НЕРУИ УМЕДБАХШИ ФАРДО22-12-2022, 14:22
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишу заҳматҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаву канори мамлакат ободу шукуфон гардида истодааст. Истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва дигар захираҳои тавлидкунандаи неруи барқ боиси қонеъ гардидани эҳтиёҷи мардум ва ҳамчунин, имконияти мусоид барои содироти барқ шуда метавонад. Дар ин самт мавқеи сохтмони НБО-и «Себзор» дар рушду ободонии ноҳияи Роштқалъа махсус арзёбӣ мегардад. Ҳанӯз аз солҳои охири садаи XX сару садоҳо оид ба сохтмони ин иншооти гидроэнергетикӣ баланд шуда буд, вале мардум дигар ба он аҳамияти ҷиддӣ намедод, зеро он танҳо садое аз нақша буду халос. Бо ба даст омадани Истиқлоли кишвар ва амалӣ гардидани нақшаҳои стратегӣ тарҳи сохтмони НБО-и «Себзор» «ҷон» гирифт. Дар суханрониҳои пайвастаи Роҳбари давлат бо итминону боварӣ садо додани сохтмони ин иншоот дар дили мардум тухми умедро сабз кард. Сохтмони НБО-и «Себзор» самти зиндагии мардумро куллан тағйир дода истодааст. 14-уми декабри соли 2022 дар рӯзгори мардуми ноҳияи Роштқалъа нақши муҳими таърихӣ дорад. Дар ин фархундарӯз маҷрои дарёи Шоҳдара тағйир дода шуд. Иштироки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовини аввали раиси вилоят Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода, намояндагони ширкати «Помир-энерҷӣ» ва мутасаддиёни дигар ба ин маросим ҷилои тоза ворид намуд. Сокинон бесаброна дар ду тарафи дарёи Шоҳдара сарҷамъ омада, эъҷози дасти тавонои одамиро тамошо мекарданд. Заҳмату талоши кормандони НБО-и «Себзор» қатори мошинҳои боркаш, техникаи борбардор дар ин рӯзи сарди зимистон гармиву садоқату номусро нишонгар буд. Талошҳо, интизориҳо, ҳаяҷону бесабриҳо ниҳоят поён ёфта, маҷрои дарё дигар шуд. Дасти шоҳкории инсонӣ муъҷизаи худро нишон дод. Ин сана боиси ободкориҳои нав ба нав гардида, на танҳо самти об, балки самти зиндагии мардумро тағйир медиҳад. Даҳҳо ҷавонмардони ноҳия имрӯз соҳиби кор гардида, аз вобастагии муҳоҷират раҳоӣ ёфта, дар пеши дари хонаи хеш нони беминнату ҳалолро пайдо карда истодаанд. Дар пеши чашми фарзандон иншооте қомат афрохта истодааст, ки умеди фардои нурборонро таъмин месозад. Дар ин самт барои сохтмончиёни НБО-и «Себзор» дасти тавоно, номуси ватандорӣ, азму ирода ва матонату мардонагиро орзу дорам. Манзура Риҷаббекова,
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.