
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Уланбатор 2023 (Му ғулистон) дар ҳайати 7 нафар иштирок менамояд.
Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикиситон хабар медиҳад, Ҷум ҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мард ҳо, аз ҷумла Му ҳаммадсоле ҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Ме ҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Бе ҳр ӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Ма ҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Комроншо ҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Мансур Ра ҳмон (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Мусобиқа 23-25 июн бо иштироки ҳудуди 400 варзишгари беш аз 45 давлат баргузор мешавад.
Фонди умумии ҷоиза ҳо 154 000 евроро ташкил меди ҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд. Ҳамчунин шуруъ аз Гранд Слами Уланбатор дар раддабандии олимпӣ холшумории садфоиза о ғоз мешавад. То ин вақт 50 фоизи хол ҳои варзишгарон ҳисобида мешуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани ро ҳхати олимпӣ талош намоянд.
Дар асоси раддабандии олимпӣ, аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, со ҳиби ро ҳхати олимпӣ мешаванд.