Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон баргузор гардид13-10-2023, 09:16
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Тайғунова Гулнора, муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2023, омодагӣ бо ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаи якум Тайғунова Гулнора баромад намуда, зикр дошт, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ кумитаи иҷроия, барои татбиқи сиёсати созандаи ҳизб корҳои назаррас анҷом дода, баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ ва сиёсати бунёдкоронаи як қатор иқдомҳо роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, дар ин раванд, қабули сифатноки аъзо, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ”пайваста амалӣ мегардад. Дар идома, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Шохуррамов Машраб, атрофи омодагӣ бо ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд дошт, ки ин ин муҳлат дар таърихи фаъолияти ҳизб марҳилаи бузурги созандагӣ ва заминаи ташаккули он маҳсуб меёбад. Ин чорабинӣ бори дигар ҳамаи ҳизбиёнро уҳдадор менамояд, ки ғояҳои татбиқкунандаи ҳизбиро миёни мардум пайваста татбиқ намуда, ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии онро, ки баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ гардидааст, амалӣ намоянд. Дар охир иброз гардид, ки ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.