Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА...

ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА...

19-06-2023, 09:08
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА...
Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон”

Ҳақ ба ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Лоиқ Шералист, ки оғози саршавии Ватанро барои ҳар як инсон, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, аз гаҳвора медонад. Ин шеъри баланд бо чунин мисраъҳо шуруъ мешавад:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дарвоқеъ, дар айни ҳол тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар маркази диққати роҳбарияти олимақоми кишвар қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонону наврасон як самти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҳз ҳамин масъаларо дарбар гирифтааст ва дар он зикр мешавад, ки мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад.
Ватан имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекунӣ ва ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама, шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсонист, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоваранд. Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки худ марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пайдарпайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст. Дар ин асри дастзӯриҳову абарқудратиҳо аввалан ваҳдату ягонагӣ, сипас, неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагиву амнияти ӯст.
Задухӯрдҳои беамон дар миёни одамону кишварҳо, ғояву ормонҳо, муборизаҳои ҳадафноки диниву мазҳабӣ, ки то ифрот меоранд, муборизаҳои ҷаҳонгирон барои азхуд кардани боигариҳои олам дар ҷаҳони имрӯза ҳар рӯзу ҳар соат моро ҳушдор медиҳад, ки миллати беқудрат, миллате, ки наметавонад бораҳои нангу шарафу сарзамини худро ҳимоят кунад, зуд бар коми фано хоҳад рафт. Танҳо ягонагиву якдиливу ҳамҷонии миллате, ки неруҳои мусаллаҳи тавоно ва дилпури худро дорад, метавонад дар ин овардҳои беамони ҳастии инсонии гирифтори душманиву муборизаҳо кафолати пойдории ин ва ё он кишвару миллатро бидиҳад. Хусусан, кишвари хайрхоҳу сулҳпарваре мисли Тоҷикистон ниёзи бештаре ба неруҳои қавӣ ва муҳофизони дилпури худро дорад.
Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост.
Аммо мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузург ва бемисоли ватандорӣ ва ҳимоя аз Ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанду метавонанд ҷавонону наврасони моро дар руҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд. Ба гумони банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештар ба таълиму тарбияи руҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон бо истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Хусусан, чунин меандешам, ки таълими «Шоҳнома»-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ, Артиши миллӣ, дар мактабу муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи руҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Шоири тавонои мо Ғаффор Мирзо ҳанӯз дар қарни гузашта бо муҳаббат ва ҷиддияти том чунин навишта буд:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба роҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?

Иқдоми волои Пешвои миллат дар мавриди ба ҳар хонадон тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем ин иқдоми Сарвари давлатро дар мавриди тақдими китоби «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ -дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, таълимгоҳҳои низомии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки ба омӯзиши ин китоби бебаҳо мусоидат намоянд, ба роҳ монем.
Волотарин ҳадаф ва орзуву ормони ҳар як миллати фархунда шукуфоии ҳамешагии Ватан ва таъмини амнияти устувори он аст. Ин аз ҳамагон ҳушёрию зиракӣ ва ҷаҳду талошро тақозо мекунад. Шукуфоиву амният, махсусан барои мо, тоҷикон, бағоят пурарзишу муътабар мебошад, зеро мо, мутаассифона, дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолиамон бо мухолифату даргириву фоҷеаҳои зиёд бархӯрда, солҳои гарону маҳрумиятборро аз сар гузаронидем. Он ҳангом тарсу ҳарос, гуруснагӣ, парешонӣ, азобу машаққат ва мудҳиштар аз ҳама, навмедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 21-уми декабри соли 2021 дар ин хусус чунин иброз доштанд: «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта - замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид». Сарвари давлат ҳамчунин бо таассуф ёдовар шуданд, ки дар он солҳои мудҳиш аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмронӣ дошт. Хотираи он солҳо набояд зудуда шавад, балки ҳодисоти манфуру миллаткуши мазкур бояд дар ёдҳо ҳамчун манбаи ибрат ва дарси ҳаёт бимонад, ёдовари он бошад, ки ҷангу мухолифат чӣ фарҷоме дораду сулҳу салоҳу осоиштагӣ ва амнияти миллат то кадом дараҷа омилҳои пураҳамиятанд. Ҳамагон хуб донем, ки ба ин рӯзгорони фараҳбор халқи тоҷик бо чӣ қурбониҳову бо чӣ мушкилоте расидааст.
Воқеан ҳам, имрӯз мо, тамоми тоҷикистониёнро ҳаёти осоиштаву пурнишоте насиб гаштааст. Аҳли кишвар таҳти роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат бо руҳбаландӣ ва бо азму иродаи қавӣ ба бунёдкорию созандагӣ машғуланд, мамлакат сол то сол рушд меёбад, обрӯю эътибораш дар арсаи байналмилалӣ пайваста боло меравад. Аз ҳама муҳимаш, мардумро руҳияи баланди ифтихори миллию ватанпарастӣ фаро гирифтааст ва ҳама ҷо шиори «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорам дидам» бо самимият садо медиҳад.
Табиист, ки ин ҳама комёбиҳову фараҳмандиҳо барои душманони миллат, ашхосу гурӯҳҳои нотавонбину каҷниҳод ва манфиатхоҳ чун хоре дар чашм аст. Онҳо тобу тавони шунидану дидани комёбиву пешрафтҳои моро надоранд ва барои хати батлон кашидан ба рӯйи зафарномаҳои мо ба ҳама гуна иғвою дасиса, туҳмату хиёнат даст мезананд, ба худ мепечанд. Солҳои охир «афсонабофӣ»-ҳои неруҳои тахрибкор боз ҳам афзудааст ва онҳо барои паҳн кардани буҳтонномаҳои худ аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла радиову телевизионҳои хориҷии ҳангомаҷӯ, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, аз воқеият чашм мепӯшанду худро “фаришта” метарошанд ва сухан аз адлу адолат мегӯянд, дар сурате, ки худ батамом ғӯттавар дар ботлоқи макру ҳиял ва туҳмату буҳтон гардидаанд. Хиёнаткорони Ватан ба созмону гурӯҳҳои иртиҷоиву ҷоҳил гаравидаанд ва зери сояву ҳимояву маблағгузории онҳо фаъолияти манфуронаву бадфарҷом доранд. Онҳо бо дастури хоҷагони маккору худхоҳашон, махсусан бо ҷавонон бештар сарукор мегиранд ва мекӯшанд, ки бо варсоқиҳои бебунёду муғризонаашон мафкураи онҳоро заҳролуд сохта, ба амалҳои номатлубу тахрибкорона сафарбар намоянд. Бадхоҳону нотавонбинон ва туҳматгарони миллати мо шояд намедонанд, ки кайҳо лаънатзадаи халқ шудаанду тамғаи манфури «хоини Ватан» тавсифгарашон гашта. Онҳо намедонанд, балки донистан намехоҳанд, ки мисашон баромадаасту ба суханонашон касе гӯш намедиҳад, касе дар Ватан эътирофашон намекунад. Онҳо ба ҷаҳли мураккаб печидаанд ва «зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯранд». Хушбахтона, халқи тоҷик дигар ҳушёру бедор аст, сабақи талхи таърих омӯхтааст ва неку бад, сиёҳу сафед, ҳақиқату дурӯғро фарқ карда метавонаду дӯст кисту душман куҷост, хуб медонад. Сатҳи маърифату фарҳанги мардуми адолатпарвари мо акнун хеле боло рафтааст ва дар ин замина мавқею эътибори байналмилалии Тоҷикистони боз ҳам афзудааст. Президенти мамлакат дар Паём дар иртибот ба вазъи мазкур иброз доштанд, ки «Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад». Ин, пеш аз ҳама, ба он маъност, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо имрӯз дар арсаи ҷаҳон дар сафи муборизони фаъоли зидди ҳама гуна неруҳои иртиҷоӣ қарор гирифтааст ва таблиғгари рӯзгори осоиштаву дӯстона ва пурнишоти тамоми сокинони сайёра мебошад.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ифодагари марҳалаи тозаи рушди мамлакат, далели раднопазири азму иродаи неки халқи тоҷик, тавзеҳи ҳадафҳои бунёдкоронаи тамоми сокинони кишвар, собиткунандаи дурустии роҳи пешгирифтаи Президент, Ҳукумати ҷумҳурӣ, илҳомбахшу ҳидоятгари ҳамагон барои фаъолияти минбаъда гардид ва бори дигар ба нотавонбинону хиёнаткорону бадхоҳони миллат ҳушдор дод, ки Тоҷикистон ошёни халалнопазири сулҳу ваҳдат аст ва ҳеҷ неруе наметавонад азму иродаи неки сокинони онро бишканад.
Даъвати зерини хирадбору ватандӯстонаи Пешвои миллат, ки дар Паём садо дод, бояд барои ҳар яки мо, тоҷикистониён чун маромнома пазирову роҳнамо бошад: «Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад, на бандаҳои Худо».
Дар муқаддимаи қонуни мазкур зикр гардидааст, ки он фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро таълим ва танзим менамояд: «Тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона бо ҷомеа ва давлат дар заминаи баланди ҷамъиятӣ масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат».
Вазифаҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз чӣ иборат аст? Ин, пеш аз ҳама, ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, ҳамчунин эҳё ва рушди онҳо маҳсуб мешаванд.
“Умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёкони арҷманди мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои муттамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд”.
Ин сатрҳои воқеӣ ва таърихиро аз китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардем. Дар асари мазкур Сарвари давлат таъкид намудааст, ки 9-уми сентябри соли 1991 давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол арзи вуҷуд намуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир номи кишвари азизи мо бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт.
Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ, кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст. Ҳарчанд, худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ иваз шуданд. Чуноне ки Пешвои миллат қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошанд, чораҳои зарурӣ андешид. Дар ҳақиқат ҳам, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Пешвои миллат чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.
Ҳарчанд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талош намуданд.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем. Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шавад. Зеро ин мафҳум дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор намуда, ба онҳо эътимод мебахшад, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулпазир буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъӣ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Шукрона аз он бояд кард, ки ҳоло давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бою ғаниаш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад.
Зимнан, Тоҷикистон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ ва дар ҷаҳони муосир ба дарёфти мақому манзалати ифтихорӣ ноил гардидааст. Ифтихор аз таърихи миллат ҳамон вақт пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро надонистани таъриху фарҳангу тамаддун, забону адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.
Ба ҳамин хотир, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огоҳ бошад, зеро дар раванди ҷаҳонгароӣ, маҳз ҳамин бедории миллӣ ва зиракии сиёсӣ яке аз самтҳои асосии тарбия намудани насли ҷавони мамлакат дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Биноан, ҳар яки мо бояд худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимӣ қарор дода, баҳри ободию устувории давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем.
Тавре ки дар Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” зикр гардидааст, дар сиёсати давлатӣ диди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муносибати мураттаби ташкилӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, давлат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, инчунин таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон уҳдадор мешавад.
Президенти мамлакат дар бисёр суханрониҳо ва мақолаҳояшон ба ҳамаҷониба тақвият додани тарбияи ватандӯстии ҷавонон даъват менамояд ва вазифадор мекунад. Бо супоришу дастури Президент мақомоти ваколатдор дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии онро таҳия мекунад. Дар қонуни қабулшуда доир ба субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ сухан меравад, ки аз ин нуктаҳо иборат мебошанд:
- мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ месозанд;
- коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра;
- муассисаҳои таълимӣ;
- муассисаҳои фарҳангӣ;
- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони бурунмарзӣ;
- ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ;
- ҳизбҳои сиёсӣ;
- воситаҳои ахбори умум;
- оила;
- шаҳрвандон
Дар қонун зикр гардидааст, ки субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки дар асоси ин қонун дар маҳалҳо мақомоти ваколатдори худӣ таъсис дода шуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро бар дӯш мегиранд.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз бояд намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлоли озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Мо дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хотирнишон бояд сохт, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашид, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон дод ва қаҳрамониҳо кард.
Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан, ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Дар он айём, дар фурсати кутоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Дар чунин шароити ниҳоят мураккаб ва душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор кардани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд. Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне, мо бисёриҳо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали кори иҷлосия иброз дошта будем, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо - Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд.
Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кутоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем. Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон, аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.
Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як фосилаи бисёр кутоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.
Баъд аз барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд. 6-уми ноябри соли 1994 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.
Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.
Ҳифзи мероси фарҳангии моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо, ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, бисёр муҳим мебошад. Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ бо хазинаи 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёду навсозии даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишварҳои дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир дар миёни наслҳои ояндасоз мебошад. Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Роҳи тайкардаи кишвари мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми тоҷик метавонад дар шароити мураккаб ва буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.
Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем. Нақшаҳои созандаи мо дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ ва барномаҳои муҳим тарҳрезӣ гардиданд.
Мо хуб мушоҳида мекунем, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадидтар гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.
Чӣ хуш гуфтааст шоири номдори мо Муҳаммад Ғоиб:

Ватан мегӯям аз рӯзе ки ман фаҳми сухан дорам,
Сухан мегӯям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.

Шариф ҚОЗИЁН, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: