Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар шаҳри Хоруғ Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Хоруғ Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ ба истифода дода шуд

18-09-2023, 09:28
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Хоруғ Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Хоруғ бинои хуштарҳу замонавии Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин паноҳгоҳ дар ҳавлии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, дар сурати рух додани ягон офати табиӣ кормандони ин ниҳоди давлатӣ метавонанд дар зудтарин фурсат ба осебдидагон кумаки фаврӣ расонанд. Бинои зебову муҷаҳҳаз дорои тамоми имконоти зарурӣ буда, дар доираи Барномаи мусоидат ба пойдории сулҳу субот тавассути инфрасохтори зарурии маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур дорои ду ҳуҷраи васеи хоб аст, ки яке аз ҳуҷраҳо барои 40 мард ва ҳуҷраи дуюм барои 40 зан пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин бино синфхонаи таълимӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммоми мардонаю занона, анборхона мавҷуд мебошанд, ки мутобиқ ба замони муосир сохта шудаанд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни ифтитоҳи паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ изҳор дошт, ки «иншоот дар доираи дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд бунёд гардид. Шаҳри Хоруғ дар баробари ҳар гуна офати табиӣ осебпазир аст ва дар чанд соли охир бар асари тағйирёбии иқлим чунин офатҳо дар фаслҳои зимистону баҳор зуд-зуд рух медиҳанд. Ҳангоми тармафароӣ ва ё дигар офатҳои табиӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ умдатан бо ду мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад: яке бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дуюм- пайдо намудани паногоҳҳои муносиб барои зарардидагон, ки дар байнашон кӯдакону куҳансолон ва маъюбон низ дучор омада, ба хизматрасонии хос ниёз доранд».

Бояд гуфт, ки дар дохили бино ҳаммому ташноб, ҳуҷраи истироҳат вуҷуд дорад ва ниёз нест, ки онҳо ба берун бароянд. Илова бар ин дар анборхонаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят ғизои кофӣ захира шудааст ва осебдидагони эҳтимолӣ се вақт бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ аз моҳи августи соли гузашта шуруъ шуда, бунёди онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дамир» ба зимма дошт. Дар бунёди бино 30 нафар сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд. Барои корҳои бунёдӣ ва таҷҳизонидани иншоот 2,5 миллион сомонӣ сарф гардида, бинокорон дар муддати як сол онро бо сифати хуб ба истифода супурданд.

Раиси шаҳри Хоруғ гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ сохтмони беш аз 200 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон таҳкурсии як қисми ин биноҳо гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: