То 9 соли ҳабс барои саррофии ғайриқонунӣ10-03-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дирӯз қабул кард.
Бар асоси ин тағйир барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ аз 4 то 9 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Пештар Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шавад. Ҳадаф аз ин тағйиротро Бонк - пешгирӣ аз болоравии қурби асъори хориҷӣ унвон карда буд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири блоки иқтисодии ҳукумат гуфт, қурби пули миллиро дар баробари асъори хориҷӣ асосон шахсони манфиатдор ба таври сунъӣ пойин меоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.