Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад

Принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад

13-04-2023, 19:01
Хабарро хонданд: 57 нафар
Назарҳо: 0
Принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад
Намояндагони Шурои ВАО-и Тоҷикистон бо иштироки раис ва аъзои раёсати бо донишҷӯёни факултаи Факултаи режиссура, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода вохӯрӣ баргузор карданд. Дар вохӯрӣ асосан дар атрофи мавзуъи риояи меъёри ахлоқи журналистӣ сухан рафта, он аз ҷониби муҳаққиони соҳа ба донишҷӯён тавзеҳ дода шуд. Раиси Шуро Ҳуриннисо Ализода зикр кард, ки донистани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар замони имрӯз хеле муҳим буда, метавонад журналистонро на танҳо дар омода сохтани матлабҳои ҳирфаӣ дастболо созад, балки боиси дар давоми фаъолияташон аз ҷарима ва ҷавобгариҳои ҷойдошта эъмин нигоҳ доштанашон низ мегардад. Дар вохӯрӣ муҳаққиқи соҳа номзади илмҳои филологӣ Сангин Гулов низ баромад карда, ҷиҳатҳои муҳими ахлоқи журналистиро муфассал баррасӣ карда, гуфтанд, ки:

– Мо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқи аҳли ҷомеаро барои дастрасӣ ба иттилоот ва вазифаи ВАО-ро ҷиҳати дастрас намудани иттилоот ва мусоидат ба эҷоди афкори умум таъкид намуда, принсипҳои ҳисоботдиҳанда будани ВАО ва журналистонро ба аудитория ва ҷомеа эътироф намуда, озодии баёнро меҳвари фаъолияти худ дониста, ҷиҳати татбиқи бовиҷдононаи он масъулият дарк намуда, принсипҳои зерин ва ҳамаи масъулиятеро, ки аз он бармеояд, қабул менамоем. Ҳеҷ як аз ин принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад.

Ҳамчунин дар бахши ҳуқуқии ВАО ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Ранжет Ятимов баъзе масъалаҳои зарурии соҳаро ба донишҷӯён фаҳмонда дод. Дар охир байни донишҷӯён ва коршиносон суолу ҷавоб ва суръат гирифт, ки натиҷаи назаррас будани вохӯриро муайян кард.

Чунин вохӯриҳо дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани фазои ҳуқуқии ВАО” доир гардид, ки аз тарафи #internewstj дастгирӣ меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: