Бузҳоро дар Калифорния ҳамчун воситаи оташнишонӣ ба иҷора мегиранд8-06-2023, 08:04
Хабарро хонданд: 80 нафар
Назарҳо: 0
Дар Иёлати Калифорния талабот ба иҷораи бузҳо, ки ҳамчун воситаи оташнишонӣ истифода мешаванд, меафзояд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Садои Амрико».
Тавре рӯзнома навиштааст, бузҳо алафи хушк ва гиёҳҳои атрофи хонаҳоро истеъмол мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар кўҳсор чаронанд, зеро дар онҷо истифода бурдани техника душвор аст. Бузҳоро метавон дар се иёлати аз сӯхтори ҷангал бештар осебпазир — Орегон, Вашингтон ва Калифорния киро кард. Иёлати Калифорния хароҷоти деҳқононро барои истифодаи бузҳо оид ба пешгирии сӯхтор қисман мепӯшонад. Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Калифорнияи Шимолӣ ду сӯхтори ҷангал ба амал омада буд. Сокинони деҳотро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.