Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ АСТ

ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ АСТ

15-05-2023, 10:17
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ АСТБо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст” ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар оғози ҳамоиш нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои насли наврасу ҷавони шаҳри Бохтар дидан карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони асили даврони соҳибистиқлолӣ баҳои баланд доданд.

Дар маросим бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ АСТ

Оила муҳимтарин ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи муҳаббату вафодорӣ ва эътимоду садоқати зану мард бунёд гардида, онҳо бо ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ба якдигар дар пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои муштарак саҳми баробар мегузоранд. Бо шарофати бунёди оилаи солим инсон дар зиндагӣ хушбахту саодатёр гардида, дар муҳити солиму осоишта фарзандони солеҳро тарбия ва ба воя мерасонад. Маҳз наслҳои хонаводаҳои бофарҳангу маданӣ, ки падару модарони онҳо ба тарбияи фарзанд дар руҳияи арзишҳои муқаддас муваффақ гардидаанд, дар оянда ба халқу меҳани худ хизмати арзанда хоҳанд намуд.

Бо назардошти нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат роҳбарияти мамлакат бунёди оилаву ҷомеаи солимро аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯз дониста, барои ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон иқдоми муҳим ба роҳ мемонанд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз соли 1994 инҷониб ҳамасола 15 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила маҳсуб мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба хотири рушди оила таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тадбирҳои муҳиму созандаро амалӣ намудааст.

Бо назардошти равандҳои замони муосир ва тақозои ташаккули ҷомеаи солим ва дар асоси хусусияти оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид. Дарвоқеъ, заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат — таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудаанд. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш якчанд оилаҳои намунавӣ бо туҳфаҳои молиявӣ, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба як ҷуфт навхонадорону ду навзод туҳфаҳои молиявӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми маросим ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи рангини идона хотири тамошобинонро шод гардониданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: