Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

6-03-2023, 12:58
Хабарро хонданд: 648 нафар
Назарҳо: 0
СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТДар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои миллӣ ва ҳувияти занон дар таълимоти Пешвои миллат» байни собиқадорон, коршиносон, олимону сиёсатмадорон ва фаъолзанону ҷавонон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Зимни он тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлатии занону духтарон дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Иброз гардид, ки дар бораи зан-модар ва мақоми ӯ дар ҳаёти башар бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи давлатӣ, сиёсатмадорони номӣ ва олимони баргузида зиёд гуфтаанд. Дар тӯли асрҳо ва мавҷудияти насли башар зан-модарро гоҳ бо ситоишҳои зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирифтори хориву залолат гардонидаанд, нисбат ба ӯ гоҳ шафқат ва гоҳ бешафқатӣ зоҳир намудаанд.

Дар охир аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: