Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз Академияи футболи "Ювентус"

Боздид аз Академияи футболи "Ювентус"

16-02-2023, 14:32
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз Академияи футболи "Ювентус"
Тибқи барномаи курси бозомӯзӣ кормандони ҳизбӣ бо иштироки Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода аз Академияи футболи «Ювентус», ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, дидан намуданд. Дар саҳни ин маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси кумита Абдулло Раҳмонзода ва варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, аз қабили Дилшод Назаров, Парвиз Собиров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Мавзуна Чориева, Хушқадам Хисравов ва даҳҳо нафар мураббиёну кормандони маҷмааи варзишию фароғатӣ иштирокдорони курси бозомӯзиро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Бо дидани симои ошнои парчамбардорон ва муаррифгарони миллати тоҷик чеҳраҳо кушода шуд, якдигарро гарм дар оғӯш мегирифтанд, ин лаҳзаи ҳаяҷоновар ва хотирмон буд. Варзишгарони номии мо ба меҳмонон нишонҳои рамзӣ тақдим намуда, оҳоро бо чеҳраи кушод истиқбол гирифтанд. Дар дохили бино ҳар кас кӯшиш мекард, ки дар гӯшае бо варзишгарон акси хотиравӣ бигирад.

Масъулини маҷмааи варзишию фароғатӣ иттилоъ доданд, ки феълан дар Академияи футболи «Ювентус» зиёда аз 130 нафар наврасони аз 5 то 16-сола машқу тамрин намуда истодаанд, ки ба онҳо мураббиёни дохиливу хориҷӣ тамрин мегузаронанд. Ба иттилои масъулин, айни замон дар маҷмааи варзишӣ зиёда аз 100 нафар кору фаъолият мекунанд. Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 18, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи “Ювентус” дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад. Тамоми иншоот дар асоси талабот ва дархости фармоишгар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дороб 1” бо усули махсус аз ҷониби мутахассисони ширкати маҳаллии “Оро Дизайн” бо назардошти санъати меъмории мардуми ориёӣ, ки дар он гил ва хишт масолеҳи асосии бинокорӣ ба ҳисоб мерафт, таҳия ва бунёд карда шудааст. Ҳамзамон, дар дохили майдон монитори калон бо баландии 14 ва дарозии 7 метр насб гардида, дар он рафти тамринҳо ба таври мустақим пахш мегардад.

Зикр шуд, ки системаи равшанидиҳӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳарорати майдон ба стандартҳои сохтмонии Федератсияи байналмилалии футбол ҷавобгӯ мебошад. Ин нахустин тарҳе мебошад, ки паҳноияш 40 метр буда, бидуни сутун сохта шудааст. Майдони футбол аз сабзаи сунъии насли сеюм омода гардида, он аз ширкати байналмилалии “CC Grass”, ки дорои сертификати сифати Федератсияи байналмилалии футбол аст, харидорӣ шуда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: