Таърих гувоҳ ҳаст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик аз ибтидои пайдоиши хеш ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса медод ва онро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, баномусиву ҷавонмардӣ ва ахлоқи ҳамида ба воя мерасонид. Ҳамин аст, ки ин миллат чандин фарзандони фарзонаро ба камол расонид, ки онҳо дар давоми давраҳои гуногун на фақат ба халқу диёрашон, балки ба ҷаҳониён хизматҳои зиёди арзишмандро ба анҷом расониданд…
Дар таърихи навини кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, такмили низоми таълиму тарбияро самти афзалиятнок ва вазифаи муҳими сиёсати давлатӣ эълон дошт ва ислоҳоти соҳаи маорифро ба миён гузошт.
Дар баробари ин, бо таҳлили воқеияти имрӯзаи ҷомеа ва ояндабинӣ собит мегардад, ки ҳалли қариб ҳама гуна мушкилоти ҷомеа ба соҳаи маориф иртиботи зич дорад. Пас, танҳо бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба ин соҳа ба натиҷаҳои назарраси пешрафти самтҳои дигари ҷомеа муваффақ шудан имконпазир мегардад.
Маълум аст, ки мактаб нахустборгоҳи илму дониш ва шоистатарин макон дар парвариши ахлоқии насли наврас буда, дар симои маънавӣ-ахлоқии ҳар фард нақши асосӣ дорад. Мактаб маконест, ки асоси ҷомеаро гузошта, барои рушди ҳамаҷонибаи ҳар фарди он заминаи мусоид фароҳам меорад, то наслҳо бомаърифату боиффат ба камол расанд. Аммо, дар тамоми давраҳо роҳи донишдиҳӣ ва тарбия намудани наслҳо ҳамвор набудааст. Дар ин самт заҳмати зиёди сангине бояд кашид, то ҳар тифл соҳибхираду хушахлоқ, накӯному фарзона шавад ва ин рисолати бузургро танҳо муаллим омӯзгор иҷро мекунад. Омӯзгорӣ касабаи мушкилест, ки истеъдоди хосаро тақозо дорад ва на ҳар омӯзгор дар ин ҷода ба мартабаи устодӣ шарафёб мегардад. Муаллим дар ҳар давру замон дар ҷомеа бояд чун шахсият соҳибэҳтиром ва боқадру қимат бошад.
Илму таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст, ки тарбия аз рӯйи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим заруртару муҳимтар мебошад. Инсон нахуст тарбия мегираду баъд таълим, гарчанде ин ду унсур аз ҳам ҷудонашавандаанд. Ҳақиқати бебаҳс ҳам он аст, ки инсон аз таваллуд то дами вопасини умр ба тарбия, кӯмаку дастгирӣ, цамхорӣ ва андӯхти илму дониш бештар ниёз дорад.
Мақсади қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин баланд бардоштани масъулияти аҳли ҷомеа, бахусус, падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва умумибашарӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсонӣ ва инкишоф додани онҳо мебошад. Пӯшида нест, ки имрӯз кор то дараҷае расидаааст падару модарон кори таълиму тарбияро фақат бар дӯши мактаб ҳавола карда, худро дар канор мегиранд. Аксарияти онҳо бо мактаб алоқаи номунтазам ва сатҳӣ дошта, ҳамкорӣ кардан бо мактабро тамоман вазифаи хеш намеҳисобанд. Ба андешаи падару модар, таълиму тарбия намудани фарзандон гӯё вазифаи танҳо мактаб аст ва аз рӯи ин хулосаашон ба кори мактабу маориф кумак расониданро лозим намедонанд.
Дар натиҷа воқеияти ногуворе пайдо шудааст, ки мактаб тарбияи фарзандро бар дӯши волидайн ва волидайн баръакс, ин корро ба мактаб ҳавола карда, хонандагон дар ин байн тамоман беназорат мемонанд. Дар Қонуни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 42) нишон дода шудааст, ки падару модар ҳамчун субъекти раванди таълим ҳисоб шуда, ба онҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд ва ҳамчун тарциботчии фаъолияти мактаб хизмат кунанд.
Нахуствазифаи волидайн омӯзонидани адаб ба фарзанд аст ва гузаштагони миллати мо хеле барвақт ва зиёд дар ин бора таъкид намудаанд. Аз ҷумла, Абуали ибни Сино фармудаанд: «…Ҳар гоҳ соли вай ба шаш бирасад, бояд ӯро ба назди омӯзгори адаб ва омӯзгори илм бибаранд» ва падару модар бо ҳукми вазифа бояд фарзандро ба таҳсил намудан, ҳунар гирифтан ва шуцли муайяне доштан ҳидоят намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурцановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллидошта вобастааст. Дур шудан аз усулҳои тарбияи аҷдодӣ, тарки услуби тарбияи аслӣ, аз пайи назарияҳои бегонаи аз хориҷ воридшуда рафта, боиси аз ҷиҳати рӯҳӣ заиф, бедониш ва сустирода ба воя расидани фарзандон мегардад».
Имрӯз, ки технологияи муосир ва шабакаи интернет вориди ҳар як оила мегардад, волидайн бояд донишҳои замонавӣ дошта бошанд ва тавонанд аз таъсири манфии ин раванд фарзандонашонро нигоҳ доранд. Бацоят муҳим аст, ки худро аз тазоҳуроти нохуби муосир (филмҳои тарцибгари фаҳшу зӯроварӣ, расму тасвирҳои гуногуни бадахлоқона ва цайра) дур гирем ва нагузорем, ки насли ҷавон онҳоро тамошо ва тақлид кунанд. Наврасону ҷавонон, агар ин маводро зиёд тамошо намоянд, ба мафкураву ахлоқи онҳо ҳатман таъсири манфӣ мерасонад.
Ногуфта намонад, ки дар ин воқеият, ҳоло тарзу усулҳои тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон тарзи тарбияи суннатист, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфта буданд. Мазмуни тарбияи муосир бояд ба талаботи имрӯзаи наврасону кӯдакон ва талаботи ахлоқии ҷамъият мувофиқ гардонида шавад. Бо усулҳои замони пеш намешавад барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав ва ояндаи ҷомеа фарзандро тарбия кард.
Вобаста ба ин, таассуфовар аст, ки роҷеъ ба масъалаи тарбияи ҷинсии ҷавонону наврасон, меъёрҳои муносибатҳои марҳамонаи байни писару духтар, пешгирии муносибатҳои номатлуби ҷинсӣ, ки сабаби бемориҳои гуногун ва баъзан боиси шармандагиҳо мешаванд, волидайн, табибон, равоншиносон, омӯзгорон, намояндагони дин ва дигар шахсони обрӯманду бонуфуз хеле кам сухан мегӯянд. Ин муносибати худро онҳо ба он асоснок карданӣ мешаванд, ки гӯё дар ин мавзуъҳо сухан рондан барвақт ё айб аст, ё ба одоби тоҷикона ва мусалмонӣ бегона аст. Ҳол он ки одобу ахлоқ, шуур, фаҳмиш, ҳиссиёт, амали равонии кӯдакону наврасон ҳар рӯзу ҳар соат бо роҳу воситаҳои гуногун, аз тариқи васоити ахбори омма тасвиру нигоришҳо аз экранҳо, аз суҳбати ҳамсолон, одамони бегонаи атроф пур шуда, тарбияи нафарро дар алоҳидагӣ ва муҳити маънавии ҷомеаро дар маҷмуъ шакл медиҳанд. Агар дар ин ҳолатҳо таъсирҳои зишту номатлуб бештар бошад, натиҷаи он ҳатмӣ манфӣ ва хатарзо хоҳад шуд.
Вазифаи волидайн дар оила, муаллимону устодон дар таълимгоҳҳо, кормандони васоити ахбори омма ва умуман, муҳити иҷтимоӣ дар маҷмуъ аст, ки ба писар ва духтар баробари додани донишҳои муосир, онҳоро чун шахсият, инсони комил, худшинос, дорои ҳувияти миллӣ, падар ва модари солими оянда ташаккул диҳанд. Зарур аст, ки онҳоро ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва иҷрои вазифаҳои волидайнӣ омода намоянд.
Пӯшида нест, ки солҳои охир дар ҷумҳурии мо пош хўрдани миқдори зиёди оилаҳо мушоҳида мешавад ва ҷудошавии зану шавҳар на танҳо ба фоҷеаи калонсолон, балки ба фоҷеаи бузурги фарзандон мубаддал гардидааст. Мушкилоти мухталифи зиндагӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, мураккабшавии муносибатҳои иҷтимоӣ, нарасидани вақт, пулу мол, бемориву хасташавӣ ва ҳоказо имкон намедиҳад, ки падару модар меҳру навозиш, донишу таҷриба ва цамхорию дастгирии лозимиро ба фарзандон пурра бахшад. Маҳз нарасидани меҳру шафқат, цамхорию назорати волидайн яке аз сабабҳои рӯй овардани фарзанд ба кӯча, дарёфти рафиқони носолим ва даст задан ба рафторҳои зишту нораво мегардад.
Имрӯз дар кишвари мо имконоти зиёди донишандӯзӣ, азхуд намудани касбу ҳунар ва таҳсилу маълумотгирӣ вуҷуд доранд. Таассуфовар он аст, ки на ҳамаи насли ҷавон аз ин имконот самаранок истифода мебаранд. Дар робита бо ин, бояд таъкид намоем, ки омили дигаре, ки ба тарбияи фарзандон таъсироти бад мерасонад, ба табақаҳои камбизоат, миёнаҳол ва сарватманд тақсим шудани мардум дар ҷомеаи имрӯза аст ва ин падида дар ҷомеа рӯз ба рӯз чуқуртар реша медавонад. Ин воқеият, пеш аз ҳама, ба руҳу равони нозуки кӯдакону наврасон ва ҷавонон таъсир расонида, сабаби зуҳури амалҳои неку бад дар онон мегардад. Тақсимшавӣ ба чунин табақаҳо дар таълимгоҳҳо аз лиҳози зоҳирӣ «бо тарзи либоспӯшӣ, доштани маводи қиматбаҳои хониш, телефони мобилӣ, зару зевар, тилловорӣ…», тарзи гуфтору амал « цуруру худнамоишдиҳӣ, худхоҳӣ, хароҷоти зиёди кисагӣ, мошинсаворӣ, назарногирии дигарон», муоширату муносибатҳои байниҳамдигарӣ «маданияту муоширату муносибат, иззату эҳтиром аз рӯйи мавқеи иҷтимоӣ» ва цайра намоён мешаванд.
Басо нангин аст, ки на ҳамаи оилаҳои тавонманд барои донишгирӣ, тарбия ва инкишофи фарзанди хеш вақт ва маблаци зарурӣ харҷ менамоянд ва баръакси ин амал зиёд ба мушоҳида мерасад. Бисёриҳо ба кӯдак имтиёзу имконоти беҳудуд дода, ҳамаи талаботашро қонеъ гардонида, тамоми нозу нузашро бардошта, ӯро парастиш карда, шахсияти нодурусти фарзандро шакл медиҳанд. Ин амалҳо метавонанд на сабаби инкишофи лаёқату қобилиятҳои ақлию зеҳнӣ ва намунаи ибрати писандида гардидани фарзанд, балки боиси нодуруст рушд ёфтани ӯ шаванд. Аз дигар тараф, аксарияти фарзандони дар чунин муҳит тарбияёфта илму дониш, касбу ҳунарро дуруст намеомӯзанд ва бештари мавридҳо дар ҳаёти мустақилона аз уҳдаи таъмини талабот ва пешбурди ҳаёти хеш намебароянд. Устод Рӯдакӣ дар бораи ин гуна волидайну фарзандони беҳавсала бамавқеъ нигоштааст:
Эй дарецо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Имрӯз ин ҳақиқати зиндагӣ моро дучори он намудааст, ки фарзандони мо на танҳо берун аз таълимгоҳ, балки дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, дар муомилаву муошират байни ҳамдигар ва муносибат намудан бо омӯзгорони худ, ё дар дигар муҳит аз одитарин рафтору кирдори матлуб ва писандида сарфи назар мекунанд.
Дар тарбияи шаҳрвандии наврасону ҷавонон низ камбудиҳои ҷиддиро мушоҳида намудан мумкин аст ва ҳалли ин масъала тибқи талаботи тарбияи муосир вазифаи асосӣ ва марказии аҳли ҷомеа бояд бошад. Масъулиятшиносии наврасону ҷавононро, ки басо коста аст, тавассути омӯзишҳои мунтазам аз тариқи васоити ахбори омма ва дар таҳсилгоҳҳо бо азхудкунии масъалаҳои ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва вазифаҳои шаҳрвандӣ, бедорсозии ҳисси ватандӯстдорӣ, дарки дурусти сиёсати давлатӣ, меҳнати ҳалол намудан, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатию арзишҳои миллӣ баланд бояд бардошт.
Эҳтирому меҳрубонӣ аз ҷониби падару модар нисбат ба фарзанд ва аз тарафи фарзанд нисбат ба волидайн хеле паст рафтааст, ки сабабаш дар навбати аввал, дур шудани ҳар ду ҷониб аз китобхонӣ, насиҳати калонсолон, иҷрои расму суннатҳои аҷдодӣ, ва андӯхти таҷрибаву донишҳои ахлоқӣ- маърифатӣ аст. Теъдоди ками волидайн медонанд, ки Қуръон номашонро ҳамроҳи номи Худо накӯ ва онҳоро баробари Худованд ёдоварӣ мекунад. Парвардигор ҳукм кардааст, ки ҷуз Ўро (Худо) напарастед ва ба падару модар эҳсон кунед. Падару модар чунон меҳрубонанд, ки Худо ба меҳрубониву заҳмат ба фарзандон фармудааст, ки «агар яке аз онон ё ҳар ду назди ту ба пирӣ расанд, ба онҳо «уф» нагӯ ва ба рӯяшон фарёд мазан ва бо нармиву эҳтиром бо онон гуфтугӯ кун». Ё худ, фармудаи бузургон аст, ки: «Ҳаққи модар ба ту он аст, ки бидонӣ туро дар ҷойи шиками худ ҳамл кард, ки дигаре чунин намекунад ва ба ту аз меваҳои дилаш хуни худ дод, ки дигаре намедиҳад ва бо ҳамаи вуҷуд аз ту парасторӣ кард ва дареци умри худ, ки гурусна бимонд ва туро сер кард ва худ ташна бошад, туро сероб сохт, худ бараҳна бошад, туро соя гузошт, барои ту бехобӣ кашид ва туро дар сармову гармо нигоҳ дошт, то ту барояш бимонӣ ва боқӣ бошӣ. Бинобар ин, ту наметавонӣ сипоси ӯро ба ҷо орӣ, магар ба кӯмаки Худованд ва бо тавфиқи ӯ».
Падару модар бояд таваллуди тифлро на фақат як талаби физиологӣ- табиии инсон, балки талабот ва рўйдоди иҷтимоӣ-ахлоқӣ бипазиранд, Дар ин маврид, дар баробари дарки ҳисси падариву модарӣ, масъулияте ба дӯш бигиранд ва бидонанд, ки фарзанддор шудан ин як руйдоди одӣ набуда, балки як навъи офариниш, яъне эҷод аст. Эҷоди инсон, ки барои идомаи насл, ҳаёт дар рӯи замин хеле зарур мебошад. Пас, падар шудан шараф, нангу номус, масъулият аст ва ҳар кас ҳам наметавонад шоистаи ном ва ҳуқуқи падарӣ, ки беҳтарин неъмат дар «олами эҷод» ба ҳисоб меравад, гардад. Соиби Табрезӣ ба ин маънӣ барҳақ гуфтааст:
То соҳиби фарзанд нагардӣ, натавон ёфт,
Дар олами эҷод ҳуқуқи падариро.
Нақши падар дар раванди тарбияи фарзандон махсус аст ва ӯ дар онҳо ҷаҳони фикру андеша, ҷасурӣ, далерӣ, худбоварӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳоро бештар тарбия мекунад. Падар сарчашмаи оромӣ ва суботи оила аст.
Мусаллам аст, ки тарбияи фарзанд барои волидайн низ мушкил ва миёншикан буда, на ҳар падару модар аз иҷрои ин рисолати бузург баромада метавонанд. Барои ба мақсуд расидан дар самти таълиму тарбияи дурусти фарзанд донишҳои васеъ ва саҳеҳ, ақлу фаросати комил, захираи бойи маънавӣ ва ахлоқу одоби писандидаи худи волидайн бояд бошад. Бидуни ин гуна арзишҳои зарурӣ наметавон фарзандонро хуб тарбия ва таълим дод. Бисёре аз волидони ҷавони имрӯза аз ин гуна неъматҳои маънавӣ-ахлоқӣ кам баҳра бурдаанд ва наметавонанд дар таълиму тарбияи фарзандони хеш саҳми дуруст гиранд ва шахсиятҳои донову тавоноро барои ҷомеа дар оянда омода намоянд.
Бояд гуфт, ки инкишофи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши модар вобастагӣ дорад. Ба ҳарфи дигар, ҳар кас қудрати тарбияи фарзанди шоистаро бидуни модар надорад. Дар хона маҳз зан-модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, цамхорӣ, покӣ, муҳаббат ба наздикон, таҳаммулпазирӣ ва низому интизомро фароҳам оварда, эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи фарзандонро мебарорад ва ба онҳо расму русуми оилаи аҷдодиро меомӯзонад. Собит шудааст, ки дар тарбияи фарзанд аввал модар, баъдан падар ва билохира омўзгор масъуланд. Бесабаб нест, ки дар урфият оид ба тарбияи фарзанд мегӯянд, ки «Гандападар ба ҷое мерасад, вале гандамодар чизе намешавад» ё ба қавли Саъдии Шерозӣ тарбиятгари барҷастаи миллати мо: «нигаҳ дор з-омӯзгори бадаш».
Талаботи ҷомеаи имрӯза он аст, ки на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, балки ҳар як фарди ҷомеа, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадоранд, ки нисбат ба таълиму тарбияи насли ҷавон масъулият дошта бошанд ва дар ин кори басо муҳим бетарафиро ихтиёр накунанд.
«Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин, дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд ва минбаъд дар мувофиқа бо онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд», омадааст дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Лекин, аксарияти калонсолон ҳангоми гуфтору рафтори ноболицону ҷавонон худро нобинову ношунаво вонамуд карда, « фарзанди ман набошад», ё «аз бало ҳазар» ва ҳоказо гуфта », бетарафӣ ихтиёр мекунанд, ки оқибати нангинро ба вуҷуд меорад.
Ислоҳоти мактабу маориф аз ҳар як фарди ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон ва падару модарон талаб менамояд, ки дар кори худ масъулияти ҷиддиро эҳсос намоянд. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир раванди костагии ахлоқу маърифати наврасону ҷавонон мушкилии асосӣ дар пешрафти ҷомеа шудааст. Ба андешаи мо, сабабҳои асосии он:
- пастравии маърифату маданияти аҳли ҷомеа буда, нофаҳмӣ зиёд аст, бетарафӣ ҳам ба ин масъала бештар шудааст;
- форицболии волидайн аст, ки имрӯз барои падару модарон таҳсил намудан ва дониш гирифтани фарзандон масъалаи муҳим дониста намешавад;
- коҳилию хунукназарии бархе аз омӯзгорон дар таълиму тарбияи хонандагон, суст ба роҳ мондани назорати фаъолияти мактабҳо аз тарафи роҳбарияти он;
- камшавии сафи омўзгорони ҷинси мард дар мактабҳо ва кам шудани шумораи муаллимони серталаб;
- аз тарбияи фарзандон, махсусан, писарҳо дур шудани падарон, чунки аз ҷиҳати психологӣ-педагогӣ писар аз модар дида, ба маслиҳат, мадад ва дастгирии падар эҳтиёҷи бештар дорад;
- сатҳи пасти фаҳмиш ва донишҳои волидайн оид ба вазифа ва уҳдадориҳои худ дар тарбияи фарзанд ва ҳам дар назди ҷомеа;
- зиддияти фаҳмиши ақидаҳо байни насли ҷавону калонсол, ки ногузир аст ва баъзан яке аз сабабҳои нооромиҳо дар ҷомеа мегардад;
- суст гаштани таъсири одату анъанаҳои миллӣ-қавмӣ ва ҷойи онҳоро иваз намудани одату анъанаҳои нав ва цайра.
Назархудоева Л, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ,
номзади илмҳои фалсафа