Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОРЗУРО ДАР ДИЛИ ХУД ЗИНДА ДОР...

ОРЗУРО ДАР ДИЛИ ХУД ЗИНДА ДОР...

18-05-2023, 09:40
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
ОРЗУРО ДАР ДИЛИ ХУД ЗИНДА ДОР...
Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва омода будан ба ҳифзи марзу буми Ватан ифода меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад». Яке аз чунин ашхоси ватандӯсту фидоӣ комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ, марди дарёдилу хушсуҳбат Аҳад Аҳмадзода маҳсуб меёбад. Ӯ ҳам аз фардони худогоҳу ватандӯст буда, дар фаъолияти худ бо дасту дили гарм дар ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар як муддати кутоҳ саҳми худро гузошт. Мавсуф ҳисси ватандӯстиро дар муҳити хонаводагӣ омӯхта, баъдан ҳангоми таҳсил дар мактаби деҳа меҳри ӯ нисбат ба Ватан- Тоҷикистони азиз бештар гашт. Ӯ дарк намуд, ки тарбияи ҳарбӣ эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номусро бедор намудан аст. Бо ин ният, ӯ дар пеши худ мақсад гузошт, ки сарбози Ватан шуда, то нафаси охирин дар ин ҷода хидмат мекунад, агар лозим бошад, барои Ватан ҷони худро сипар хоҳад намуд.
Ӯро зарурати муаррифӣ намудан нест, зеро аксари мардуми манотиқи сарбаланди вилояти Суғд хуб мешиносанд. Вале, ба таври мухтасар аз тарҷумаи ҳоли мавсуф чанд ҷумлаеро рӯии қоғаз оварем.
Аҳад Аҳмадзода санаи 9-июли соли 1989 дар вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Мавсуф тайи солҳои 1996-2005, баъд аз хатми синфи 9-уми мактаби миёнаи деҳааш, худи ҳамон сол ба сафи курсантони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст. Соли 2007 Литсейи ҳарбиро сарбаландона хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба Академияи ҳарбии Ҷумҳурии Ҳиндустон дохил шуда, ин мактаби шуҷоату мардонагиро соли 2011 дар синни 22-солагӣ бо сари баланд ба поён мерасонад ва то ба имрӯз дар вазифаҳои гуногуни ҳарбӣ кору фаъолият мекунад.
Аллома Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Орзуро дар дили худ зинда дор,
То нагардад мушти хоки ту мазор...
Оре, ӯ тавонист, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллиро дар дилу ҷони худ тавсеа бахшад ва мактаби ҷасорату матонат ва далериву шуҷоатро пирӯзмандона хатм намуда, қадамҳои устувор дар пайроҳаи интихобкардаи худ гузорад. Ба ин маънӣ, мавсуф ҳамчун командири взводи таълимии Литсейи ҳарбӣ ба ҳайси командири ротаи таълимии Литсейи ҳарбӣ ҳамчун ёрдамчии шуъбаи амалиётӣ ва банақшагирии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Ашт ва аз моҳи июни соли 2020 то инҷониб ба ҳайси комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолияти назаррас дорад.
Аҳад Аҳмадзода, зимни суҳбат иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷавонони мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо намуда истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки баъди муноқишоти ҳодисаҳои марзӣ сафи ихтиёрони Ватан ҷиҳати пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми он беш аз пеш меафзояд. Оре, марзбонони тоҷик ҳудуди кишвари худро чун пораи тану ҷони худ ҳамеша дифоъ мекунанд.
-Аз ин рӯ, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, "Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳар чӣ бештар истифода намоем"- гуфт дар фарҷоми суҳбат комиссари ҳарбии ноҳия.
Муллошукур ШОКИРЗОДА,
сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: