Таърихи башарият собит намудааст, ки агар тасмиму хостаҳои инсон созанда аст, андешаҳояш ўро ҳатман ба анҷом додани корҳои бузург ҳидоят хоҳад кард.
Ин гуна инсонҳо дар меҳвари корҳои созанда қарор мегиранд ва барои амалӣ намудани иқдомҳои нек дар ҷомеа замина фароҳам меоранд, ҳамеша рисолати раҳнамоӣ доранд.
Ҳамсуҳбати мо аз зумраи ҳамингуна ашхос аст, ки бо вуҷуди ҳанўз ҷавон будан умри худро дар масири ободӣ ва бунёдкорӣ сарф намудааст. Ин шахс сиёсатмадор, олима, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, ки қадамҳои нахустини худро дар роҳи пуршарафи илм гузошта, дар пажўҳиши вижагиҳои саноати сабук ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Расидан ба унвони узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор кори саҳлу содда нест ва заҳмату талошҳои фидокоронаро талаб менамояд. Бо муаллимаи гиромӣ дар остонаи таҷлили солгарди 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ суҳбате доштем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
- Муҳтарама Дилрабо Мансурӣ тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар давраи таътили парлумони касбӣ соли равон роҳбарият ва аксари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат бо мардум силсилаи мулоқотҳо анҷом доданд. Ин тадбир кадом ҳадафҳоро пайгирӣ мекард?
- Гумон мекунам рисолати аслии ҳар вакил нахуст дар байни мардум будан, огоҳӣ аз ниёзу хостаҳои онҳост. Чун вакил намояндаи мардум аст, аз ҷониби мардум интихоб мешавад, бояд қабл аз ҳама фаъолияташро барои ҳифзи манфиатҳои ҷомеа роҳандозӣ намояд. Ҷомеаи мо имрўз дар марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад. Дар ин марҳила фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум, таъмини фазои орому осуда, ҳифзи манфиатҳои ҷомеа, арҷгузорӣ ба анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон қисми таркибии сиёсати давлат ва ҳукумат ба шумор меравад ва дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ нақши муҳим мебозад.
Дар таърихи ҳар давлат ва миллат санаҳои муҳим ва муқаддасе ҳастанд, ки ҷиҳати тағйироти куллӣ ва муайян намудани роҳи рушди минбаъдаи он замина гузоштаанд. Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи Истиқлоли давлатии кишвар аз зумраи онҳост. Саҳми ин анҷумани саодатофар пеш аз ҳама дар интихоби Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суннатҳои нави давлатдорӣ, сулҳу салоҳ дар ҷомеа хеле бузург аст. Доир ба нақши шахсиятҳои бузурги ҷаҳон, ки дар таҳаввулоти мусбии давлат ва миллати худ саҳми бориз гузоштаанд, борҳо навиштаанд. Пешво ва раҳнамои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ин шахсиятҳои бузурганд, ки воқеан ҳам дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ роҳбарии кишварро ба зимма гирифта, мисли чароғи раҳнамо роҳи миллати моро равшан сохтанд ва давлати тоҷиконро аз вартаи нестӣ наҷот доданд.
Аз ин хотир, мо вакилони халқ дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои раҳнамунсози Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, аҳамияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва Иҷлосияи таърихӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат мулоқотҳои судманд анҷом додем. Дар доираи ин мулоқотҳо бо шаҳрвандон суҳбатҳои озод доир гардид, ки зимни он пешниҳоду дархости мардум ба инобат гирифта шуд.
- Ба андешаи Шумо Иҷлосия чӣ таъсире дар ташаккулёбии парлумони касбии кишвар гузошт ва аз равзани имрўзи таърих ба Иҷлосия чӣ назар доред?
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 ноябри соли 2007 дар ҷашни 15 – солагии Иҷлосияи тақдирсоз таъкид доштанд: “Агар мо аз дидгоҳи имрўз ба рўйдоду ҳодисоти рўзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад”. Воқеан ҳам, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши баланди таърихӣ дошта, насли имрўзу ояндаро ба арҷ гузоштан ба дастовардҳои даврони истиқлол, ки барои рушду пешравии Ватани азизамон заминаҳои бунёдӣ ва устувор фароҳам овард, дўст доштани ҳар як ваҷаб замини ин мулки аҷдодӣ, ки нишони муқаддасе аз ниёгон аст, раҳнамоӣ мекунад.
Баргузории Иҷлосия дар шароити хеле мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ба сари қудрат омадани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарки иродаву масъулияти ҳам вакилон ва ҳам иштирокдорони иҷлосия, пайки муборак буд. Таърихнигорон, сиёсатмадорон, коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳамин маънӣ қоиланл, ки вакилони Иҷлосияи таърихӣ дар интихоби роҳбари дурандеш, хирадманду адолатгустар воқеан ҳам иштибоҳ накарданд ва миллати тоҷик, ки сӣ сол қабл дар ҳолати нигаронӣ ва яъсу ноумедӣ қарор дошт, таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ, ба манзили мақсуд расид. Ин сорбони роҳи адолату ҳамбастагии миллӣ натанҳо ба ҷангу хунрезӣ хотима гузошт, балки хатари аз байн рафтани давлати тоҷиконро дар такя ба неруи созандаи халқ рафъ намуд.
Маҳз масъулияти бузург дар назди халқу миллат, фикрронии тоза, ҷасорати фавқулода, дониши баланди сиёсӣ, огоҳ будан аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама дили чун оина софи Сарвари ҷавони тоҷикон ба зовияи дид ва афкори вакилони Иҷлосия таъсири мусбӣ расонд ва онҳоро ҳидоят намуд, ки аз манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ даст кашида, якдилона барои рушду инкишофи кишвар талош намоянд. Ин иҷлосия сабақи нодирест, ки онро метавон солҳои сол омўхт. Иҷлосия бори дигар муттаҳидии афкор, иродаи қавии вакилон ва воқеан ҳам намояндаи халқ будани онҳоро собит намуд. Иҷлосияи мазкур аз иҷлосияҳои боровартарин дар саҳифаи палумонии мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро Иҷлосия ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон манфиат ва вижагиҳои соҳибихтиёрии давлатро дарк намуда, бо назардошти баробарҳуқуқии тамоми миллату халқҳо ва минтақаҳои кишвар 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва таъсиси инфрасохторҳои ҷадиди давлатӣ моро ба сўйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят намуд. Инчунин, бобати ҳалли маҷмўи мушкилоти ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як тараф салоҳияту ваколати қонунии иҷлосияро собит менамуданд, аз ҷониби дигар, санадҳои ба тасвиб расида ба ҳайси як барномаи мукаммал, рушди давлат ва ҷомеаро таъмин мекарданд. Дар чунин марҳилаи мураккаби тарихӣ, қабули чунин санадҳо самтҳои асосӣ ва муҳими рушди кишварро муайян ва аз вартаи хушунату низоъ раҳо додани он заминаи устувор гузоштанд.
- Муаллимаи гиромӣ, лутфан мехостам дар радифи гуфтаҳои боло назари худро дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баён намоед. Оё ин иқдом дар рушду пешравии давлат ва ҷомеа чӣ нақши муассире дошт?
- Шумо дуруст таъкид намудед, ки бо тасмимҳои бевоситаи Роҳбари давлат, тақдири зан-модар дар меҳвари асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» чандин монеаву мушкилиҳои бонувони тоҷикро аз байн бурд. Имрўз соҳае нест, ки дар рушди он бонувони тоҷик саҳми назаррас надошта бошанд.
Нақши занон дар роҳбарии вазорату идораҳо, рушди соҳаҳои иқтисоду бонкдорӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва аз ҳама муҳим дар таҳкими пояҳои оила ва тарбияи насли нав хеле муассир ва назаррас аст. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 дарсад ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 дарсад интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта тақрибан 4 дарсад зиёд аст. Теъдоди занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 дарсад, вилоятҳои Хатлон 35 дарсад, Суғд беш аз 33 дарсад, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зиёда аз 34 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 дарсад расидааст.
Пешвои миллат ҳанўз дар саргаҳи фаъолияти босамари хеш бо назардошти зоҳир намудани таваҷҷўҳи доимӣ ба бонувон Квотаи Президентиро таъсис доданд, ки ин тадбир барои бо таҳсил ва кор фаро гирифтани садҳо нафар бонувону хоҳарони мо, ба вазифаҳои масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо, заминаи мусоид фароҳам овард. Гузашта аз ин, ба хотири ҷалби бештари бонувони соҳибистеъдод дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, мисли озмуни ҳамасолаи «Фараҳ» грантҳои махсус таъсис дода шудааст, ки заминаҳои устувори баробарҳуқуқи занонро дар ҷомеа фароҳам меорад. Бонувон беш аз 50 дарсади ҷамъияти кишвари моро ташкил медиҳанд ва бидуни иштироки фаъоли онҳо бунёди як давлати пешрафта ва мутамаддин имкон надорад.
-Чун аз ғамхорию таваҷҷуҳ сухан, рафт мехостам донам, ки чӣ мушкилиҳо имрўз садди роҳи рушди бемайлони неруи зеҳниву фитрӣ ва малакаи роҳбарии занон мегардад.
-Яке аз мушкилиҳое, ки пешорўи ҷамъияти имрўза қарор дорад, ин каммаърифатии ҷавонон нисбат ба суннатҳои оиладорӣ мебошад. Дар натиҷа ин гуна бархурд сол аз сол фурўпошии оилаҳо, бекор шудани ақди никоҳ афзоиш меёбад. Таҷрибаи рўзгор, мушоҳидаҳо ва андешаҳо собит месозанд, ки нокифоягии маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва ахлоқии қисми ҷавонон, бефарзандӣ, бад будани шароит ва таъминоти иқтисодӣ дар оила, номуътадилии муносибатҳои оилавӣ, муддати тўлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падарону модарон, ба нашъамандӣ ё майзадагӣ гирифтор шудан ё ба муҳлати тўлонӣ аз озодӣ маҳрум гардидани яке аз ҳамсарон, ҳукмрон будани хурофот дар оила паёмадҳои нохуш дорад.
Гузашта аз ин суннатҳои оиладорӣ дар ҷомеаи мо бо назардошти арзишҳои миллӣ тўли садсолаҳо суфта ва қолабрезӣ шудаанд. Вале боиси таассуф аст, ки навовариҳои сунъии ҷаҳони ғарб ва одатҳои мутаассиби кишварҳои шарқ, ки дар аввалӣ масъулияти зан эҳсос намешавад ва дар дувумӣ ҳуқуқи зан помол мегардад, ба суннатҳои санияи оиладории мо рахна задаанд. Пайравии кўр- кўронаи ҷавонони мо аз ин арзишҳои бегона, пояҳои устувори оиладории миллиро заиф месозад.
Мо бояд ба ин масъала ҷиддан бархурд намоем. Дар баробари заиф шудани суннатҳои оиладорӣ дар кишварҳои ғарб ва ҳанўз аз асорати асримиёнагӣ раҳо нашудани оини хурофотии оиладорӣ дар баъзе кишварҳои Осиёӣ, сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар самти устувории оила, дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон ва ҳифзу эҳёи суннатҳои ниёгон ба мо имкон медиҳад, ки заминаҳои устувори оиладориро дар ҷомеа, бунёд гузорем.
Мо бояд барои аз байн бурдани ин мушкилот талош намоем, то фарҳанги оиладории миллиро бо суннатҳои беҳтаринаш эҳё намоем.
Барои рафъи ин мушкилот ба андешаи ман, ҷалби пирони соҳибтаҷрибаву рўзгордида, аҳли зиё, омўзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муассир хоҳад буд. Волидон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи фарзандони худ, беш аз ҳарвақта, эътибори ҷиддӣ диҳанд, маърифати оиладорӣ, маданияту одоби муошират омўзонанд, то пояҳои устувори оиладорӣ, ки замонати рушди ҷомеа аст, тақвият ёбад.
- Дар парлумони кишвар масъалаи ҳатмии бастани аҳдномаи никоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Андешаи Шумо дар ин бора.
- Ин иқдом боиси дастгирист. Зеро мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳангоми қатъ гардидани ақди никоҳ бештари заҳмату бори гарони зиндагӣ аз ҷумла тарбияи фарзанд ба зимаи зан вогузор мешавад. Мувофиқи ҳалномаи суд зан ҳуқуқи маскуншавиро дорад. Аммо воқеияти рўз нишон медиҳад, ки аксари занони соҳибмулкшуда дар хонаводаи шавҳар мавриди таҳдид ва хушунат қарор мегиранд. Ҳукми қонунӣ гирифтани шартномаи ақди никоҳ барои баробарҳуқуқии зану мард, ба танзим даровардани масъалаи молу мулки зану шавҳар, вазифа ва уҳдадории зану шавҳар дар масъалаи рўзгордорӣ ва тарбияи фарзанд ва дар ниҳояти кор барои вайрон нашудани оила омили муҳим аст.
-Дар фарҷоми суҳбат чӣ гуфтаниҳое доштед?
Имрўз ҷомеаи ҷаҳони дар вазъи мураккабе қарор дорад. Низоми устувори муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар давоми солҳо таҷриба ва танзим шудаанд, солҳои охир халал ёфтаанд.
Даргириҳои низомии ношӣ аз таҳримҳои (санксияҳо) мухталиф ва набудани итминон ба амният, риояи манфиатҳо ва ниёзҳои кишварҳои “баргузида”, ба бахши ҷудонопазири низоми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона давлатҳо, миллатҳо ва халқҳои ҷаҳон аз ин раванди сиёсӣ ва фоҷеаи иҷтимоӣ осеб дидаанд. Боризтарин паёмади таҳмили арзишҳои низоми нави ҷаҳон ин миллионҳо мардуми гурусна, овора ва ҳалокшуда аст. Эътироф шудани сиёсати неолиберализм дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, сари қудрат омадани созмонҳои мазҳабии террористӣ дар баъзе кишварҳои машриқзамин ва муқовимати кишварҳое, ки мехоҳанд пешорўи ин таҳдидҳо арзишҳои суннатии давлатдории худро ҳифз намоянд, вазъи ҷаҳонро аз ҳарвақта бештар ноором сохтааст.
Бубинед, имрўз кишварҳои пешрафтаи аврупо, бар асари низоъҳои геополитикӣ ва вобастагии энегетикӣ маҷбур шудаанд, ки ҳатто дар минтақаҳои бузурги саноатӣ неруи барқро хомуш ва интиқоли газу нафтро маҳдуд кунанд. Мо ин ҳолатро чанд сол қабл аз сар гузаронидем. Имрўз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, тўли чанд соли охир новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодӣ, дар кишвар силсилаи неругоҳҳои обии барқӣ бунёд шуданд, ки кишвари моро аз бунбасти энергетикӣ раҳо бахшид.
Бо назардошти ин таҳдиди хатарҳои замони муосир, моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муттаҳид гардида, барои таъмини фазои ороми кишвари азизамон, ки рушду пешравии онро замонат медиҳад, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, ки собиқа надоранд ва бо заҳматҳои зиёд ҳосил шудаанд ва таҳкими пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки баробарҳуқуқии тамоми табақаҳо ва зиндагии шоистаи мардумро фароҳам меорад, талош намоем.
Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пешорўи ин хатарҳо устувор бошем ва Ватани азиз – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сафороиҳои кишварҳои мутарақии ҷаҳон қарор диҳем...
Ташаккур барои як суҳбати пурмуҳтаво
Суҳбаторо Бахтиёр Ҳамдам