳматҳои ӯро арҷгузорӣ намуда, соли 2010 номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Баъди дар интихобот шарафёби номи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гардиданаш дар ин мақоми олии кишвар ӯ дар мақомҳои узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, солҳои 2013-2015 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон фаъолият намуда, дар қабули даҳҳо қонунҳои манфиатбори давлат ва Ҳукумат саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Дар ин радиф, метавон қарору қонунҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи аабиёти таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника»-ро ном бурд, ки ин барномаҳои давлатӣ дар амал татбиқ гардида, дар пешрафт ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.
Соли 2015 Лутфулло Ҳабибулло боз ба мақоми илмиву тадқиқотӣ ба сифати директории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргашта, мақому манзалати илмро хеле баланд бардошт. Бо ибтикори бевоситаи ин олими соҳибэътибор, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамҷавори иқтисодӣ мақоми хосае дорад, робитаҳои кории институт бо дигар институтҳои иқтисодии кишварҳои ҳамҷавор ба роҳ монда шуд. Метавон дар ин риштаи манфиатбори барномаҳои давлатӣ ҳамкориҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Тоҷикистонро бо Муассисаи илмии федеролии давлатии буҷавии Институти масъалаҳои бозори Академияи илмҳои Федератсияи Россия (ИМБ АИР ФР) ва Муассисаи илмии федеролии давлатии буҷавии Институти тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии маркази илмии Доѓистонии Академияи илмҳои Федератсияи Россияро ном бурд, ки аз манфиатҳои илмиву иқтисодӣ орӣ нестанд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба сифати директории Институти иқтисод ва демографияи Тоҷикистон тавонист, ки як неруи бузурги пешбарандаи иқтисоди кишварро дар муттаҳидӣ ва якпорчагиву якмаромӣ ҷамъ овараду саҳмгузори рушди босуботи иқтисоди кишвар бошанд. Ҳамин тавонмандии зеҳнии Лутфулло Ҳабибулло буд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ тадқиқотҳои олимони Институт дар истеҳсолоти кишвар мавриди истифода қарор гирифта, самараи хуб низ ба бор оварданд. Шояд ҳамин буда бошад, ки бисёре аз тадқиқотҳои олимони соҳибарҷу эҳтироми институт дар барномаҳои рушди иқтисодии кишвар истифода шуданд:
- Барномаи механизми маблаѓгузории тадқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Ҳисоботи миллӣ оид ба иҷрои мақсадҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Барномаи рушди илм ва навоварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 (Л.Ҳ.Саидмуродзода, Р.Қ.Раҳимов, Н.Қ.Қаюмов, С.И.Исломов, А.Б.Мирсаидов);
- Ҳисобот оид ба Комиссияи миллии ҳадафнокии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 (Л.Ҳ.Саидмуродзода, С.И.Исломов, Р.М.Бобоҷонов).
Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки омадани доктори илми иқтисод, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло ба мақоми роҳбарии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таккони ҷиддиеро ба миён овард. ӯ, ки худ назариячии бисёр хирадманд ва дастпарвари мактаби бузурги иқтисоди Шуравии собиқ мебошад, тавонист он назарияро дар истеҳсолот амалӣ намояд.
Ҳамин тавр, барои ин донишманди соҳибарҷу эҳтиром рушди иқтисоди кишвар ифтихори ватандорӣ буда, ширкати бевоситаашро дар барномаҳои рушди иқтисодии кишвар қарзи шаҳрвандии худ медонад. Ҳамин будаву ҳаст, ки ӯро раҳбарияти олии кишвар ба мақоми роҳбари Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015, раиси бахши иқтисодии Шурои илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015, раиси Шурои ташхис дар самти иқтисодиёт ва соҳибкории Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, бо эътибори баланди илмиву инсонӣ ин мақомҳоро соҳибэътибор намуд. Бо ҳамин эътибори баланди илмӣ ӯ ҳамзамон узви фаъоли Шуроҳои диссертатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, аз соли 2021 узви Комиссияи Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои ҳамгироӣ ва рушди устувор дар назди Шурои илмии Академияи илмҳои Россия оид ба проблемаҳои ҳамгироиии иқтисодии «Евро-Осиё», модернизатсия, рақобатпазирӣ ва рушди устувор пазируфта шуда, инчунин, узви КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шумораи шогирдоне, ки таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намудаанд, беш аз сӣ нафар буда ва ба беш аз сӣ нафари дигар роҳнамоӣ кардааст. Ҳамин донишмандӣ ва тавонмандии зеҳниаш ӯро соҳиби эътибори баланди илмӣ намуда, аз ҷониби бисёре аз назариячиёни иқтисод соҳиби баҳои баланд гардидааст, ки ин худ гувоҳи барҳақи соҳибмактаб будани ӯ мебошад: «Профессор Лутфулло Ҳабибулло, дар баробари созмон додани мактаби махсуси илми иқтисод, дар равияи «иқтисоди кушоди хурд дар давраи гузариш» аввалин маротиба дар илми иқтисод зарурият, принсипҳо ва усулҳои амалӣ намудани сиёсати иқтисодии превентивӣ (пешгирикунанда)-ро дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ асоснок намудааст».
Ҳамин дониши баланд ва эътибори илмиаш мебошад, ки ӯро ба сифати узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахбори АМИТ», «Иқтисодиёти Тоҷикистон», «Паёми молиявӣ», «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир», «Проблемы рыночной экономики», «Региональные проблемы преобразования экономики» (Махачқалъа), «Международный научно-исследовательский журнал-Проблемы рыночной экономики» (Москва) пазируфта, ин арҷгузории илмӣ барои ҳама донишмандони кишвар ифтихори ватандорӣ мебошад. Ба қалами пажӯҳишу тадқиқотҳои ин олими соҳибарҷу эҳтиром 300 ҷузъи чопӣ мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 12 монография ва 5 китоби дарсӣ мутааллиқ буда, дар даҳҳо мақолаву монографияҳои шогирдон саҳми пурарзиши хешро гузоштааст. Имрӯз чаманистони маърифати ин олими соҳибарҷу эҳтиром, бо ѓунчаву гулҳои ҳазоррангаш киштаҳои сарсабзи Ватанро зебу зиннат бахшида, эътибори илму маърифати кишварро дар равоқи тиллоии илм муҷаллояш намудааст. Шахсияти худи Лутфулло Ҳабибулло, чун волидайни покмаҳзараш, миёни ҳама дӯстон, ҳамкорон ва ҳампешагонаш соҳиби арҷу эҳтироми бузург мебошад.
Ҳамин аст, ки заҳматҳои ӯ дар шоҳроҳи илм ва тадқиқотҳои илмӣ бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2021), Нишони тиллоии фахрии Академияи байналмилалии муҳандисӣ (Россия, 2017), медали ҷашнии «75-солагии Ѓалаба дар ҶБВ» (Россия,2017), Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ (1999-2009), Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (2012) ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, дар миёни аҳли илму маърифати кишвар соҳиби ҷойгоҳи хеш мебошад.
Б.Шарипов, доктори илмҳои иқтисодӣ, корманди Институти иқтисод ва демографияи АМИТ