
Бханвариал Қумаватии 36 – солаи ҳинду дар рӯйи донаи биринҷ матнеро сабт кард, ки 1250 ҳарфи лотинӣ ё 245 аломати хати ҳиндӣ дошт.
***
Эйнштейн бо оилааш хушбахтона зиндагӣ карда, корҳои зиёди илмиро анҷом дод. Вақте ба ӯ мукофоти Нобелиро доданд, ӯ ин маблағро тин ба тин ба занаш супурда гуфт: «Ин маблағ барои тамоми зиндагии шумо кофист. Ман рафтам».
***
Дар ибтидои асри ХХ Муллосаиди Балҷувонӣ байни мардум ҳамчун устои сангтарош, табиби худомӯз, дорандаи китобхонаи шахсӣ маъруфу машҳур буд. Ин олими хирадманд пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгоҳаш – Балҷувон бо осори ниёгон баргашт ва баъд теъдоди китобҳояшро ба 1000 ҷилд расонд.
***
Олими тоҷик Соҳиб ибни Аббод (миёнаи асри Х) дар китобхонаи шахсиаш 117 ҳазор дастхат дошт. Вай оид ба илмҳои фалсафа, риёзиёт, таърих, ҷуғрофия, нуҷум, тиб ва ғайра асарҳоро дар бар мегирифт. Соҳиб чунон дилбохтаи китоб буд, ки ҳатто мавриди саёҳатҳою юришҳо китобхонаашро ҳамроҳи худ мебурд. Барои кашондани китобҳои Соҳиб беш аз 400 уштур банд мешуд.
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,