Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САМАРАҲОИ САОДАТОВАРИ ИСТИҚЛОЛ

САМАРАҲОИ САОДАТОВАРИ ИСТИҚЛОЛ

6-09-2023, 15:19
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
САМАРАҲОИ САОДАТОВАРИ ИСТИҚЛОЛ
Яке аз бузургтарин дастоварди он ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар саросари Тоҷикистон аст
Имсол ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ин давра иборат аз марҳилаҳои гуногун буда, ҳар марҳилаи он таърихи ибратомӯзеро доро мебошад. Яке аз бузургтарин дастоварди даврони истиқлол- ин ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақияти баъдӣ самараи он мебошанд. Аз ин лиҳоз вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мо аст, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти мамлакат ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем. Чунин иброз доштааст дар мақолаи худ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешкаш мешаванд.
— Агар мафҳуми истиқлолро аз дидгоҳи сиёсӣ таҳлил ва баррасӣ намоем, он рамзи соҳибихтиёрӣ ва ватандории миллати мутамаддин маҳсуб мешавад, ки дафтари сарнавишташро бо дасти хеш менависад. Яъне, ҳар кишвари соҳибистиқлол низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро бе дахолати берунӣ муайян ва ҳар тасмими хешро бо назардошти манфиатҳои миллиаш амалӣ менамояд.
Тавре маълум аст, баробари ба даст овардани истиқлолият дар мамлакат дар сатҳи давлатдорӣ бесарусомонӣ ва низову ноамниҳо ба миён омаданд. Дар натиҷаи муборизаҳои бехирадонаи сиёсӣ мамлакат ба вартаи ҷанги ҳамватанӣ кашида шуд. Ҳазорҳо шаҳрвандони давлати мо бар асари ин ҷанги хонумонсӯз ҷони худро бохтанд. Гурӯҳи зиёде гурезаву дар ба дар шуда, ҳатто нафарони зиёде аз мамлакат фирор намуданд. Ҳодисоти хунин тамоми аҳолии мамлакатро, сарфи назар аз минтақаву маҳал, мавқеи иҷтимоию сиёсӣ ва синну сол дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод. Бар асари ин воқеоти нангин мамлакат комилан хароб ва сатҳи зиндагии мардум ниҳоят коста гардид.
Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба Тоҷикистон роҳбари тавонои сиёсие зарур буд, ки дер нашуда, пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшад.
Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан сарнавишт дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек дошта, дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан буд. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохтанд ва дар ин роҳи пуршараф ва имтиҳони сангин баъд аз чанд соли аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳо муваффақ низ шуданд.
Сию ду сол барои бунёди давлати навини демократӣ, ки ба тафаккури иҷтимоӣ ва малакаи рафтори ҷамъиятӣ табдил ёфта бошад, вақти хеле кам аст. Ҳамчунин барои пешрафт намудан дар иқтисодиёте, ки комилан бар пояи низоми навин қарор бигирад, муҳлати кӯтоҳ аст. Аз ҷумла, барои Тоҷикистон, ки дар муддати қариб даҳ сол аз шароиту заминаҳои мусоиди тараққиву пешрафт маҳрум буд.
Вале, бо вуҷуди ин мушкилиҳо Ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба садри ҷумҳурӣ омадан дар он шароити мураккаби ҳарбию сиёсӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазир созмон додан ва таҳким бахшидани сохторҳои идориву низомии давлат, дар амри қобили ҳаёт нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Ҳанўз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намояд.
Дар марҳалае пас аз соли 1994 то татбиқи пурраи нуктаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне соли 2000-ум Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маҳдудияти молиявӣ нигоҳ накарда, сохтмони якчанд иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумлаи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди байналмилалии Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, истихроҷ ва ба истифода додани кони гази Хоҷасартез, бунёди Неругоҳи барқи обии Сангтӯда, Неругоҳи барқи обии Помир, нақби Анзоб ва даҳҳо дигар сохтмонҳоро оғоз намуда, қисми зиёди онҳоро ба анҷом расонид, бисёре аз корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият бозмонда буданд, қобили истеҳсолу тавлид намуд.
Дар марҳалаи сифатан нав дар амри эҳёи иқтисоди мамлакат, ки аз соли 2000-ум давраи таъмини пурраи суботи сиёсиву иҷтимоӣ оғоз мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар тўли ин солҳо иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намудааст. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо сармояи хориҷӣ бунёд гаштаанд ва иловатан даҳҳо ҳазор ҳамватанон бо кор таъмин шудаанд.
Танҳо рӯйдодҳои фараҳбахштарини соли 2005 ва аввали соли 2006- эҳёи сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Сангтӯда-1” ва оғози сохтмони НБО-и “Сангтӯда-2”-ро ёдовар шудан кофӣ аст, то бароямон аён гардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рӯй додааст ва ин ҷаҳиши бузург чӣ имконияти пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо фароҳам меорад.
Мо дар даврони истиқлоли миллӣ дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем, ки онҳо бунёду ташаккули мактаби давлатдории миллӣ ва мудирияти сиёсиро таҳким бахшиданд.
Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан дар панҷсолаи охир ҳафтае нест, ки изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаи хизматрасонӣ аз ҷониби хориҷиён садо надиҳад.
Ин дастоварди миллати тоҷикро, ки бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад. Ин гуфтаҳоро мо бо далелҳои боэътимод метавонем собит созем ва аз ин ифтихор намоем.
Яке аз бузургтарин дастоварди даврони Истиқлол ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақияти баъдӣ самараи он мебошанд.
Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро чун давлати амну босубот ва ислоҳотгару рушдёбанда эътироф намудааст.
Ҳадафи асосии Сарвари мамлакат аз ин иқдомҳои созандаву бунёдкорона- баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон аст.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мо мавқеи худро мушаххас ва муайян намуда, ба арзишҳои миллию маънавии хеш рўй овардем.
Ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150-солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500- солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500- солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Эътироф бояд намоем, ки тўли солҳои зиёд то замони Истиқлол моро аз арзишҳои пурқимати маънавиамон мехостанд маҳрум намоянд. Пешвои миллат дар шароити соҳибихтиёрии мамлакат осори садҳо олимону адибон ва мутафаккирони миллатро ба нашр расониданд, ки дар пасманзари ин ташаббусҳо тақвияти худшиносиву худогоҳии миллат буд. Миллате, ки аз таърих ва арзишҳои фарҳангию маънавии худ бенасиб аст, ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ягон замон худшиносу ватандӯст намегардад. Маҳз туфайли баҳра бурдан аз арзишҳои маънавӣ ва огоҳӣ аз таърихи миллат моро худшиносу ватандӯст ба камол мерасонад. Хушбахтона, дар ин ҷода низ мо дастовардҳои беназире дорем.
Давлати мо дар тӯли 32 сол робитаву ҳамкории судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш дод. Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 180 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкории судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстона дорад.
Пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро имрўз тамоми кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони хориҷӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии олам эътироф менамоянд. Ин падидаҳо аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд.
Маҳз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим боиси боло рафтани обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ гардиданд.
Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ба ҳайси Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” намунае аз ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат дар ин бахш маҳсуб мешаванд.
Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомули худ, яъне ба марҳилаи рушди устувор ворид мегардад, ки он хусусият ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад.
Таърих собит намудааст, ки даст ёфтан ба истиқлолият муборизаву ҷоннисорӣ ва ваҳдату ҳамфикрии миллӣ тақозо менамояд, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Ин масъулият ва рисолати ҳар фарди ватандўсти ин сарзамин бояд бошад.
Имрӯз мо вақте дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол сухан мегӯем, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо баръало эҳсос мешавад. Таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти он ба шумор меравад, ки ин масъалаҳо дар меҳвари барномаҳои ҳизби мо, ки роҳбари он Пешвои муаззами миллат мебошанд, қарор дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи даврони истиқлол буда, ҳамқадаму ҳамнафаси мардум аст ва фаъолияти он зери роҳбарии Пешвои миллат ба қонеъ намудани ниёзҳои мардуми мамлакат нигаронида шудааст.
Дар марҳалаи 32 соли соҳибистиқлолӣ ҳизби мо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ раъйи аксариятро ба даст оварда, сазовори боварию эътимоди мардум гардид. Баробари рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат шароиту имконияти идории ҳизб низ хеле беҳтар гардидааст.
Дар асоси дастури Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои маъмурии ҳизбиро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳал намоянд.
Барои иҷрои ин супориш дар ин муддат як силсила тадбирҳо амалӣ шуданд. Дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо биноҳои маъмурии ҳизб бо тарзу услуби муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сохтмони бинои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ҳисор, Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бомаром идома дошта, дар назар аст, ки иншооти мазкур дар наздиктарин фурсат мавриди истифода қарор гиранд.
Биноҳои мазкур бо дастгирии бевоситаи аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар, иборат аз ду-се ошёна ва бо тамоми шароити муосири корӣ бунёд гардидаанд, ки ин бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит менамояд.
Сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ бо фаъолнокии бевоситаи кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба роҳ монда шуда, маблағгузории онҳо асосан бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб амалӣ мегардад.
Ҳизби мо ҳамеша талош менамояд, ки мардум, бахусус ҷавонон ба дарки воқеии истиқлолият сарфаҳм раванд. Танҳо дар ин сурат истиқлоли комилро ба даст овардан имконпазир аст.
Бешак, истиқлоли воқеӣ барои мо аз истиқлоли ақлҳо оғоз мешавад. Барои ҳифзи дастовардҳои он талошҳои ҳамарӯза ва пайваста зарур аст.
Сарчашмаи озодиву истиқлоли воқеӣ дар мустақилияти фикрӣ ва масъулияти фардию ҷамъиятӣ зоҳир мегардад.
Ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсиву давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш аз ҳама, ба сатҳу сифати истиқлоли фикрӣ дар байни қавму миллатҳои олам эътибору эҳтиром меёбад, эътироф мешавад ва дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойгоҳу мақом пайдо менамояд.
Президенти маҳбубу мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллиро мушаххас намудаанд. Дар партави ин ҳадафҳо ҳифзи истиқлол ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ аз афзалият ва муҳимияти бештаре бархўрдор аст.
Масъалаи ҳифзи истиқлол, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо менамояд.
Аз ин лиҳоз вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мо аст, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи истиқлол, таъмини амнияти мамлакат ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш насозем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати ҳассосе қарор дорад. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чӣ гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рў ба рў аст. Бешубҳа, ин таҳдидҳо ба Истиқлолияти давлатӣ ва миллии мамлакат, инчунин дастовардҳои он хатари ҷиддӣ ворид месозанд.
Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, кибертерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хурофоту ҷаҳолат ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он тақозо менамояд, ки истиқлоли миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд.
Ин амалҳо тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар Осиёи Марказӣ идора мешаванд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 20 ташкилоти байналмилалии террористии ба ном исломӣ вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти минтақа таҳдидҳои рӯзмарра ворид менамоянд.
Дигар падидае, ки бо мақсади ҷомаи амал пӯшондани ҳадафҳои худ хеле моҳирона истифода менамоянд, ин маводи мухаддир аст, ки ҳам ба субот ва ҳам ба амнияти Истиқлоли миллии мо таъсири манфӣ мегузорад, зеро барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки фаъолияти террористӣ ва радикалӣ бо фурӯши байналмилалии маводи мухаддир алоқамандии зич доранд.
Итминон дорам, ки таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бори дигар миллати тоҷик ва соири мардумони Тоҷикистонро зери ливои миллат бо ҳам меорад ва дўстиву иттиҳод, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ, ки кори дастҷамъонаи мо аст, боз ҳам таҳкиму тақвият хоҳад ёфт. Самараи ин баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва рушду пешравиҳои нав ба нави дигар хоҳад буд.
Абдуҷаббор АЗИЗӢ,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»САМАРАҲОИ САОДАТОВАРИ ИСТИҚЛОЛ.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: