Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЯК ПАНД

25-01-2023, 12:20
Хабарро хонданд: 875 нафар
Назарҳо: 0
Подшоҳе ҳангоми пӯст кардани себ ангушти худро мебурад. Вақте нолону гирён табибонро наздаш даъват мекард, вазираш гуфт:
"Ҳеҷ кор бе ҳикмат нест".
Подшоҳ аз шунидани ин ҳарф нороҳат шуду фарёд кард:
Дар бурида шудани ангушти ман чи ҳикмате аст?
ва дастур дод то вазирро зиндонӣ кунанд.
Рӯзҳо гузаштанд то ин ки подшоҳ барои шикор ба ҷангал рафт, дар он ҷо он қадар аз сарбозонаш дур шуд, ки ногаҳон худро миёни қабилаи ваҳшиён танҳо ёфт.
Онҳо подшоҳро дастгир карда, ба қасди куштан ба дарахте бастанд. Аммо расми аҷибе ҳам доштаанд, ки бадани қурбониёнашон бояд комилан солим бошад. Чун подшоҳ як ангушт надошт, ӯро раҳо карданд ва ӯ ба қасри худ баргашт. Дар ҳоле, ки ба сухани вазир меандешид, фармони озодии вазирро дод.
Вақте вазир ба назди шоҳ расид, шоҳ гуфт: "Дуруст гуфтӣ, бурида шудани ангуштам барои ман ҳикмате доштааст, вале ин зиндон рафтан барои ту ҷуз ранҷ кашидан чӣ фоидае дошт?
Вазир дар посух ба подшоҳ лабханде заду гуфт:
Барои ман ҳам фоида ва ҳикмате буд, чаро, ки ман ҳамеша дар ҳама ҳолат бо шумо будам. Агар он рӯз дар зиндон намебудам ва ҳамроҳи шумо ба ҷангал мерафтам, ҳоло ҳатман аз дасти он ваҳшиҳо кушта мешудам.
Худованд гар ба ҳикмат бибандад даре,
Ба раҳмат кушояд дари дигаре.

Таҳияи
Саида ХОҶАЕВА


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: