Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД…

ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД…

10-05-2023, 08:30
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД…
Бо супориши роҳбарияти таълимгоҳ пагоҳӣ як гурӯҳ хонандагон дар сари қабри Аскари Номаълум гулчанбар гузоштем. Агар хато накунам, шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» аз ин ба баъд дар зеҳнам нақш баст ва бар хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ Аскари Номаълумро бо ҳарфи калон менависам, бо эҳтироми ҳазорон нафар рафтагони ормонӣ, ба хотири ҷавонони аз сад гул як гулашон нашукуфта, ба поси шарафи шаҳидони роҳи озодӣ ва ҳамдиёрони дар сангарҳо дар ҳифзи Ватан ҷон бохта…
Пас аз он дар саҳни мактаб ҷамъомади тантанавӣ баргузор мешавад. Дар расми гузашти низомӣ раисони отрядҳои пионерӣ ба сарвожатий гузориш медиҳанд. Дар навбати худ сарвожатий бо қадамзаниҳои устувор ҷониби сарвари таълимгоҳ меравад ва даст ба фарқи сар ниҳода, садо баланд мекунад:
- Муҳтарам Саъдулло Ҳусейнзода, хонандагони мактаби миёнаи рақами 49-и ноҳияи Ҳисор ба таҷлили Иди Ғалаба омодаанд…
Сипас, бо амри роҳбари таълимгоҳ хонандагон дар қатор ором истода, ба суханони ӯ гӯш медиҳанд.
Ҳусейнзода бо изҳори қаноатмандӣ назди баландгӯяк меравад.
Устод бо санъати волои суханвариаш ба ҳозирин рӯй оварда, лаб мекушояд:
- Муаллимону хонандагони азиз, мо ин лаҳзаҳо ба он хотир ҷамъ омадаем, ки Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирем, аз фидокорию корнамоиҳои диловарони Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шавем. Албатта, ин рӯз ба осонӣ ба даст наомадааст. Теъдоди фиристодагони Тоҷикистон бо мақсади дифои Ватан ва ҳифзи шарафу номуси мардуми худ ба ин ҷанг наздики 300 ҳазор нафар буд, ки зиёда аз 92 ҳазорашон дар сангарҳо ҷон бохтаанд, 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихори Ватан – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳампешаи мо, устоди шумо Нарзӣ Рафеъзода низ дар сангарҳои ин ҷанги мудҳиш алайҳи душман сина сипар намуда, фашистонро таъқиб ва дар хонааш саркӯб карда, дар таҷлили ин рӯз саҳм гузоштаанд. Бо камоли эҳтиром суханро ба шоҳиди он рӯзҳои мудҳиш медиҳем.
Роҳбари синфи мо устод Нарзӣ Рафеъзода, ки пеши барашро ордену медалҳои зиёд зеб медиҳанд, аз ҷой бархоста, бо дастонаш мӯйлабҳояшро палмосида, ботамкин ба минбар наздик мешавад. Воқеан, ба устод дӯстону рафиқонаш бо нишони эҳтиром ва ба хотири мӯйлаби босалобаташ шӯхиомез Семён Михайлович Будённий (яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шуравӣ, се карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, яке аз фармондеҳон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ) гӯён муроҷиат мекунанд.
Муаллим ба ҳозирин нигариста, лаҳзае хомӯш меистад. Аз ҷайбаш рӯймолчаашро бароварда, даст ба рӯйи чашмонаш мебарад. Кӣ медонад, он рӯзҳои шум магар пеши назараш меоянд, ки оҳиста-оҳиста дафтари хотираҳояшро варақ мезанад:
- Моҳҳои аввали ҷанг бародарамро ба сафи артиш даъват карданд. Ҳар як номаи Маҳмадалӣ барои аҳли хонадонамон боиси хурсандӣ буд. Соли 1943 аз номи вай мактубе омад. Дар он, аз ҷумла, чунин сатрҳо қайд шуда буданд: «Ҷанг бошиддат рафта истодааст. Ба ман иҷрои вазифаи муҳимеро супоридаанд. Хайр, агар зинда баргардам, дида ба дидор мерасад».
Бо ҳамин дигар аз номи ӯ мактубе нагирифтем.
Моҳи феврали соли 1943 ба Комиссариати ҳарбии ноҳия даъват шудам. Он вақт нав синфи ҳафтумро хатм карда, ба синни ҳабдаҳ қадам гузошта будам. Дар Комиссариат гуфтанд, ки қарзи фарзандиро дар назди Ватан-Модар бояд ба ҷо орӣ…
Пас аз машқҳои кӯтоҳмуддат полки моро ба фронти Сталинград фиристоданд. Ҳамин тавр, роҳи ҷангии ман аз ин фронт оғоз ёфт.
Дар ҳар қадам ваҳшонияти фашистони манфурро дида, хашму ғазабамон нисбат ба онҳо дучандон зиёд мешуд. Дар яке аз муҳорибаҳо ба деҳае расидем. Осори харобкоронаи аду аён месохт, ки онҳо чанд лаҳза қабл ин ҷойро тарк кардаанд. Хостем барои рафъи ташнагӣ аз чоҳи дар канори русто воқеъгардида об нӯшем. Ҳамин вақт ба гӯшамон нолише расид. Наздиктар рафтем, ҳис кардем, ки ин садо аз даруни чоҳ меояд. Зуд яке аз ҳамроҳонамонро бо банд баста, дохили чоҳ равон кардем. Маълум шуд, ки духтараки 12-13 солае дар он ҷо дар талвосаи ҷон кандан аст. Фашистон «барои аскарони Шуравӣ об мебарӣ»,- гӯён дастони ӯро шикаста ба ин ҷо партофтаанд.
Дар хонаҳои алоҳида дидем, ки душман маҳбусонро маҳкам карда, ба дохили бино аз мӯрӣ газ ва дуд сар додаанд…
Полки мо дар масофаи 10-12 километр дур аз Варшава қарор гирифта буд. Хабар расид, ки барои руҳбаланд гардонидани ҷанговарон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон гурӯҳи ҳунармандон омадаанд. Мо чанд нафар бо фармони командир ба ҷангал ба тамошои консерт рафтем. Баъдтар маълум гардид, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори фарорасии Ғалаба тарҳрезӣ шуда будааст…




Аз он ҷамъомади мактабӣ 45 сол мегузарад ва аз Ғалабаи халқҳои Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 78 сол пур мешавад. Ҳар соле, ки Рӯзи Ғалабаро ҷашн мегирем, хотираҳои гузашта ба ёд мерасанд ва симои устод Нарзӣ Рафеъзода пеши назар меояд. Хотираҳое, ки дар дили мо ифтихори Ватану ватандӯстиро бедор карда буду ҳифзу ҳимояаашро қарзи фарзандӣ медонем.
Акнун бештари чорабиниҳои идона бахшида ба ин санаи таърихӣ бе ҳузури иштирокчиёни ин ҷанг мегузаранд, зеро ин нафарон дар саросари Тоҷикистон хеле кам, 37 нафар боқӣ мондаанд.
Баҳори ёдҳоям маро ба рустои Чангоби ноҳияи Ҳисор, ба суроғи шахсе мебарад, ки ӯро шаҳчинори деҳа мегуфтанд. Бале, устод Назрӣ Рафеъзодаро ҳамдиёрон чунин ситоиш мекарданд, инсоне, ки бо амали нек шӯҳратёр шудааст.
Бо хаёли даврони мактабӣ чеҳраи устод Назрӣ Рафеъзода пеши назар дар кӯчаҳои деҳа қадам мебардорам.
Ҳар сол ба ифтихори Рӯзи Ғалаба устод дар як гӯшаи боғаш, ки дар соҳили рӯди Чангоб воқеъ гардидааст, суфрае меорост ва бо дӯстону ҳамсафон, ҳамкорону ҳамсолон ва ҳамдиёрону пайвандонаш, ки ба табрик меомаданд, хурсандӣ мекард. Ҳарчанд устод Нарзӣ Рафеъзода 19 марти соли 1995 олами фониро бо қасди дунёи боқӣ тарк кардаанд, вале бо кору номи некашон бо моянд, дар хотираҳои мо зиндагӣ мекунанд. Фарзандонаш ҳамвора рӯзи 9 май ин анъанаро идома медиҳанд, ташрифи дӯстону шогирдони падарро интизор мешаванд, аз фаъолияти устод ёд мекунанд, суханонашро ба хотир меоранд ва бо як каф дуо руҳи эшонро шод мегардонанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Зикри хайр зинда кунад номро»…

Алӣ ҶӮРА


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: