Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАС АЗ ПАНҶ РӮЗИ ТАШРИФ....

ПАС АЗ ПАНҶ РӮЗИ ТАШРИФ....

25-09-2023, 09:10
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
			ПАС АЗ ПАНҶ  РӮЗИ ТАШРИФ....
Панҷ рӯзе баъд аз ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт, аммо ёдҳо, хотираҳо, бардошту таассурот ҳанӯз наву тоза, ҳанӯз чеҳраи нурполои Пешвои миллат дар оинаи хотира ҷилва медиҳад... Дар мо мегӯянд, ки ҳар инсонро дар пешонӣ ситораест ва дар зиндагӣ одамони ситорагарм бисёр вомехӯранд. Вале ситораву сиккаву салобатеро, ки Офаридгор ба Пешвои миллат насиб кардааст, фақат хоси ӯст ва кам андар кам вомехӯрад. Чеҳраи гарму банури ӯ беихтиёр диққатро ба худ мекашад ва базудӣ дар дил менишинад, барои ҳамин куҷое, ки наравад, ситораи гарми ӯ одамонро ба худ ҷазб месозад, ҳатто тифлаконе, ки боре ҳам ӯро надидаанд, бо чеҳраи хандону табассуми ширин дастаконашонро сӯйи Сарвари давлат меёзанд. Чӣ қадар кӯдакро дар ҳар ҷойи Тоҷикистон Роҳбари давлат рӯйи даст гирифтаасту падарона навозишу меҳрубонӣ кардааст, ростӣ, Худо медонад...
Ман ҳамин чизро фикр кардам: дар ҳама ҷо, то ҷойе медонам, мардум, мардуми қаторӣ Сарвари оқилу хирадпешаи мамлакатро бо хушнудии том истиқболу пазироӣ кардаанд. Лекин боз бадхоҳони давлату миллат дурӯғ мебофанду иғво меангезанд ва дар ин росто, солҳои охир бештар мардуми кӯҳистони Бадахшонро ба хотири зудбовару якрӯ буданашон ҳадафи худ қарор медиҳанд, то мақсадҳои муғризонаи худро ҳосил кунанд.
Ҳар бори омадани ин шахси воқеан худодод ба ин диёр одам андеша мекунад: мардум, мардуми одӣ, кӯҳистонии содаву дур аз риёву дурӯягӣ Роҳбари давлатро чӣ хел қабул мекарда бошад? Хоҳ-нохоҳ ин суол дар зеҳни ҳар яке чарх мезанад ва ҳар бор дидаему мушоҳида кардаему боварӣ ҳосил кардаем: мардуми одӣ, мардуми софдилу бекини кӯҳистон Сарвари давлатро меҳрубонона, сидқану самимона истиқбол гирифтанду боз аз сари сидқ гуселаш намуданд. Аммо як чизро ҳангоми гусели Пешвои миллат пайхас кардам. Ин мардум мехост, ки Президенти маҳбуби кишвар имрӯз наравад, пагоҳ ҳам наравад... чанд рӯзи дигар меҳмони кӯҳистониён бошад. Вақти гусели муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос кардам, ки мардуми одӣ рафтанашро намехост, агар гусел карда бошад ҳам, бо дили кашол гусел карданд ва ҳамин як чиз яқин шуд: мардуми кӯҳистони мо ба ин абармард бе ягон муболиғаю муҳобот эҳтироми бузург, меҳри сидқиву самимӣ доранд, ки онро наметавон бо қаламу сухан ифода кард.
Халқи одӣ - оммаи бузург ин марди бузургро инсонвор на танҳо ҳурмат мекунанд, балки дӯст медоранд, бале, такрор мекунам, ки дӯст медоранд. Чӣ тавр холаи Холбӣ модарона, самимона, софдилона, ҳатто кӯдакона бо Президенти мамлакат ҳарф зад: ҳарфҳои пур аз муҳаббати модарона, ҳарфҳои холисона, самимона...Бо чӣ қадар ҳурмату эҳтиром Пешвоми миллат бо табассум ба суханони холаи Холбӣ гӯш медоданд, чун ба модар иззату икромашро ба ҷо меоварданд...Инро фақат оҷизу нобино надид...Оне, ки бо ду чашми сар тамошо кард, худ хоҳ - нохоҳ иқрор мекунад, ки ҳамин тавр буд...Ин қадар муҳаббату самимиятро Худованди олам ба ин Инсони баргузидааш ато кардааст...
Ё зимни вохӯрӣ қисмате аз мардум гуфтугӯи мароқовару шавқангези Роҳбари кишварро бо ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” Сафина Имматшоева - хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Шуғнон худ шоҳиданд. Аксари мардум ин лаҳзаро аз шабакаҳои телевизиони маҳаллию ҷумҳуриявӣ тамошо карданд. Пешвои миллат меҳрубононаву самимона аз духтарак хостанд, то хоҳишу мақсадашро бигӯяд. Сафина, бе он ки худашро дар ҳузури Сарвари давлат гум кунад, ё забонаш лакнат гирад, озодона ва равону дилсофона гап заданд. Пешвои миллат духтаракро падарона ҳидоят намуданд ва супориш доданд, ки духтараки соҳибистеъдод ҳаматарафа дастгирӣ ёбад.
Боз як чиз зимни сафари Сарвари давлат ба назар расид. Дар ҳузури Президенти мамлакат касе худашро гум намекунад, хурд бошад ё бузург, дар назди ин шахсияти бузург худро озод ҳис мекунанд ва бехатову равон муддаояшро мегӯянд. Ин худ гувоҳи меҳрубону самимӣ, вораставу озодамард, бовиқору батамкин будани Президенти хирадманди кишвар аст.
Имрӯз мардуми тоҷик на танҳо ба Пешвои муаззами худ ҳурмату эҳтиром мегузорад, балки ӯро дӯст медоранд, чун падар дӯст медоранд, чун бародар дӯст медоранд, чун Роҳбари оқилу хирадманду меҳрубон дӯст медоранд.


Ҷангибеки Улфатшоҳ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: