НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ҶОМЕАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ5-03-2022, 09:37
Хабарро хонданд: 672 нафар
Назарҳо: 0
Дар мавриду мақому рисолати Зан-Модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи ҳикматомўзе доранд “...зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё морад ва ба ў ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои уро қадр намоем”. Бешак, дар ин суханҳои Сарвари давлатамон як ҷаҳон маънӣ нухуфтааст. Аз таърих низ бароямон хуб аён аст, ки бузургтарин амирону подшоҳони давр, фармонфармоёну сарлашкарон дар пеши иродаву бузургии зан-модар сар фуруд овардаанд. Зеро амирону шоҳонро низ модар ба воя расонидааст. Аксари мутафаккирони барҷастаи олам бузургии модарро ситоиш намуда, дар назди мақому мартаба ва бузургии ў сари таъзим фуруд овардаанд. Ҳазрати Муҳаммад (С) мефармоянд, ки «..Биҳишт зери қудуми модарон аст…». Ба андешаи Дюма “...Модарон ҳамеша мебахшанд ва гўё барои ҳамин ба дунё омадаанд. Қалби модар чун оташу баҳр бахшандаю бебок аст…» Белинский бошад дар мавриди манзалату мартабаи зан-модар гуфта буд, ки “...Чизе ба мисли муҳаббати модар поку беғараз нест...». Дар ситоишу васфи Зан-Модар адибону бузургони мо низ бароямон осори гаронмоя ба мерос гузоштаанд. «Модарнома»-и устоди зиндаёд Лоиқ падидаи нодиртаринест дар ин маврид: Замину осмони ман, туӣ модар, туӣ модар, Ҷаҳони беканори ман, туӣ модар, туӣ модар. Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам, Ғазалҳои равони ман, туӣ модар, туӣ модар. Дар идома дар ин рўзҳои ҷашнӣ бо як фараҳмандӣ бояд зикр сохт, ки модарон посдори забон-забони шевои тоҷикӣ ва таъриху фарҳанг мебошанд, дар ин баробар дар осоиши ҳар як оилаву хонавода нақши Модарон беназир аст. Модарони мо боиффату соҳибмаърифат ва намояндаи миллати тамаддунофаранд. Модари тоҷик ҳунарманд асту ҳунарҳои миллии мо асрҳо ҷаҳониёнро тасхир кардааст. Воқеан, тавре шоҳидем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ нисбат ба беҳдошти ҳаёти занону модарон тадбирҳои зиёд роҳандозӣ мегарданд. Давлату ҳукумат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри баланд бардоштани мақоми занон тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ менамоянд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз дар тамоми соҳаҳои кишвар нақши занону духтарон баръало мушоҳида мегардад. Сол ба сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъули давлатӣ ва умуман дар тамоми соҳаҳо сафи занон афзуда истодааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф, ки ҳамчун соҳаи афзалиятноки миллӣ ҳамеша дар мадди назари бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, айни замон шумораи азими бонувон ҳамчун модар-тарбиятгар фаъолияти босамар ва нақши муҳим доранд. Тавре ищора гашт, дар пешрафти соҳаи маориф занону бонувонамон саҳми босазо доранд. Аз ҷумла, айни замон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон С.Раҳимов, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олӣ дар кишвар ва ягона манбаи олии таълимии омода намудани омўзгорону мутахассисони риштаи варзиш ба шумор меравад, теъдоди зиёди бонувон ба сифати омўзгору мураббиён ба муҳассилин нозукиҳои соҳаи варзишро момўзанд. Сафи бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтори донишкада сол ба сол афзун гашта истодааст. Дар идома боифтихор месазад зикр намуд, ки дар пешрафти варзиши мамлакат ва муаррифии давлату миллати тоҷик бонувон – варзишгарони кишварамон саҳми назаррас доранд. Танҳо кифоя аст ёдовар шавем, ки қаҳрамонии сатҳи ҷаҳониву бемисли Зебуниссо Рустамоваю Мавзуна Чориева ифтихори ҳар як хурду барнои тоҷику тоҷикистониён гаштаасту дар пайравӣ даҳҳо бонувон – варзишгаронамон, чун Гулсара Додобоева, Эрика Шиллер, шодравон Муқаддас Набиева, Албина Камолиддинова, Фирўза Зубайдова, Лола Абдуллоева, хоҳарон Фотимаву Зўҳро Тағоеваҳо, хоҳарон Надимаю Мадина Мирзоеваҳо, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Матлуба Сабурова, Шоира Зулқайнарова, Шаҳодат Самадова, Дилором Шерова корномаҳои варзишӣ анҷом дода истодаанд. Имрўз бисёр бонувони варзишгарамон чун узви пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шарафи кишварамонро баланд бардошта истодаанд. Албатта, чун соҳаи варзиш дар тамоми бахшҳои дигарамон бонувони номдору муваффақ кам нестанд. Имрўз зани тоҷик чун шоира, нависанда, олим, омўзгор, табиб, ҳуқушинос, ихтироъкор, муҳандис, низомӣ ва ҳоказо машҳуру маъруф гаштааст. Муҳимтар аз ҳама, имрўзҳо занону модарони тоҷик ба хубӣ дарк кардаанд, ки дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ аз пуштибониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранду ҳамасола ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбаташон афзун гашта истодааст. Умуман, дар амалӣ намудани сиёсати имрўзаи давлату ҳукумати мамлакат нақши занону бонувон пайваста эҳсос мешавад, зеро нерўи зан –модар басо бузург буда, ба ҳар амали бузург қодир аст ва дар интиҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки минбаъд низ ин қишри бузурги ҷомеа дар амалӣ гаштани ҳадафҳои олии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми муносиб мегузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.