Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГРАНД СЛАМИ БОКУ-2023

ГРАНД СЛАМИ БОКУ-2023

5-09-2023, 14:11
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
ГРАНД СЛАМИ БОКУ-2023Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Боку-2023 дар ҳайати 7 варзишгар иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи мазкур 22-24 сентябр бо иштироки 313 варзишгари беш аз 57 давлат баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90кг ва Мансур Раҳмон бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг муаррифӣ менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: