ПИРЯХҲО - ҚИСМИ БИОСФЕРА ВА КОНСЕНТРАТСИЯИ МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК10-11-2023, 13:45
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”. Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, ки санаи 25-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, баён доштанд, ки мо бояд ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, яъне масъалаи об ва оби ошомиданӣ дар сатҳи сайёра таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Сарвари давлат дар суханрониҳояшон дар баробари талошҳо ва ҳадафҳои судманд ба хотири масъалаи глобалии об ва обшавии босуръати пиряхҳо доимо таъкид мекунанд, ки идомаи ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мегузорад. Дар баробари обшавии пиряхҳо масъалаи дигари муҳим низ дар ин самт вуҷуд дорад, ки ин ҳам масъалаи ифлосшавии ях ва пиряхҳо аз ҳисоби партовҳои корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсуб меёбад. Дар мақолаи мазкур назаре дар ҳалли ин масъала мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мафҳуми ях ҳамчун ҷузъи биосфера ҳисобида шуда, бо дастаи моддаҳои хусусияти геосферадошта алоқаманд аст. Дар форматсияҳои ях равандҳои мураккаби биогеохимикӣ ба амал омада, барои организмҳои фототрофӣ ва гетеротрофӣ ҷойҳои махсуси экологӣ ташаккул меёбанд. Консентратсияи (ҷамъшавии) моддаҳои заҳролуд дар минтақаи алоқамандии обу ях дар давраи зимистон баррасӣ мешавад. Дар мисоли дарёҳо, ки тақсимоти моддаҳои ифлоскунанда дар ях пас аз садамаҳои техногенӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуқуъ меоянд. Донишҳои дақиқи фаъолияти биосферӣ омӯзиши муфассали мавқеи материяи зиндаро дар равандҳои гуногуне, ки дар ҳамаи қисмҳои таркибии он: атмосфера, литосфера ва гидросфера ба амал меоянд, дарбар мегирад. Мавҷудияти ҳаёт дар тамоми ҷузъҳои сохтории биосфера, бешубҳа, исбот шудааст. Бо вуҷуди ин, аксар вақт равандҳои мураккаби биогеохимикиро мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҳамдигар дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд, ки ин барои фаҳмиши умумӣ ва ягона аз нуқтаи назари ҳолати ҷузъҳои он монеа эҷод мекунад. Маълум аст, ки ташаккули сифати об дар гидросфера дар зери таъсири омилҳои сершумори эндогенӣ ва экзогенӣ сурат мегирад. Дар вақтҳои охир диққати асосӣ ба омӯзиши равандҳои биохимиявӣ дар минтақаҳои алоқаманди гидросферӣ - обу ҳаво ва обу ях дода мешавад. Ягонагии фазо - вақт дар гидросфера хусусияти мавсимии таъсири омилҳои алоҳида, омӯзиши актуалии равандҳои пиряхӣ ва биохимиявӣ дар ях баамаломадаро муайян мекунад. Ях ба сифати монеаи биогеохимикӣ дар байни геосфераҳои гуногун нақши муҳим мебозад. Дар таъсири мутақобилаи байни атмосфера ва гидросфера ях ҳамчун аккумулятори тавонои моддаҳои заҳрнок рисолат дорад. Фаҳмиши мо дар бораи нақши ях дар фаъолияти биосфера тавассути истифодаи равиши геоэкологӣ ва омӯзиши он, махсусан агар мо ба ҷузъи органикии ях ва "материяи зинда" диққат диҳем, боз ҳам возеҳ мегардад. Худи фаҳмиши геоэкологӣ ҳамчун илми байнисоҳавӣ, ки “функсияҳои экологии қабатҳои абиотикии Замин, қонуниятҳои башаклдарорӣ ва тағйирёбии фазо ва вақт дар зери таъсири сабабҳои табиӣ ва техногени алоқаманд” омӯхта мешавад, бо он муайян карда мешавад, ки таркибҳои фазавии бартарияти қисми моддаи литосфера, гидросфераи рӯйизаминӣ ва атмосфера ба куллӣ фарқ мекунанд, бинобар ин, шароити муҳити зисти дар онҳо бавуҷудомада ба гуногунии биологии биосфера таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар байни геосфераҳо, криосфера ва ташаккули хоси геохимиявии он ях мавқеи махсусро ишғол мекунад. Истифодаи ях ҳамчун объекти омӯзиши ҳолати экологӣ ва махсусан дарёҳо, кӯлҳо ва баҳрҳо имкон медиҳад, ки ба як қатор саволҳои марбут ба арзёбии таъсири глобалӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ифлосшавии сатҳи гидросфера ҷавоб дода шавад. Дар маҷмуъ, аз ҷумла одамон; муқаррар намудани шакли ташаккули сифати об дар зери таъсири якҷояи омилҳои табиӣ ва антропогенӣ дар давраи яхбандӣ; асосноккунии табиию илмии системаи муосири ба эътидол овардани сатҳи ифлосшавии обҳои табииро пешниҳод намуда, дараҷаи хавфи ҳодисаҳои техногениро дар давраи зимистон арзёбӣ намояд. Бо назардошти консепсияи В.И.Вернадский оид ба таъсири мутақобилаи ҷузъҳои сохтории биосфера метавон гуфт, ки ҳамаи ин геосфераҳо дар ташаккулёбии таркиби химиявии ях бевосита иштирок мекунанд. Ҳамин тавр, ба атмосфера партофтани моддаҳои гуногуни ифлоскунандаи саноатӣ ва карбогидридҳои пайдоиши пирогенӣ боиси олуда шудани қабатҳои рӯйизаминии ях мегардад. Яхро “архив”-и пайвастагиҳои химиявие меноманд, ки дар давоми якчанд аср дар атмосфера муҳоҷират мекунанд. Ифлосшавии баҳрҳои арктикӣ ва ҷузъҳои онҳо (об, таҳшинҳои поёнӣ, яхҳо, гидробионтҳо) бо шаклҳои хлорорганикӣ, инчунин, дар натиҷаи интиқоли атмосфера ва обҳои дарёҳо аз минтақаҳои нимкураи шимолӣ ба амал меояд. Омӯзиши қабат ба қабати ях дар шимоли минтақаи Уқёнуси Ором имкон медиҳад, ки ба воситаи “сигналҳои химиявӣ”-и динамикаи эмиссия, нақлиётӣ ва таҳшинии ионҳои оҳан, ки аз Осиё дар вақти тӯфонҳо меоянд, тасвир намояд. Яхҳои Аляска барои барқарор кардани на танҳо иқлим, балки хусусияти таназзули хок низ истифода мешаванд. Таъсири мутақобилаи ҷолибтарин байни литосфера ва криосфера дар мисоли яхи дархушкибуда баррасӣ мешавад. Дар зери бартарии шамолҳои шимолу шарқӣ моддаҳои заҳролуд, ки дар давраи яхбандӣ аз дарёи Амур ворид мешаванд, оҳиста-оҳиста дар соҳили шарқии ҷазираи Сахалин ба сӯйи ҷазираҳои Ҷопон муҳоҷират мекунанд. Метаморфизатсияи криогении таркиби химиявии обҳои табиӣ як раванди бениҳоят муҳимест, ки дар экосистемаҳои обӣ дар давраи яхкунӣ ба амал меояд. Ҳангоми ташаккул ва обшавии ях дар системаи атмосфера-гидросфера -криосфера мубодилаи миқёси калони газ ба амал меояд ва ях ҷузъи муҳими биосфера буда, омили ташаккули вазъи экологии экосистемаҳои обӣ ва пайванди мобайнии гардиши глятсиогении моддаҳо мебошад. Чуноне ки дида мешавад, сохтори ях ва пиряхҳо аз қисматҳои функсионалии биосферӣ вобастагӣ дошта, дар алоқамандӣ бо фазои экологӣ дар муҳити экосистемавӣ ба тағйиротҳои қабатӣ дучор мегардад. Ифлосшавии ях дар ядроҳои конденсатсионии сунъӣ ҳангоми бориш ва намии аэрозолҳои антропогенӣ ифлосшавии аэрогенӣ ба амал меояд. Вақте ки моддаҳои заҳролуд ба ях аз обҳои ифлосшудаи табиӣ дохил мешаванд, он дар дохили обанбор олуда мегардад. Ях ҳамчун ҷузъи геосистемаҳо дар Арктика ва Антарктика муфассалтар омӯхта мешавад. Яхи баҳрии обҳои соҳили Антарктида аз ҷиҳати сохти худ аз яхи баҳрии Арктика фарқ мекунад ва ин фарқият, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ташаккули таркиби онҳо аз обҳои уқёнусе, ки шӯрнокии зиёд доранд, ба амал меояд. Яхи Арктика асосан дар зери таъсири оби дарёҳо ба вуҷуд меояд. Ифлосшавии яхи баҳр аз ҷиҳати хусусияти худ фарқ мекунад ва бо хусусияти равандҳои гуногуне, ки дар минтақаҳои алоқаманд ба амал меоянд, муайян карда мешавад. Карбогидридҳо метавонанд дар натиҷаи резиши нафт ва сӯзишвории дизелӣ (механизмҳои конвективӣ-диффузия) ба массаи ях аз рӯйи замин ворид шаванд ва дар навбати худ интиқоли энергия ва масса байни баҳр ва атмосфера низ мусоидат мекунад. Хулоса, ях ва ё пиряхҳо ҷузъи муҳими биосфера буда, метавонанд ҳамчун объекти тадқиқоти геоэкологӣ ва ҷузъи сохтории мониторинги байнисоҳавии гидросфера дар маҷмуъ хизмат намоянд. Фаъолияти хоҷагии инсон дар гардиши глясиогении моддаҳо тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд меорад, ҳамзамон, шароити зиндагии як макони мушаххаси экологӣ таъсири худро мерасонад, ки дар он равандҳои мураккаби истеҳсолӣ ва харобшавӣ бо иштироки биокомплексҳо сурат мегиранд. Биосенозҳои ях дар поксозии худ ва ифлосшавии дараҷаи дуюми обҳои табиӣ иштирок намуда, дар вақти ифлосшавӣ дар консентратсияи паст металлҳои вазнинро ҷамъ мекунанд ва баъзан бо усулҳои инструменталӣ дар оби зери ях ба қайд гирифта намешаванд. Ҳолати экосистемаҳои обӣ дар фасли зимистон аз маҷмуи омилҳое вобастааст, ки бо фаъолияти материяҳои зинда дар минтақаи алоқаманди обу ях хусусияти транзитӣ, тагшиншавӣ, табдили байни моддаҳо, раванди обшавӣ ва дарозшавии фазо ва вақти ҷараёни таъсири токсикологиро доранд. Омӯзиши равандҳои пиряхӣ-биогеохимиявӣ, ки дар ях ба амал меоянд, қисми таркибии мониторинги ҳамаҷонибаи ҳолати биосфера шуда метавонад. Ин махсусан дар ҳалли як қатор проблемаҳои геоэкологӣ, ки вобаста ба муайян кардани омилҳои мавсимии тағйирёбии сифати об, арзёбии хатари ифлосшавии фаромарзӣ дар давраи яхбандӣ ва ивазшавии яхҳо ҳангоми резиши яхҳо ва ташаккули сатҳӣ аз ҷиҳати экологӣ қобили таъсир ба геосистемаҳо бо назардошти таъсири мавсимӣ ва мураккаби моддаҳои заҳрнок маҳсуб меёбад. Ҳ.ҒАЮРОВ, муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.