ГУЛИЛОЛА «МАЛИКАИ ТАБИАТ»12-04-2023, 09:21
Хабарро хонданд: 542 нафар
Назарҳо: 1
Дар фарҳанги тоҷикон гули лола бо номи «Арӯси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир, баробари пешрафтидиду фаҳм ва муҳаббат нисбат ба табиату зебоиҳои он, метавон онро «Маликаи табиат» номид, кидороизиёда аз 100 то 150 навъ аст. Ҷой ва макони аслии лолаи худрӯ, мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифихудрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия,Ҳолланду Испания ва Африқомерӯяд.Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон - Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Озорбойҷонгули лола нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули лола Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 навъи аз шаклҳои гули лола мерӯяд. Аз нуқтаи назари гиёҳшиносӣ,лола ба ду гурӯҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад.Баргҳои лолаи худрӯй нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан боқуввати тобовар дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд.Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор табақаи куллӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, гули нисбатан қадкӯтоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гурӯҳ иборатанд: 1.Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гурӯҳи гулҳои лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в)лолаҳои деррас -ба ҳафт гурӯҳ тақсим шудааст: 1.Лолаҳои дерраси такпар, ки баръаксигурӯҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпӯшида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг буда, бо ҳошияеаз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳоион рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6.Гули тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хӯрдагӣ ва ба тутӣ монандӣ дорад; 7. Гули дерраси пурпар; г)гулҳои шаклҳои махсусдошта ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯй монандӣ доранд; 2. Лолаҳои императориидурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.
Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и лолаи ҳолландӣ шурӯъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушодашудани гул ба 15 гурӯҳ тақсим шуданд. Дар замони муосир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳоилолаи ҳолландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳондорад. Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Аммо мутаассифона, ин гули худрӯйи табиии зебо нисбатан умри кӯтоҳе дорад, зеро ки он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахт дорад. Ин гули «Ороиши саҳро» дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули лола гули ишқу муҳаббат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯйи табиат мебошад ва ӯ ҳаргиз зараре ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад. Дар айни замон он дар беҳбудии ҳолатҳои руҳӣ-қалбии инсон муассир аст. Аз ин ҷост, ки ин гули латифу ҳассос дар фасли сол як - ду моҳе рӯйи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили кас рӯшаниву сурур, ишқу муҳаббатро нисбат ба табиату сарзамини хеш бедор намуда, вуҷуди инсонро пур аз ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ мекунад. Шахс бисёр дӯст медорад ва мехоҳад, ки дар айёми шукуфтани гули «Арӯси сол» ва ё «Маликаи табиат» ба ин дашту саҳро ва сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии онҳо лаззат барад. Махсусан, сурхӣ ва рангомезии гули лола ва гулҳои нозуки худрӯйи бунафшу гулобӣ, зарду сафед, кабудчаву суратӣ ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ хеле бо ҳам месозанд ва табиат аз зебогии онҳо ва боди латифи насим меболад. Кӯдакон бошанд, аз муғчаҳои навшукуфтаи гули лола арӯсак месозанду бо шавқ байни гулу сабзаву гиёҳҳо давутоз мекунанд. Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободишаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои рангорангбо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад.Зебоиву таровати он ба шаҳр як нурибиҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Ин шаҳрдориҷавонбо заҳматҳову истеъдодҳои баланду бомаърифатонаи фарҳангии хеш тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо сокинони пойтахт аз Рустами Эмомалӣ сипосгузорӣ мекунем. Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрванданд ва махсусан ронандаҳои мошинҳои шахсӣ ва нақлиёти мусофирбарӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мусофиронро дар истгоҳҳо пиёда кунанд,ки бамеҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар кишту кошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкатмеварзанд, эҳтиромро ба ҷо оранд ва рӯйи гулгаштҳо, ки неъмат аст, по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳоинозаруриро напартоянд ва ҳамчунин, мошинҳояшонро нагузоранд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохту созҳо неъмати ӯст.Махсусан, гулилола, ки мавзуи баҳси мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиати нозук дораду зуд осебпазираст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиёти ӯ аз байн меравад. Умедворам, ки хонандагони азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як шаҳрванди бомаърифату табиатдӯст нисбат баободиву ҳифзи табиати сарзамини хеш амал кунанд. Чунонки дар боло гуфтем,гули лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи гули лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун таъбиру тасвирва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва ғайра истифода мешуд. Ҳамчунин, гули лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои руҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла Соиби Табрезӣ фармудаанд: Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст, Софу дурди ин чаман чун лола як паймона. Бисёр мутафаккирону шоиронбарои обуранг додан ва зебоии сухан гули лоларо тасвиркардаанд. Сайидо навиштааст: Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ, Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ! Чун барги лола доғи маро тоза сохтӣ, Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ! Абуабдуллҳои Рӯдакӣ-сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик лоларо бо забони ширину шево чунин васф намудааст: Бихандад лола ба саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун. Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд: Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст, Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст. К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост, Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст. Дар ҷои дигар омадааст: Аз ҳасрати лаби ширин ҳануз мебинем, Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод. Маъно ва мафҳуми лола. Лола ба туркӣ «Тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро лола меноманд. Номи «гули лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои«қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад. Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯй дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки тамоми рангҳоро доро мебошанд. Аз ин ҷо, гули лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафш, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зардва рангҳои омехтамебошанд. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовит ҳастанд. Ин сегул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки танҳо донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ“анемоне” аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш “папеверсез” мебошад. (Аммо дар асл ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад, баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд азбайнраванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад. Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯй қариб дар ҳама ҷойи Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳо ва ноҳияи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт аз куҳҳои Помир то Тйян-Шон ва ғайраҳо воқеъ аст. Дар ноҳияи Ванҷ, дар ҷамоати деҳоти Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи Лолазор воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳалаз зебоии худ касро ба ҳайрат мегузорад. Ҳамчунин, дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои кӯҳистон чун арӯсаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои рангоранг мебошад. Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули лолаи худрӯйи қоматбаланд буд, ки бо номи Лолагӣ машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ, дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбат ба табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯйи атру тароватҳои табиии хеш ба руҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии тоза ба тоза мебахшад. Агар нигоҳе ба таърихи гули лола андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рӯйи сиккаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз Сосониҳо боқӣ монда, дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст. Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули лола дар Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асримиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар империяи Усмонӣ ба номи «асри лола» маъруф аст ва дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули лола дар Туркия боло мегирад. Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи лола бо рангҳои мухталиф вуҷуд дорад. Дарозии қади лолаи худрӯй бештар аз 20 сантиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл, пурпари қадаҳшакл, ҷомшакл, ҳошиядор, гулбарги баланду борики нозук; ситораӣва ғайра. Муҳитизистигулилола: гули лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯядва ҳосилхез аст. Навъҳои қадимии лола аз таркиби ду навъ: лолаи боғӣ ва лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: лолаи шинелқирмизӣ; лолаи императорӣ ва лолаи нилобӣ. Ҳамин тариқ, гули лола танҳо ду-се моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн, вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад. ТоҷинисоМуродова – номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.