Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ ТОҶИК БУДАНАМОН ИФТИХОР МЕКУНЕМ

АЗ ТОҶИК БУДАНАМОН ИФТИХОР МЕКУНЕМ

18-02-2023, 13:45
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ТОҶИК БУДАНАМОН ИФТИХОР МЕКУНЕМ
Имрӯз дар ҷаҳон бисёр халқияту миллатҳое арзи ҳастӣ доранд, ки бо вуҷуди муборизаҳои беамон ва аз даст додани ҳазорон фарзандони сарсупурда ва асили худ наметавонанд истиқлолият ба даст оранд. Таҷрибаи талхи ин миллатҳо собит месозад, ки муборизаи роҳи истиқлол ба осонӣ ба даст наомадааст, аз ҷумла ба мо, тоҷикон. Агар мо ба раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлолияти худ назар афканем, пеши чашмонамон роҳи душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва муборизаҳову иштибоҳоти ниёгонамон намудор мегардад. Гарчанде миллати мо ҳазорсолаҳо зери асорати аҷнабиён қарор дошт, аҷдодамон ҳувияти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии ва тоҷикияти худро ҳифз кардаанд. Яъне, ба ҳар шаклу шевае зидди онҳо мубориза бурда, асолати худро нигоҳ доштаанд. Маҳз муборизаҳои чунин фарзандони содиқу сарсупурда ва худогоҳу ватандӯст буд, ки мо имрӯз бо тоҷик буданамон ифтихор мекунем.
Баъд аз ин ҳама роҳи тӯлонӣ офтоб рӯйи миллати тоҷик дурахшида, акнун муддати сиву як сол аст, ки тақдирашро бо дасти хеш навишта истодааст ва дигар ба роҳнамоии касе ниёз надорад.
Биёед назар афканем, ки истиқлолият дар муддати сиву як сол ба мо чӣ дод:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифтани мулки тоҷикон;
- таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиҳати таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар кишвар;
- давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ;
- баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ;
- ҳамчун давлати иҷтимоӣ шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан ба тамоми шаҳрвандон;
- арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии он (ҳаёт, қадр, номус.);
- бо инъикос дар Конститутсия қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- барпо гардидани адолати иҷтимоӣ;
- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, нажод, ҷинс, миллат, эътиқоди динӣ;
- назорати риояи иҷрои дақиқ ва бечунучарои қонунҳо аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ;
Яъне, истиқлолият ба шаҳрвандони мамлакат комилҳуқуқӣ ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фароҳам овардааст. Миллат дигар аз касе вобаста ва нигарони дасти касе ҳам набуда, дар роҳи инкишофи худ мустақил аст.
Худ ҳалкунандаи тақдири худ аст.
Хулас, он чизе ки даврони истиқлолият ба мо дод, беназир аст. Метавон онро моҳҳову солҳо шарҳ дод, вале ҳеҷ гоҳ хотима нахоҳад ёфт.
Расулҷон Рисқуллоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: