Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИФТИТОҲИ КЛУБИ “КРОКУС ФИТНЕС” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ КЛУБИ “КРОКУС ФИТНЕС” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21-10-2022, 09:49
Хабарро хонданд: 509 нафар
Назарҳо: 0
ИФТИТОҲИ КЛУБИ “КРОКУС ФИТНЕС” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнесро” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳташаму зебо бо назардошти талаботҳои муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Клуб барои машѓулшавӣ ба навъҳои гуногуни варзиш, тарѓиби тарзи ҳаёти солим ва нигоҳдории зебогӣ имконияти заруриро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар як вақт дар ин иншоот бештар аз 2 ҳазору 500 нафар метавонанд, ба навъҳои гуногуни варзиш машѓул шаванд ва бо онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машѓулият мегузаронанд.
“Крокус фитнес” дорои се ҳавзи замонавии шиноварӣ буда, ҳавзи калони он имконият дорад, ки варзишгарони касбиро низ ба машѓулият фаро гирад. Ҳамчунин барои занон як ҳавзи алоҳидаи оббозӣ ва барои кўдакон ҳавзи махсус бунёд гардида, бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият менамоянд. Коркарди об дар 5 марҳила амалӣ гашта, инчунин ҳарорати муътадили дохили ҳавзҳо дар фасли зимистон бо истифода аз дастгоҳҳои муосири соҳавӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Дар дохили Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” толори барҳавову замонавии варзишӣ барои машѓулшавӣ ба тамринҳои омехта бунёд гардида, дар ин ҷо варзишгарон ва дўстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд ба намудҳои варзиши бокс, муҳорибаи омехта, гўштин, гимнастика машѓул шаванд. Ин қисмати иншоот бо тамоми дастгоҳ ва шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кўдакон дар дохили он клуби алоҳида фаъолият менамояд.
Дар маҷмуъ масоҳати бинои “Крокус фитнес” 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар дохили он ду толори барҳавову замонавӣ барои машѓулшавӣ ба фитнес бунёд гардида, барои занон алоҳида толор ва барои мардон дар алоҳидагӣ фитнес-толорҳо ташкил гардидааст. Танҳо дар дохили толори мардона 40 адад дастгоҳҳои машқу тамрини бадан насб гардида, бо варзишгарон ва дўстдорони тарзи ҳаёти солим мутахассисони касбӣ машѓулият мегузаронанд. Вижагии дигари фитнес-клуб дар он аст, ки дар дохили он бахши алоҳидаи “вела тринажор” ташкил гардида, машѓулиятҳо дар он аз рўи меъёрҳои байналмилалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки дар клуби мазкур таҷҳизоти комилан насли нави соҳавӣ васл гардида, онҳо аз маъруфтарин ширкати амрикоӣ харидорӣ шудаанд, ки ин имконият медиҳад хоҳишмандон дар фазои мусоиду мувофиқ ба талаботҳои байналмилалӣ тамрин намоянд.
Дар Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд, ки ҳамаи онҳо давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомўзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буд, гузаштаанд.
Дар таҳхонаи иншооти мазкур СПА-салон ташкил гардида, барои бонувон хизматрасониҳои гуногун вобаста ба нигоҳдории зебогии пусту рўй, хизматрасониҳои касметологӣ ва навъҳои маҳс пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд, ки аз фаъолияти ҳамоми туркӣ, буѓи хушк, саунаи финнӣ, ҳуҷраи барфӣ, саунаи русӣ ва саунае, ки намаки дохили он аз Ҳимолой оварда шудааст истифода баранд ва ин имконият барои бонувон ва барои мардон дар алоҳидагӣ фароҳам мебошад.
Тамоми бахшҳои дохили “Крокус фитнес” дорои утоқҳои алоҳидаи ивазкунии сару либос ва истироҳат буда, онҳо бо ҷевонҳои замонавӣ, ки барои ҳар нафар дар алоҳидагӣ пешбинӣ гардидааст, муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар дохили маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи зебову замонавӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳам хўрокҳои варзишӣ ва ҳам таомҳои аврупоӣ ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки “Крокус фитнес” шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе барои варзишгарон ва дўстдорони тарзи ҳаёти солим туҳфаи бебаҳо ба ҳисоб меравад. Айни замон дар минтақа ин аввалин ва ягона иншооти варзишии “Крокус фитнес” буда, гувоҳ аз он аст, ки таваҷҷуҳ ба тарѓиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳамсозии шароити замонавӣ барои машқу тамрини шаҳрвандон дар мамлакат хеле зиёд аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: