Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ АЗ ДАСТИ ДУШМАНОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ КУШТА ШУД

МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ АЗ ДАСТИ ДУШМАНОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ КУШТА ШУД

13-06-2023, 12:00
Хабарро хонданд: 91 нафар
Назарҳо: 0
МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ АЗ ДАСТИ ДУШМАНОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ КУШТА ШУД

6-уми майи соли 1996 аз дасти қотилони хуношоми наҳзатӣ риштаи умри ходими намоёни давлатӣ ва илми тоҷик, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, профессор Минҳоҷ Ғуломов канда шуд. Аз ин фоҷеаи нангин солҳои зиёде сипарӣ гашта бошад ҳам, аммо кору пайкор ва хидматҳои шоёни ин ходими сарсупурдаи илми тоҷик дар хотираи аҳли илму адаб ва фарҳангу маърифат нақши ҷовидон дорад.
Мавриди зикри хос аст, ки Минҳоҷ Ғуломов то охири умр ҳамчун сармутахассис-психиатри Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз аввалин нафаронест, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ беморхонаи наркологӣ бо шуъбаи эҳёгариро ташкил намудааст. Минҳоҷ Ғуломов тӯли 26 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият кардааст. Ин олими зиндаёд муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расонидани кумаки психиатрӣ” мебошад. Минҳоҷ Ғуломов ҳамчун мутахассиси варзида ҳамчунин ҷонишини раиси Ҷамъияти умумииттифоқии илмии психиатрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон буд ва солҳои охири ҳаёташ ба ҳайси ноиби Президенти Федератсияи ҷамъиятҳои илмӣ ва Ассотсиатсияи психиатрҳову наркологҳои мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ассотсиатсияи психиатрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дошт.
Боиси ифтихори миллати соҳибхиради тоҷик аст, ки донишманди пуртаҷриба ва табиби ҳирфаӣ Минҳоҷ Ғуломов соли 1986 ба ҳайси узви Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии психиатрҳо интихоб гардида, ягона олими даврони Шуравӣ буд, ки дар ин ташкилоти бонуфузи байналмилалии тандурустӣ ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои психиатрия ва наркология таъин гардид.
Барои хизматҳо ва саҳми намоён гузоштан дар рушди илми тибби тоҷик ва Шуравӣ Минҳоҷ Ғуломов бо мукофотҳои зиёд ва гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шуда буд. Заҳматҳои ӯ бо ифтихорномаву сипосномаҳои ҳукуматӣ, нишони фахрӣ ва ғайра қадрдонӣ гардиданд. Ба қалами ин донишманд ва муҳаққиқи маъруф зиёда аз 377 таълифоти илмию методӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 18 монографияи илмӣ, 35 тавсияи методӣ ва ихтироот, инчунин 15 корҳои илмии дар мамлакатҳои хориҷи дур нашршуда тааллуқ доранд.
Китоби дарсии таҳиянамудаи Минҳоҷ Ғуломов «Психиатрия», ки соли 1993 нашр гардидааст, ҳанӯз ҳам дар доираҳои илмии тибби кишвар ва хориҷи дуру наздик ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Айни ҳол падидаҳои психопатологии гуногунияти психозҳо, ки онҳоро ин муҳаққиқи бузурги соҳаи тиб дарҷ намудааст, дар илми тибби муосир номи ӯро гирифтаанд. Инҳо варианти галлюсинатории синдроми автоматизми психикии Ғуломов (Гулямова галлюцинаторный вариант синдрома психического автоматизма), галлюсинатсияи даҳону гулӯгии Ғуломов (Гулямова ротоглоточные галлюцинации), Синдроми Кандински-Клерамбо-Ғуломов (Синдром Кандинского-Клерамбо-Гулямова) ва ғайра мебошанд. Бо роҳнамоии Минҳоҷ Ғуломов 35 нафар унвони номзад ва 3 нафар унвони доктори илмро соҳиб гардидаанд.
Мутаассифона, санаи 6-уми майи соли 1996, вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошт ва силоҳ дар дасти наҳзатиёни аҳриманманиш чун василаи тарсу ваҳм дар ҷилав буд, риштаи умри ин олими барҷастаи соҳаи тиб ва ходими намоёни давлатӣ ба таври фоҷеавӣ канда шуд. Минҳоҷ Ғуломовро дар якҷоягӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Юсуф Исҳоқӣ ва ронандаи мошини хизматии донишгоҳ Виктор Худяков хоинони Ватану миллат дар бунбасти кӯчаи ВарзобГЭС-и Поёни шаҳри Душанбе, назди хонаи 10 бераҳмона ба қатл расониданд.
Куштори ин чеҳраҳои саршинос ва илмофари миллати тоҷик бо дастури наҳзатиёни террорист аз ҷониби қотилони одамкуш ва дастпарвари гурӯҳҳои ҷиноии наҳзатиён - Раҳмон Сангинов бо лақаби “Раҳмон- Гитлер” амалӣ карда шуд.
Мардуми тоҷик хуб медонад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз ҳамин наҳзатиёни террорист буданд, ки ба хотири ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар талошу иғвогарӣ ва назоъангезӣ дар миёни мардум буданд. Бо гузашти як сол аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон наҳзатиёни бадманиш бо иғваву дасиса ва сӯистифода аз дину мазҳаб тавонистанд мамлакатро ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ табдил диҳанд.
Агар ба воқеияти таърихӣ назар андозем, чунин хоинони миллату давлатро дар симои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро маҳз фаъолияти ин ташкилоти экстремистиву террористӣ дар Тоҷикистони пасошуравии солҳои 90-уми асри гузашта яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат ба шумор меравад.
Дар он солҳои пурошӯб ва аз лиҳози сиёсӣ мураккаб аъзои Ҳизби наҳзати ислом ба ғоратгарӣ ва куштори аҳолии осоишта, бахусус шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистони соҳибистиқлол даст мезаданд. Барои онҳо миллату давлат ва истиқлоли он ҳамчун арзиши олӣ вуҷуд надошта, бо дастури хоҷагони хориҷии худ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар мамлакати мо сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумро халалдор намоянд.
Бешубҳа, мардуми Тоҷикистон, ки дар даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатӣ аз дасисаву иғвоангезии ин ҳизби ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхташуда дарси бесобиқаи таърихӣ гирифтааст, минбаъд ба иғвои навбатии аъзои бемиллату беватани он дода намешавад. Зеро ҳар фард, ки худро фарзанди асили ин сарзамин меҳисобад, барои пойдорӣ ва ягонагии марзу буми Ватан, мустаҳкам гардидани ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд намуда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи дасисаҳои пайравони ин ҳизби хоин нахоҳад шуд.
Варақгардон намудани зиндагиномаи Минҳоҷ Ғуломов барои насли ҷавони замони соҳибистиқлолии кишвар сабақомӯз мебошад, зеро барои расидан ба чунин рӯзҳои пурсаодат маҳз олимону донишмандоне саъю талош намуда, ҷони худро барои пешрафти илм бохтаанд.
Аз зиндагиномаи Минҳоҷ Ғуломов бармеояд, ки ин донишманди соҳибнуфуз 3-юми сентябри соли 1923 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1952-1954 ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, солҳои 1954-1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В.П. Сербский, солҳои 1957-1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, солҳои 1960-1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва аз соли 1974 ноиби ректори ҳамин Донишгоҳ буданд.
Бо ибтикори ин олими зиндаёд дар мамлакат аввалин марказҳои эҳёи психиатрии кӯдакон таъсис дода шудаанд. Соли 1964 академик Минҳоҷ Ғуломов бо унвонҳои “Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булғористон” сарфароз гардонида шуда, соли 1986 коршиноси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар соҳаи психиатрия ва наркология таъин гардид. Он солҳо ӯ ягона намояндаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ буд. Олими номдор мураттиби лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии психиатрӣ» (2002) мебошад.
Мероси илмии ӯ бештар ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Бори нахуст алоқаи патогенези (сарчашмаи) алоими Кандинский (автоматизми руҳия)-ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения - маҷзубият), ки дар онҳо иллати мазкур хуруҷ мекунад, муайян намудааст.
Донишманди пуркор ва олими мумтоз академик Минҳоҷ Ғуломов муаллифи зиёда аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ буд. Китобҳои дарсии «Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ» (Киев, 1984), «Психиатрия» (Душанбе, 1993), «Равонпизишкӣ» (Душанбе, 1996), дастурҳои таълимии «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонӣ», «Таваҳҳуми даҳонуҳалқӣ», «Алоими Кандинский-Клерамбо» ба қалами вай тааллуқ доранд. Китоби «Психиатрия»-и ӯ китоби рӯйимизии равоншиносони дунёст.
Ин олими намоёни соҳаи тиб Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977), ду ордени «Нишони фахрӣ», нишони «Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (пас аз марг), медал ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавиро сазовор гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шуд.
Насли миёнсол ва калонсоли кишвар худ медонанд, ки ташкилоти террористии наҳзатӣ фаъолияти тахрибгароёнаи худро дар Тоҷикистон аз бедодгарӣ ва қатлу ғорати ашхоси номвару муътабар оғоз кард. Аъзо ва пайравону ҳаводорони ин ташкилот ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки фаъолияти экстремистию террористиро дар зери ниқоби дину мазҳаб амалӣ созанд.
Наҳзатиёни террорист аз ибтидо то имрӯз душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ мебошанд ва дар давоми фаъолияташон, бахусус солҳои ҷанги шаҳрвандӣ олимону сиёсатмадорон ва баъзе аз чеҳраҳои шинохтаи кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд, ки дар қатори онҳо равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов низ буд. Даҳшате, ки хиёнаткорон ба сари миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок ва то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.
Агар риштаи умри академик Минҳоҷ Ғуломов аз дасти қотилони наҳзатӣ фоҷеабор барканда намешуд, соҳаи тибби кишвар боз ҳам бештар рушду нумуъ мекард ва шуҳраташ дар дунё бештар мегардид. Воқеан, “ҳар кӣ он даравад, ки кишт кардааст”. Имрӯз номи ташкилоти террористӣ - Ҳизби наҳзати ислом аз байн рафтаву тарафдорону ҳаводорони иғвогару дасисакораш барои мардуми кишвари мо нафринзада боқӣ мондаанд, вале ном ва хотираи неку асарҳои ҷовидонии донишманди мумтоз ва олими намоёни соҳаи тиб Минҳоҷ Ғуломов ҳамеша дар хотири олимону донишмандон ва кулли мардуми точик абадӣ боқӣ мемонд. Равонаш шод бод!

Ардамеҳр Ашӯрзода,
номзади илмҳои сиёсӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: