Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - сарзамини бостон”

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - сарзамини бостон”

25-05-2023, 12:28
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - сарзамини бостон”


Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон-сарзамини бостон» доир менамояд.
Ҳадаф аз баргузории озмун таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи Паёми ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бобати боло бурдани худшиносии миллӣ ва ватанпарастиву ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва татбиқиҳадафҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Озмун аз 1-уми май то 31-уми август гузаронида шуда, ба он маводе, ки аз 1-уми январ то 31-уми август дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, сомонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ табъу нашр гардидаанд ва дар телевизиону радио пахш шудаанд, пешниҳод мешаванд. Озмун аз рӯйиноминатсияҳоизерингузаронида мешавад:
- мақола дар нашрияҳои чопӣ;
- мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ;
- маводи телевизионӣ;
- маводи радиоӣ
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар сатҳи баланди эҷодӣ омода шуда, ба муҳтавои озмун ҷавобгӯ бошанд ва ифтихори бузург аз ватандориву ватанпарастиро ҳаматарафа инъикос намояд.
Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад. Ҳангоми баҳодиҳии маводи озмун меъёрҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
-сатҳи касбии барномаҳои радио ва телевизионӣ, матолиби чопии омодашуда (истифода аз усулҳои таъсирбахш ва ба фаҳми хонанда наздики эҷодӣ, дақиқкорӣ ва мунсифияти таҳлил);
-ҷолибияти консепсия ва тарзи пешниҳоди мавзуи баррасишаванда;
-сифати муҳтаво ва роҳҳои ҳалли масъала;
-арзиши тарбиявӣ ва ҷамъиятии мавод-мавқеи шаҳрвандии муаллиф.
Барои иштирок дар озмун маводи зерин пешниҳодмешавад:
- маълумот дар бораи довталаб (CV);
- асарҳодаршаклиСD (барои маводи радиоӣ) ва DVD (барои маводи телевизионӣ ва филми мустанад);
- маълумотномаи эфири барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ;
- нусхаи маводи чопӣ;
- матни маводи дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида ва ё суроғаи нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
- нусхаи билети донишҷӯӣ.
Маводҳо ба озмун аз ҷониби як нафар ё гурӯҳи муаллифон пешниҳод карда мешаванд.
Довталабон метавонанд маводи худро ба нишонии: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 31 ба ҳайати тадорукоти озмун ирсол доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: