Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАРЧАМ - НАМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ТАНТАНАИ ОЗОДИСТ

ПАРЧАМ - НАМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ТАНТАНАИ ОЗОДИСТ

23-11-2023, 09:42
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
ПАРЧАМ - НАМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ТАНТАНАИ ОЗОДИСТ
Парчам рамзи асосии соҳибистиқлолӣ ва давлатдории ҳар як кишвар буда, баёнгари ҳувият, ифтихор, нанг ва шарафи сокинони он аст.
Дар Парчам бо истифода аз рангҳо ва рамзҳои таърихӣ қудрату тавоноӣ ва шаҳомати фарҳангии ин ё он кишвар инъикос меёбад ва он ифодакунандаи маъноҳои хос аст. Тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо акс ёфтаанд, низ мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум намуда, пеш аз ҳама, ҳузури таърихӣ ва имрӯзи давлатдории миллии моро баён мекунанд.
Рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки ҳузури сабзи Парчами давлатии мо бо онҳо оро дода шудааст, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд ва дар онҳо, агар аз як тараф, гузаштаи кишвари мо, яъне таърихи пурбори давлатдории мо ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун анҷумани сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардидааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчами давлатӣ қабул карда шуд ва дар шароити нави таърихӣ миллати тамаддунофару давлатсози мо бори дигар соҳиби Парчами давлатӣ гардид.
Тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлол ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.
Ин саодат ё пайки неки расидан ба сулҳу осоиштагӣ, ки дар айни тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ иттифоқ афтода буд, иқдоми Раиси навинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра кард.
Бо ҳузури дубораи Парчами давлатӣ ва аввалин эҳтироми хос гузоштани Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он, бори дигар парчами интихобнамудаи мо чун Дирафши Ковиёнии аҷдодамон моро ба сари шоҳроҳи пирӯзиву хушрӯзиҳо расонид. Зеро, маҳз баъд аз тасдиқу қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ халқи мо таҳти роҳбарии хирдмандонаи фарзанди фарзонааш Раиси навинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимму ормонии худ даст зада, заминаи устувори расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фароҳам овард.
Ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст.
Ин Парчам бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуда буд. Ҳамзамон, дар толори «Давлатдории Ҳахоманишиён»-и Осорхона намунаи «Парчами давлатдории Ҳахоманишинён» ва дар толори «Давлатдории Сосониён» намунаи «Дирафши Ковиёнӣ» ба намоиш гузошта шудаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибтамаддуни мо дорои суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ буда, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд.
Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши ковиёниро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист ва албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми Парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор дошта буданд, ки Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.
Арҷ гузоштан ба Парчам ва эҳтироми хос ба он дар кишвари мо собиқаи зиёди таърихӣ дошта, бурҳони ин даъво васфи Парчам дар осори пурғановати шоирони мо ва тасвири он аз тарафи рассомон дар ҳама давру замонҳо мебошад.
Дар ин замина, хотирнишон месозем, ки дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асрҳои 5-8 мансубанд, тасвири Парчами суғдиёнро метавон мушоҳида намуд.
Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъд аз мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегӯша дида мешаванд.
Гузаштагони мо дар Парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои гуногуни оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд.
Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он Парчам рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.
Воқеан, дар адабиёти бадеӣ «Дирафши ковиёнӣ»-ро марбут ба парчами чармини Коваи оҳангар (дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ) донистаанд, ки бо он Кова бар зидди Заҳҳоки морон бархоста буд.
Аз ин лиҳоз, ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое мебошад, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд. Яъне, ин эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаммароми «Дирафши ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: сурх - озодиву истиқлол, сафед - сулҳу оромӣ, сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо бори дигар соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон, мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Парчами давлатӣ дар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти мамлакат, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад. Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Сокинони мамлакат санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24-уми ноябри соли 2009 истиқбол гирифтанд.
Бо дарназардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами давлатӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон соли 2010 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддаси бистумин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар паҳлӯи чапи Қасри миллат ба баландии 165 метр барафрохта шуд.
Баъдан ин мавзеъ «Майдони Парчам» номгузорӣ гардид, ки ҳоло яке аз беҳтарин маконҳои сайругашти сокинону меҳмонони пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Ҳоло Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парафшонӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунанд ва суханронию мулоқот анҷом диҳанд ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ барафрохта мешавад, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ баҳравар гашта, дар зери боли Парчами давлатӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд ва ин иқболи бузург буда, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилии мо ягона василаест, ки ба ин саодат умри ҷовидона мебахшад.

Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: