Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз COVID-19 дар ҷаҳон қариб 20 млн нафар фавтидааст

Аз COVID-19 дар ҷаҳон қариб 20 млн нафар фавтидааст

9-05-2023, 00:20
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Аз COVID-19 дар ҷаҳон қариб 20 млн нафар фавтидаастҚариб 20 млн нафар аз COVID-19 дар ҷаҳон фавтид, гарчанде ки ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар бораи марги қариб 7 миллион нафар маълумот расидааст. Дар ин хусус рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Женева директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

«Ба СУТ маълумот оид ба марги 7 млн нафар ворид шуд, вале мо медонем, ки ин шумора чандин маротиба бештар аст- қариб 20 млн аст»,-иброз дошт ӯ.

Директори генералӣ таваҷҷуҳро ба коҳиши фавт аз ковид, ки тӯли беш аз як сол мушоҳида мешавад, ҷалб намуд. Дар робита ба ин ӯ рӯзи ҷумъа дар асоси тавсияи Кумитаи коршиносони СУТ анҷоми ҳолати фавқулодаи ҷаҳонии тандурустиро вобаста ба коронавируси SARS-CoV-2-ро эълон кард.

Тибқи маълумоти СУТ то 3 май, дар ҷаҳон 765 222 932 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 6 921 614 нафар фавтидааст. Ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ дар робита ба бемории ковид аз январи соли 2020 амал мекард. Он дар асоси тавсияи Кумитаи коршиносони СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулода, ки ҳар се моҳ дар ҷаласаҳои худ ҷамъ меомаданд, борҳо тамдид карда шуд. Ҷаласаи охирини 15-ум 4 май барпо гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: