Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НИШОНИ ДАВЛАТДОРӢ

НИШОНИ ДАВЛАТДОРӢ

24-11-2022, 12:03
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
НИШОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷой бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
НИШОНИ ДАВЛАТДОРӢ
Парчами миллӣ яке аз муқаддасотест, ки симои давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум намуда, аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медиҳад. Он рамзи вафодорӣ, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгарӣ ифтихори ору номуси ватандорист.
Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳуии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек аст. Дар радифи муқаддасоти дигар парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи давлатдории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо парчам ба рамзи фирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ба бунафш оро дода, онро дирафши ковиёнӣ номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, бубахшидан, рӯшноӣ додан, партав афгандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунанд, ки Парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дорад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ, шиносномаи соҳибистиқлоли мамлакат буда, тавассути он давлатро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандриро мебахшад. Чунончӣ ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгари ғолиб ашки шодӣ мерезезад.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳмияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон фаҳмонида мешаванд. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 12 октябри соли 2017 вакилони парлумони Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор истифода бурда мешавад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шудаанд, ки он ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаҳони муосир Парчами миллӣ- ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: