Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Истиқлол ва неруи созандаи Пешво

Истиқлол ва неруи созандаи Пешво

7-09-2023, 17:14
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
  Истиқлол ва неруи созандаи Пешво
Истиқлоли Тоҷикистон бо иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба осонӣ расмият пайдо кард. Аммо маънову рисолати ҳақиқиву воқеии худро пайдо кардани Истиқлол ва дарёфти озодии милливу сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаи мушкилоти хорошикан ва фоҷеаҳои хунин рӯ ба рӯ омад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷомеаи Тоҷикистонро дар таъйиди сарнавишти хеш дар кӯчаи бунбасте қарор дод. Гурӯҳҳои қудратталаби мутаассиб бо ишораву пуштибонии сарпарастони хориҷии худ ҳама василаҳои нангинро ба кор гирифтанд, ки дар миёни фарзандони як миллат оташи нифоқу бадбинӣ ва бародаркуширо аланга диҳанд.
Мушкилиҳои печ дар печи сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва мафкуравӣ, ки роҳи ҳаллашон пайдо набуд, поягузории Истиқлоли тоҷиконро зери суол бурд. Неруи бузурге лозим буд, ки ҷомеаи пошхӯрда ва сангарнишастаро ба як ҷамъияти муттаҳиди созанда, огоҳу бедор ва соҳиббасират дар шинохти манфиатҳои миллии худ табдил диҳад.
Истеъдоди фавқулода ва ақли дарроку дурбине мебоист, ки бо чашмандози пурвусъати таърихӣ ва замонӣ, бо огоҳии комил бар зиндагӣ, тафаккур ва хосторҳои табақаҳои иҷтимоӣ, бахусус, мардуми заҳматкаш ва маърифати саҳеҳи вазъияти куллан нави геополитикии ҷаҳон назариёти нави давлатдориро матраҳ ва роҳандозӣ намояд.
Офаринанда ва ҳалқкунандаи ин назариёти зиндагибахш Роҳбари навқирони тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ин назариёти Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста қавитару нерумандтар мақбули хосу ом ва кишварҳову созмонҳои қудратманди ҷаҳонӣ мегардид, ҳама заминаҳои бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро фароҳам овард.
Решаву асос ва ҷавҳари назариёти нави давлатдории миллии Президент озодии инсон, озодии миллат, худогоҳии миллӣ ва таърихии ҷомеа, бузургдошти арзишҳо ва суннатҳои миллӣ буд, ки дар зеҳну шуури ҷомеа инқилобе барангехт ва пояҳои ҷаҳоншинохтии нави давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро устувор намуд.
Ба бахти миллати тоҷик мардум абармардеро ба роҳбарӣ баргузиданд, ки афзун бар истеъдоди нодири давлатдорӣ саропои вуҷудаш бо эҳсоси муқаддаси меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва халқпарварӣ ороста ва аз ҷамеи тасмиму ибтикорҳои ӯ дурахши ормонҳои миллии тоҷикон падидор буд. Достони рӯзгор ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвоқеъ, ҳамосаи бузурги эҳё ва таҷаддуди миллати куҳанбунёди тоҷик дар оғози ҳазорсолаи сеюми мелодӣ маҳсуб мешавад.
Барои камина, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ фаъолият кардаам, шахсияти Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша намунаи ибрат ва оинаи пайравӣ буд. Теъдоди зиёде аз ҳамсафони мо дар ин мактаби бузурги роҳбарӣ сабақҳои бебаҳо андӯхтем, ки чароғи раҳнамои фаъолияту зиндагӣ буд. Барҳақ, тамоми дастовардҳои мо дар ин масир ба шарофати таҳсил дар ин мактаби бузурги сарварӣ аст.
Гоҳо ба худ фикр мекунам, ки чӣ фазилатҳои барҷастаеро инсон бояд соҳиб бошад, ки то бад-ин поя бирасад. Вақте перомуни корномаҳои сарнавиштсози Пешвои муаззам андеша меронам, вижагиҳое дар симо ва сирати эшон мебинам, ки танҳо хоси теъдоди ангуштшуморе аз бузургон аст:

Пешвои мо ба боварҳои худашон имони росих доранд
Пешвои миллат бо эътимоди комил ба Ҳақ, ба халқ ва ба худ ба қадамҳои гузоштаи худашон дар ҷодаи сиёсат собиту устуворанд, ҳеҷ гоҳ ба мавқеъ ва тасмимҳои худ заррае шакку тардидро роҳ надодаанд ва пешорӯйи таҳдиде, ки паёмади он барои миллат ва давлат хатар дорад, ҳамеша ҷон дар кафи даст ба майдони муборизаҳо баромадаанд. Президент дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлат ва миллатро ба манфиатҳои дигар, хосса бар манфиатҳои худ тарҷеҳ ниҳода, ба ҳамсафону пайравони худ ангеза ва илҳоми азим мебахшанд. Аз интихоботи нахустин, Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар мураккабтарин марҳала зимоми давлатдорӣ ба зиммаи Пешвои муаззами миллат вогузор шуд, Ҷаноби Олӣ ягона роҳи саҳеҳ, ки миллатро аз вартаи заволу нобудӣ наҷот медод ва ояндаи рушди онро муайян мекард, интихоб намуданд. Дар заминаи як давлати фалаҷшуда, ки идеологияи воҳид надошт, давлати нави соҳибистиқлол таъсис ёфт, ки ғояҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бо тамоюли миллӣ пайгирӣ мекард. Баъд аз солҳои тӯлонии талошу ҷонфидоиҳо собит шуд, ки ин роҳ ягона роҳи наҷоти давлат ва миллат буд, ки барои рушди бесобиқаи он заминаҳои устувор гузошт.

Интихобҳои бузург, ояндасоз ва мондагори Президент
Дар тамоми тасмимҳои худ ҳамеша корҳои бузург ва таъсиргузорро интихоб мекунанд. Бузургтарин интихоби Ҷаноби Олӣ азхудгузаштагист, ки ҳадафи он беҳбуд бахшидан ба зиндагии дигарон аст.
Чун таърихи Тоҷикистони Шуравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар тарозуи муқоиса баркашем, ба назар мерасад, ки бузургтарин тарҳҳое, ки дар даврони Шуравӣ бо ҳама иқтидори мавҷудаи ин давлати абарқудрат амалӣ нашуд, дар замони Истиқлол ба шарофати роҳбарӣ ва корсозиҳои оқилонаву пайгиронаи Пешвои миллат ба беҳтарин ваҷҳҳо ба сомон расиданд. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқии аср: Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, силсилаи нақбҳо, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки дар мураккабтарин давраи ташаккули давлатдории нав қомат афрохтанд, танҳо интихоби шахсе буда метавонист, ки дорои истеъдоди ҷибиллӣ ва дили бузург аст.

Дорои як чашмандози возеҳ ва рӯшан
Роҳбари бузурги мо чашмандози рӯшане доранд, шуҷоанд, садоқат, фурӯтанӣ ва афкори рӯшану возеҳ аз вижагиҳои хоси сиришти ин тоҷики оламшумул аст. Дар ҳалли масъалаҳои мураккаби байналмилалӣ ва дохилӣ нақши барозанда доранд ва ба ҳайси як барномарези стратегӣ дар ақсои олам эътироф шудаанд.
Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, муҳимтарин масъалаҳоеро, ки ба раванди сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор аст, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ба миён гузоштани масъалаи мушкилоти оби нӯшиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯз аз ҷумлаи проблемаҳои доғ ва калидии ҳастии бани башар аст, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои нерумандро ба ин масоил ҷалб намуда, боиси таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои фаромиллие гардиданд, ки наҷоти миллионҳо нафар сокинони сайёраро дар ҳадаф дорад.
Инчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, даъват барои расидагӣ ба қазияи пурмоҷарои Афғонистон, ки бар асари саҳлангорӣ ва ғаразҷӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳоди кишварҳои исломию минтақавӣ имрӯз ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид дорад, далели чашмандози возеҳи Президент ба воқеияти буғранҷ ва печидаву мураккаби байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Зиндагии шоистаи мардум, беҳтару хубтар шудани вазъи иҷтимоии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат қарор дошта, боло бардоштани мақоми занон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва дар маҷмуъ, оиларо, ки дар бунёд ва рушди ҷомеаи нав нақши бунёдӣ доранд, дар заминаи қабули барномаҳои давлатӣ ҳамеша пайгирӣ менамоянд.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки барои Роҳбари давлат шудан бархӯрдор будан аз вижагиҳои шахсӣ барои як фард кофӣ нест. Роҳбар бояд як фарди бисёр масъулиятпазир бошад. Президент сиёсатмадоре аз навъи хос аст, сиёсатмадоре, ки зиндагии миллионҳо нафар ба тасмимҳои ӯ бастагӣ дорад. Бояд набзи замон ва набзи мардумро дарк ва эҳсос кард. Пешвои мо, ки аз коргари одӣ то ба мақоми олии роҳбарӣ бо заҳмати хастагинопазир ва садоқати бепоён ба марзу буми аҷдодӣ роҳҳои пурпечутобро тай намудаанд, беш аз ҳар нафаре дар шинохту идроки набзи ҷомеа, набзи замон ва набзи ҷаҳон басират доранд.
Президенти маҳбуби мо аз зумраи роҳбарони ангуштшуморанд, ки сарварии як давлати муфлис ва фалаҷшударо бо камоли ҷасорат ба зимма гирифта, бо хидматҳои бузурги таърихӣ ба як кишвари пешрафта табдил ёфтани Ватани азизи мо нақши ҷовидона мегузоранд. Ба шарофати ҷоннисориҳо ва азхудгузаштанҳои Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз кишварҳои рӯ ба рушд бо амният ва фазои ороми сиёсиву иҷтимоӣ маъруфият дорад.
Аммо на ҳама ва на ҳамеша дарк мекунанд, ки Роҳбари давлат як мақоми ифтихорӣ нест, балки рисолатест басо сангину хорошикан, ки аз инсон дар ҳама ҳолат фавқулода буданро тақозо дорад, зеро масъулияти буду набуд ва сарнавишти мулку миллат бар дӯши ӯст. Ҳар фард наметавонад чунин бори сангинро рӯйи шонаҳои худ бардорад. Президент на танҳо роҳбари як давлат, балки кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фазои ороми сиёсӣ, рушди иқтисод, соҳаҳои иҷтимоӣ, масъули фаъолияти бонизоми сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар аст.
Бо вуҷуди иддаои ғаразнок ва дурӯғину иғвоангези бадхоҳони миллат, ки манфиатҳои гурӯҳии худро фарози манофеи миллӣ мегузоранд, чун офтоб рӯшан аст, ки Роҳбари раҳнамои мо дар маслаки сарварӣ ва ҷамеи фазилатҳои хуҷастаи худ, ки ёд кардем, хеле муваффақ ва беназиранд. Дар ҳоли зарурат ба таҳдидҳои замони муосир, ки чӣ аз хориҷ ва чӣ аз дохил мехостанд бо ноором сохтани вазъи кишвар, онро ба вартаи нобудӣ кашанд, ҷавонмардона мубориза мебаранд. Ба хотири фазои ором ва суботи сиёсии кишвар, ба неруҳои мухолифу муқобили миллат, ки бо таҳрики кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор ба таври пинҳониву ошкоро саддҳо мегузоштанд, дасти оштӣ дароз намуданд ва ба кишвари азияткашидаи мо паёми сулҳу ваҳдатро оварданд.
Вале гурӯҳҳои иртиҷоӣ қадри ин неъмат, ҳаёти осоишта дар фазои амну озодро надонистанд ва ба хотири расидан ба қудрат ба пиёда кардани ғояҳои мутаассибонаи худ идома доданд, ки ба туфайли тадбирҷӯиҳои оқилона ва ҷасуронаи Президент ин хатари офатбор аз миён бардошта шуд.
Халқи тоҷик, тоҷикони ҷаҳон ва сиёсатмадорони барҷастаи муосир бидуни шакку тардид иқрор шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти истисноӣ ва қаҳрамони миллист. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ барои миллати мо хидматҳои мондагор карда, миллатро аз парешониву нобудӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои устувори давлатдорӣ эҳё гардида, нахустин Конститутсия, ки кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст, аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шуд. Арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу таърихӣ ва мазҳабии ҷомеа ба суннат табдил ёфт, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти ғизоӣ таъмин шуд. Имрӯз мо дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона зиндагӣ дорем ва ҳамчунон, ки Пешвои миллат ҳидоят карданд, бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз низ теъдоде аз шаҳрвандони мо, ки ба шарофати амнияти ҷамъӣ ва фароҳам будани ҳуқуқу озодиҳои фард дар ҷомеа, рақобати баробар дар тиҷорат ва шароити мусоид барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар кишвари азизамон ба ҳайси шахсони муваффақ шинохта шудаанд, ба иштибоҳҳои ҷиддӣ, ки паёмадаш метавонад хиёнат ба миллату давлат бошад ва оташи нифоқро барангезад, роҳ медиҳанд. Аз ҷумла, гоҳу ногоҳ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллот, сомонаҳои иҷтимоӣ ва китобу китобчаҳо матолиби иғвоангезе пахш ва нашр намуда, мехоҳанд сару савдое эҷод намоянд, вале ҳадафи аслии онҳо ба ҷуз коштани тухми адовату бадбинӣ, ки решаи ҳама бадбахтиҳост, дигар чизе нест.
Чунин тоифа бе ҳеҷ шакку шубҳа душманони хонагианд, ки аз нону намаки халқ сармоя андӯхтаанд, бо истифода аз имконоту заминаҳое, ки Роҳбари давлат муҳайё кардаанд, молу мулки ҳангуфт ба даст овардаанд ва акнун ба кӯрпаи хеш нигоҳ накарда, пой дароз мекунанд. Мардум дуруст фармудаанд, ки фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад. Ин кирдори нангин на фақат паёмади кӯтоҳандешиву носипосист, балки об рехтан ба осиёби душманони миллати тоҷик аст. Яке аз чунин таълифот китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и соҳибкор Абдухалил Холиқзода мебошад, ки чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу мунозара гардид. Дар назари аввал навиштани хотираву ёддошт, бардошт аз сабақи зиндагӣ кори ҳар рӯзгордидаву таҷрибаандӯхта аст ва он бояд бидуни ғараз, бо бардошти оқилона аз сабақи рӯзгор, бе таҳмили иҷбории андешаву хулосаҳои субъективонаи худ ба сари хонанда таълиф шавад. Вале, мутаассифона, ин муаллифи “ҳамадон” ба бисёре аз масоилу ҷурмҳои ҷузъии дар рӯзгор ҷойдошта “ҳалномаи якрӯяи хешро” бароварда, ҷомеа ва болотар аз он миллату давлатро гунаҳкор кардааст.
Таҳлилу ташхиси комили андешаҳои ин муаллиф кори мақомоту марказҳои дахлдор аст, мо танҳо чанд андеша ва ё хулосаи ӯро, ки бағоят муғризона аст, мисол меоварем. Аз ҷумла, ӯ менависад: “Яке аз сабабҳои асосии харҷу марҷ дар кишвар парокандагии миллат аст, давлат гӯё ин мушкилро дарк карда, шиорҳоеро аз қабили “Ваҳдат асоси субот аст” ва амсоли инҳо рӯйи даст гирифтааст. Вале дар асли ҳол ваҳдати миллӣ танҳо бо ҳамин шиорҳо хатм мешавад ва ба воқеият табдил нашудааст” (саҳ. 46). Ҳол он, ки раванди сулҳу оштӣ ва фарҳанги ваҳдатофарии кишвари соҳибистиқлоли тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабул қарор гирифтааст.
Ваҳдати миллӣ асоси ҳастӣ ва пешрафтҳои азиму ифтихорангези Тоҷикистони кунунӣ аст, ки бузургтарин дастоварди давлатдории Президент ва миллати тоҷик аст, дастоварде, ки ба мардуми бостонӣ ва ҷафодидаву азияткашидаи тоҷик умри дубораи таърихӣ бахшид. Таассуб дар маҳаллу минтақа ва қавмияту қабилаҳои сокини мамлакат як амали огоҳонаи тафриқаангези душманони миллати мо мебошад. Онҳо донистанд, ки то ваҳдати миллӣ дар ҷомеа побарҷост, ҳеҷ газанде ба давлати тозаистиқлоли мо нахоҳад расид. Барои нифоқангезиву иғвогарӣ ин муғризони каҷбину каҷният, ки афроди ноогоҳу камогоҳи ҷомеаро ҳадафи тири худ қарор додаанд, аз ҳеҷ роҳу воситае рӯ намегардонанд. Муаллифи ин китоб ҳам яке аз онҳоест, ки чун “шиорзанҳои адолатхоҳ”-и ибтидои солҳои навадуми асри гузашта (онҳое, ки Тоҷикистонро ба коми офату бало кашида буданд) бо шиорзаниҳои авомфиребона хонандаро гӯл задан ва дар ниҳоди оташи кинаситезии маҳалливу қавмиро афрӯхтан мехоҳад. Ҳаққо, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.
Бар замми ин, роҳи ягонае, ки имрӯз амният, оромиш ва пешрафти Ватани азизи моро фароҳам меоварад, пайравии комил аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми кишварро муттаҳид ва ваҳдати миллиро устувор намуд. Танҳо ваҳдати миллӣ, ки ҷавҳар ва дарунмояи сиёсати Президенти муҳтарами мамлакати мост, фақат иттиҳоди мо дар партави ин сиёсати ҳаётбахш кафили сарсабзиҳои ҳамешагии Тоҷикистони азизи мост.
Ҳар нафаре бо нияти хайр ва дилу дидаи бедор, ки ба миллату меҳани худ муҳаббати садоқат дорад, бешак, пайраву муборизи сиёсати ҳаётофарини ваҳдати миллӣ хоҳад буд, ки хушбахтона, аксарияти ҷомеаи моро фароҳам меоваранд ва сипари боэътимоде мебошанд, ки пеши роҳи тирҳои заҳрогини иғвогарони хонагиву аҷнабиро хоҳанд баст.
Муаллифи китоб ҳамчун “қозии давр” ба ҳама камбудию норасоиҳои ҷузъиву фаръӣ ва ё аз тарафи шахсони алоҳида бавуқуъомада, ки дар роҳи пешрафти ҷомеа дар баробари дастовардҳои сарнавиштсоз ногузиранд, давлату миллат, низоми идоракуниро гунаҳгор медонад. Дар бахши “Соҳибкорӣ”-и китоб (саҳ.96-100) дар заминаи чанд ҳодисаи кӯчак хулосаи қатъӣ бароварда менависад, ки имрӯз ҷомеаи мо ва низоми иқтисодӣ аз он фарҳанги сармоядорӣ фарсахҳо фосила дорад”. Муаллиф, ки худ соҳибкор аст, хуб медонад, ки фарҳанги сармоядорӣ ва низоми имрӯзаи иқтисодии кишвари мо ҳамагӣ таърихи беш аз бистсола дорад. Вале, Роҳбари давлат тавассути таҷаддуди оқилонаи низоми идорӣ ва қонунгузории мамлакат дар ин муддати кӯтоҳ ба ӯ ва ӯ барин соҳибкорон имконият фароҳам оварданд, ки фаъолият намоянд ва соҳиби сарвату дороиҳои зиёд гарданд.
Ин рафтори дур аз ахлоқу ҷавонмардӣ ба теъдоде аз бадхоҳони миллат, ки дар бағал санги кинаситезиро пинҳон кардаанд, имкон медиҳад, ки бори дигар номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба чолиш кашанд. Оё ин носипосӣ ба Ватан, миллат ва ҷоннисориҳои Роҳбари муаззами давлат нест, ки фазои мусоидро барои рушду пешравии тамоми ҷомеа, бахусус соҳибкориву тиҷорат муҳайё намудаанд?
Чунин хӯрдагириҳо, айбномаҳо, нодида гирифтани дастовардҳои замони истиқлол қариб дар ҳар як бахши китоби ин соҳибкор мушоҳида мешавад. Худи муаллиф мақсади таълифи китобашро дар он мебинад, ки “натавонистааст ба тақдири миллату кишвараш бетафовут бошад” (саҳ. 283). Аммо ӯ бехабар аз он аст, ки таълифи муғризона, нуқсҷӯйӣ, дар симои як ё чанд нафар баҳо додан ба миллату халқ, ё мардуми минтақа омили пешравӣ ва рушди кишвар намегардад, баръакс боиси парокандагию нооромӣ ва тафриқаандозӣ хоҳад гашт.
“Магар бетафовут набудан ба тақдири миллату давлат” аз таги нохун чирк кофтан, иғво барангехтан, мардумро ба муқобили ҳам шӯронидан, қавмеву маҳаллеро носазо гуфтану таҳқир кардан ва коштани тухми кинаву адоват дар миёни мардум аст? Мардуме, ки баъд аз ҳазор сол давлатдории худро эҳё намуд!

Алҳазар, аз ин “ғамхорону дилсӯзон”-и давлату миллат!
Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохил ва хориҷи кишвар, ки самараи корсозӣ ва корномаҳои тақдирсози Пешвои миллат аст, чунонки офтобро бо доман пӯшонда намешавад, аз касе пинҳон нест. Ҳамчунон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, дар роҳи бунёд ва пешрафти давлатдорӣ мушкилоту норасоиҳо ҳамеша мавҷуданд, ки бояд бо заҳмати аҳлона, бо ҳусни иродат ба ҳамдигар ва ҳадафҳои муқаддасу ормонии мардум, бо тарҷеҳ ниҳодани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бартараф намоем. Дар ин ҷодаи бемисли созандагиҳо бояд ба неруи бозуву ақлу заковати худ, ба иттиҳоду ваҳдати ҷомеа такя кунем. Ҳеҷ касе аз берун ватани моро обод нахоҳад кард. Ин ҳидоят низ чун ҷамеи пайкорҳои ояндасоз ва фардоафрӯзи Пешвои муаззами миллат панди бузургест, ки ҳамагон ба гӯши ҷон бояд бишнаванд ва ба шохи дарахти танаворе, ки дар он парвариш ёфтаву ошён ниҳодаанд, табар назананд.
Хайриниссо ЮСУФӢ,
муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: