Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ПАНДИ РӮЗГОР

31-08-2023, 14:06
Хабарро хонданд: 863 нафар
Назарҳо: 0
ПАНДИ РӮЗГОР


(Назаре ба дафтари хотира ва ёддошт, шаммае аз дидаву шунида, мутолааву мушоҳида, панду андарз ва афкору андешаи хирадмандон)


Масту девона ба насиҳат эҳтиёҷ надоранд: яке аз гиребонат мегирад, дигаре сангат мезанад.

***

Касе, ки дӯст медораду «рашки ман нишони дӯстдорист» мегӯяд, хато мекунад. Рашк ҳеҷ вақт нишони муҳаббат ва дӯстдорӣ набуд.

***

Муроҷиат ба ононе, ки бераҳмона дарахт мебуранд: аввал шинонед, в-он гаҳ бибуред. Мутмаинам, ки агар ниҳолаке шинонда бошед, ҳеҷ гоҳ қасди ҷони он намекунед.

***

Агар ҳаво тафсон шавад, ҳалқи саг дар соя ҳам қоқ мешавад.

***

Аз гандуми бегона коҳи хона беҳтар.

***

Кӯдак масолеҳи хомро мемонад ва Худованд барои он ба мо ҳадяаш мекунад, ки бипазонемаш, то дар бунёди дунёи навин ба кор биёяд.

***

Қарз дӯстро душман мегардонад. Беҳтар он аст, ки қарздор ҳам нашаведу қарз ҳам надиҳед.

***

Ба касон бадиро раво мабин, чаро ки як рӯз не як рӯз вай баргашта домони туро мегирад ва ба азоб меандозадат.

***

Як лаҳзаи хуши зиндагӣ беҳтар аз ҳазор рӯзе, ки бо алам ва ситам бигзарад.

***

Ғазабро бо нармӣ, бадиро бо некӣ, чашмтангиро бо дасткушодӣ, дурӯғро бо ростӣ мағлуб кардан метавон.

***

Марди ҳақиқӣ онест, ки пеши зани хеш чашми бино дораду пеши занони мардум нобиност.

***
Захми тир сиҳат меёбад, решаи табархӯрда ҷон гирифта, қомат меафрозад, аммо захми забони бад бедармон аст.

***
Зане, ки роҳати зиндагиродарарбадаю ҷанҷоли беохир, кашмакашиҳои бемаънӣ медонад, зан нест, балки аҷӯзаест дар қиёфаи зан.

***
Шавҳари нағз зиннати зан аст.

***
Арақ дар намуд сафеду шаффоф, вале дилаш сип-сиёҳ аст.

***
Арақ хусусияти аҷиб дорад, ки ғайр аз шиша ҳама чизро вайрон мекунад.

***
Шароб аз гулӯ хуш мегузарад, вале агар бисёр шуд, ганда шуда мебарояд.

***
Некие, ки ба хотири чизест, он некӣ набувад.

***
Талабот ҳар қадар кам бошад, зиндагӣ ҳамон қадар нишотбахш мешавад. Мутаассифона, ин ҳақиқати куллро на ҳама дарк мекунад ва мепазирад.

***
Шахсе, ки кина мегирад, ин нишони нотавонии ӯст.

***
Шарм нанамо аз он коре, ки сиёҳ бошад, чаро ки кори сиёҳу ғашдинро самарааш сафедӣ ва сурхист.

***
Ғоратгарӣ чист? Ин аз дасти як инсон ба инсони дигар гузаштани сарват аст.

***
Аз гуруснагӣ мурдан айб нест, вале аз бекориву пурхӯрӣ мурдан шармандагист.

***
Бо тири сухан ҳам эҳтиёт бояд буд. Вай хавфноктар аз тири тӯпу камон аст.

***
Эй бародар! Ҷав накорида гандумро зери хок макун!

Агар нодон маро фаромӯш кунад, сад сол ҳам намемирад. Вале агар доно фаромӯшам кунад, дар як лаҳза мемирам.

***
Мард дар панҷоҳ сол ба мардӣ мерасад ва ӯро дар як соат барбод додан камоли хирадмандӣ нест.

***
Руҳ ки мурд, ҷисм ҳам мемирад.

***
Дунёро бо чашми кӯдак бояд дид - вай сафедро сафед, сиёҳро сиёҳ мебинад.

***
Арзандатарин ҳадя гул бошаду гулдаста.

***
Як лаҳза ҳавас ронда, як умр пушаймон нашавед.

***
Кам воқеъ шудааст, ки қарзгирифта қарздодаро суроғ карда бошад. Ин ҳақиқати талхро фаромӯш накунед.

***
Дар дунё кори осон - ин ранҷондани каси бегуноҳ аст.

***
Заҳр барои табобат аст, на барои инсонро аз пой афтондану маҳв сохтан.

***
Инсон ҳамон вақт аз ташвиши зиндагӣ фориғ мешавад, ки дунёро тарк созад.

***
Марде, ки ҷаҳлу ғазабро дар худ фурӯ менишонад, марди ҳақиқист.

***
Паямбари Ислом дар яке аз ҳадисҳояш фармудааст: Худованд се занро аз азоби қабр эмин дорад ва зиндашавии баъд аз маргро фармояд:
- зане, ки ба ҳангоми тангдастии шавҳар сабр кунад ва аз ӯ ҷудо нашавад;
- зане, ки ба бадахлоқии шавҳар бисозад ва тақозои талоқ нанамояд;
- зане, ки меҳрашро ба шавҳари бебизоаташ бубахшад.

***
Агар замин об нахӯрад, шӯразор мешавад, агар одам китоб нахонад, ҷоҳилу нодон мемонад.

***
Китобро сӯзондан гуноҳ аст, вале нахондани ӯ бузургтарин гуноҳ бувад.

***
Қасами занбозу қиморбоз аз бепулист. Ҳамин ки пул ёфт, қасамашро фаромӯш мекунад.

***
Ба касе обу нон диҳӣ, дар шикамаш не, дар дилаш мемонад.

***
Сахттарин мусибат дар зиндагӣ он аст, ки атрофиёнат будани туро эҳсос накунанд.

***
Ҷаҳли инсон бинои андешаро месӯзад.

***
Зиндагӣ ҳамеша ҳасрати аздастафтодаҳову орзуи бадастнаомадаҳост.

***
Кӯрро гулистону хористон ва карро овози булбулу садои зоғ якест.

***
Рӯз пир мешавад ва оқибат мемирад, ба ҷойи вай шаб тавлид мешавад. Ӯро низ чун рӯз марг интизор аст.

***
Замин имрӯз нидо мекунад: ҳой, хабисон! Аз шумо безор шудам ман, то ба кай андаруни ман тухми мурда мекоред? Ман занам-модарам, навозиш, меҳрубонӣ мехоҳам. Тухми зинда коред, дар марзу буми ман...

***
Эй ҳаммеҳанон! Биёед, ҳамкушӣ не, ғамкушӣ кунем!

***
Унвони олию сурфаи холӣ ба кӣ даркор?!

***
Мабодо, ки одам дар пирӣ нонгадо не, одамгадо шавад.

***
Аз душмани маккору дӯсти сода эҳтиёт бояд шуд.

***
Намехоҳам, ки баъди марг шуҳратёр шавам.

***


***
Сармоядор либоси нав пӯшад, «муборак шавад», камбағал пӯшад: «аз куҷо ёфтӣ?» мегӯянд.


***
Ватанҷӯёну суханҷӯён ҳатто аз ҳарфи «Ватан» суду зиён меҷӯянд.

***
Мо - мардуми тоҷик ба гумонам ба як инқилоби маънавӣ эҳтиёҷ дорем. Барои ин кор силоҳро не, ақли солимро ба кор бояд бурд.

***
Одам дар хушкӣ фикри обро мекунад.

***
Ҳеҷ гоҳ гиребон пойдоману пойдоман гиребон нашудааст.

***
Оҳани сард кӯфта намешавад.

***
Каломи нек монанди калид аст. Вай метавонад дари сангинтарин дилҳоро во намояд.

***
Сухани нек чароғи фурӯзон аст. Вай ҷаҳони тирадилонро мунаввар, замини сахти қалби одамиро нарму мулоим месозад.

***
Дарё аз худ равад, оташ аз худ равад, ҳеҷ гап не. Вале агар инсон аз худ равад, на об мемонаду, на гул, на оташ мемонаду на дарё...

***
Имрӯз чун кафи дасти гадо дастархони аҳли қалам тиҳист.

***
Аз тир пурсиданд:
- Чаро фақат куштан пеша дорӣ?
Гуфт:
- Маро одамизод офарида. Ҷавобашро аз ӯ бипурсед.

***
Сабза ба инсон рӯй оварда лаб ба шикоят кушуд:
- Ҳой инсон! Ба рӯйи ман оҳистатар қадам бимон! Охир ту ҳам оқибат таги хок мешавӣ ва ман рӯйпушти гӯрат мешавам. Яъне, ки ба ту боз лозим мешавам.

***
Аз он ки кабоб месӯзад, сихро парвое нест.

***
Барои одаме, ки дар дашти сӯзон лабташна мондааст, фарқ надорад, ки вай чӣ гуна об аст: шӯр, талх...

***
Бел тез бошад ҳам, ба хоки сангин ба кор намеояд.

***
Об ба баҳси шаробҳои хелмахел, ки болои миз истода худро таърифу тавсиф мекарданд, ҳамроҳ шуда гуфт:
- Ҳой, ҷӯраҳо! Маро ҳам фаромӯш накунед. Ба ҳастии шумо ман сабабгорам. Агар ман набошам, ягонтои шумо арзи ҳастӣ карда наметавонед.

***
Суханвари асилро зодан ҳасту мурдан нест.

***
Санг, оҳан, қарз! Кадоме аз онҳо вазнинтаранд?
- Қарз!
- Барои чӣ?
- Барои он ки сангу оҳанро бардоштан мумкин, вале қарзро на ҳама бардошта метавонад. Вай қодир аст, ки миёни пуштзӯрҳоро ҳам шиканад.

***
Аҷаб хусусияте дорад чароғ: роҳи одамонро мунаввар мекунаду худаш оҳиста-оҳиста сӯхта мемирад.

***
Тавбаро ба фардо магузоред, ки марг ногаҳон меояд.

***
Сухан нуқра, хомӯшӣ тилло!

***
Ширин мабош, ки фурӯ мебарандат ва тунд мабош, ки туфат мекунанд.

***
Ба одами бад дӯст машав, ки вай монанди шамшер шакли хубу таъсири бад дорад.

***

Ба сардор ҳини ғазабаш ва ба дарё вақти туғёнаш наздик набояд шуд.

***

Аз шумо, ҳамшаҳриҳо дида, ба ман абри осмон наздиктар.

***

Дар ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб намешавад. Талафоти ҷонӣ, гуруснагӣ, нодорӣ ва ҳазорҳо умри барбодрафтаву умедҳои дар дил монда - ана ҳаминҳо мемонад аз ин ҷанг.

***

Он ҳунарманди мазҳака, ки ба бозии худаш механдад, ҳунарманд нест.

***

Агар навбаҳор нагиряд, замин намехандад, сабза намерӯяд.

***
Агар бандаи қонун набошӣ, ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонӣ.

***
Пул аввалу охир надорад, лекин олами дониш бекарон аст, поён надорад.

***

Муш ҷон меканад, гурба бозӣ.

***

Дарс чаҳор маънӣ дорад:
Д – дард,
А – азоб,
Р – ранҷ,
С – савод.
***

Зан об нест, ки ҳама даст шӯянд.

***

Санг ҳазор баҳорро бинад ҳам, болояш гиёҳе намерӯяд, санг буд, санг мемонад.

***

Аз косаи шикаста садои дуруст намеояд, лекин аз дили шикаста фиғон ба фалак мехезад.

***
Кори дунё аҷаб аст: дил таъмир мекунад, ишқ хароб.

***

Дар мазраи дилҳои сангин донаи умед ё тухми вафо киштан беҳуда аст.

***

Палавро дам напартофта, рӯйи дастархон магузоред.

***

Гиря мардро ҳақир, зиндагиро ҷазир мекунад.

***

Аввал шароб, сипас хароб.

***

Ғуломи шахсиятҳо не, ғуломи қонун бошем.

***

То бемор нашавӣ, ба қадри сиҳатӣ намерасӣ.
Мехоҳам гӯшро ба карӣ андозам, вале чӣ чора, ки гӯши кари ман мешунавад!

***

Пас аз тӯй чӣ ҳоҷат ба ҳинобандӣ.

***

Аз кишти сарсарӣ ҳосил намерӯяд.

***

Ломакон қадри маконро чӣ донад.

***

Дар бораи қиёмат бисёр ҳарф мезанем, аз ӯ бисёр ёд мекунем. Вале фаромӯш кардем, ки ӯ кайҳо ба қавли аллома Иқбол «дар қад-қомати» мо реша давондааст.

***

Одами пок бисёр сода мешавад ва бисёр фиреб мехӯрад.

***

Гурезаҳо парастуҳои аз сармо гурезонро мемонанд.

***

Ба лаби кӯза нақш танҳо дар вақти хомиаш бояд кашид.

***

Куҷо дидед ё шунидед, ки ҷав кошта гандум даравида бошанд.

***

Мехоҳам, ки на султон бошаму на дар банди султон.

***

Афсӯс, ки дар ин замона адабро «боадабҳо» хору зор карданд.

***

Бо фармон вазир шудан мумкин, вале бо фармон инсон шудан мушкил.

***

Аз марди фозиле пурсидаанд, ки дар умри ҳафтодсолаи хеш чиҳо ба даст овардаӣ? Посух додааст, ки ҳама чиз: дороӣ, обрӯ, мартаба...
Боз пурсидаанд: чиро аз даст додӣ? Ҷавоб гуфтааст: саломатиро, яъне чизеро, ки бо ягон сарвату дороӣ харидан мумкин нест.

***

Тарс ҳамеша паҳлӯи марг аст.

***

Сарчашмаи пухтагии мардон шири хоми модарон аст.

***

Вақте бечорае, дармондае, муштипаре бо умеде ба ман муроҷиат мекунаду наметавонам ёрие бирасонам, аз ин сахт малӯл мешавам.
Чанде пеш марде ба дафтари кориям занг зада гуфт, ки «аз фалон ҷо мешавам, аз раҳи дур омадам, шуморо мешиносам, илтимос қадре пулам диҳед». Дуд аз димоғам баромад. Баъди хомӯшии тӯлоние гуфтамаш: «Бубахш бародар. Ман на онам, ки шумо гумон кардед. Ҳоли ҳозир ман аз шумо қашшоқтарам».

***

Раиси яке аз хоҷагиҳо ба устод Бобо Ҳоҷӣ рӯй оварда гуфт:
- Домулло, мо шумо қатӣ ҳамроҳ хондагӣ. Ёдатон ҳаст, ман саводи казоӣ надоштам. Синфи чорумро базӯр тамом кардам. Тақдири фалакро бинед, ки...
- Ҳа, дуруст мегӯед, - пеши гапи ӯро гирифт Бобо Ҳоҷӣ. - Шумо нахонда калон шудед, мани банда бошам, бо се диплом ба як бурда нон зорам.

Ато Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: