Барқияи тасаллият ба Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр30-07-2018, 10:37
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
30.07.2018 09:03
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад: “Аълоҳазрат, Фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрванди Шоҳигарии Нидерландия бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид. Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Аз Шумо, Аълоҳазрат, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед”. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.