Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд

Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд

27-11-2023, 09:54
Хабарро хонданд: 1490 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шудДар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд Дар зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Оқибатҳои нангини коррупсия ва роҳу усулҳои пешгирии он дар соҳаи тандурустӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба имзо расидааст.

Муқовимат намудану мубориза бурдан бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад ва пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва фаъолияти зиддикоррупсионии дастаҷамъонаро талаб менамояд. Тавре дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид намуда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа меҳисобанд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар намуд онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид.

Таъкид шуд, ки баргузор намудани чорабиниҳо, омӯзиш ва вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, меъёрҳои одоб, татбиқи ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани шароити хуби ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа хеле кам ва пешгирӣ хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: