Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

30-10-2023, 09:59
Хабарро хонданд: 104 нафар
Назарҳо: 0
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣДар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Дар мулоқот оид ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», татбиқи самтҳои афзалиятноки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» изҳори андеша карда шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: