Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РАШТ

САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РАШТ

21-10-2022, 18:23
Хабарро хонданд: 1239 нафар
Назарҳо: 0
САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РАШТ
Масоили рушди соҳибкорӣ ва зарурати солимсозии фазои сармоягузорӣ яке аз самтҳои асосию афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад.
Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани рушди соҳибкорию сармоягузорӣ мусоидат намуда истодааст. Чуноне, дар паёми Пешвои муаззами миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ минбаъд низ идома дода, ба ворид шудани техникаву технологияхои муосири истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳачми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем”. Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси пешрафти ҳар як ноҳия ва дар умум давлат мегардад. Аз рӯи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи “Равзанаи Ягона” дар шаш моҳи соли 2022 дар ноҳияи Рашт 3642 адад субектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 адад ва ё 1, 3 фоиз зиёд гардида аст. Дар ин давра аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ноҳия ба сокинон ба андозаи 12 милиону 208 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021-4 милиону 261 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 65,1 фоиз зиёд мебошад.
Соҳибкори муввафақ, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шоев Раҳматшо Сиярович аз зумраи онҳоест, ки роҳбарии ҶДММ-и “Сияриён”-ро дар ноҳияи Рашт ба душ дорад.
Маркази ташхисию табобатии “Сияриён” дар ноҳияи Рашт 26 июни соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, мавриди хизматрасонии мардуми минтақаи Рашт қарор гирифтааст.
Маркази ташхисию табобатии “Сияриён” бо тарҳи хеле зебою муосир дар масоҳати умумии 2000 метри мураббаъ бунёд гардида, сохтмони бинои беморхонаи он моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 аз ҷониби сохтмончиёни маҳалӣ ва саҳми соҳибкорӣ ватандӯсту муваффақ Шоев Раҳматшо босифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Иншооти мазкур аз се ошиёна ва таҳхона иборат буда,бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 50 кати бистарӣ барои муолиҷаи беморон ҷиҳозонида шуда, дар ошёнаи якуми он утоқҳои томографияи компиютерӣ, ренгени рақамӣ, узи, гостроскопия,эмерте, колоноскопия, ҳуҷраи бемориҳои занона, дандонпизишкӣ, дорухона, гӯшаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дар таҳхона ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхисгоҳ ва ошхона мавҷуд мебошад.Дар маркази муосири тиббӣ 52 нафар мутахасисони варзидаи тиббии дараҷаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба сокинону ниёзмандон хизмат мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶумҳурииТоҷикистон” ва пешгири аз харҷи зиёдатӣ, дар марказҳои тиббии саросари кишвар ҳуҷраҳои махсус барои хатна бунёд гардиданд, ки беморхонаи хусусии “ Сияриён” ҳам бо риояи қоидаҳои гигиенӣ саривақт ва бенуқсон, бо ҷалби мутахассисони варзида дар шароити хуб ин ҳуҷраро муҷаҳаз гардонидааст .Тавре ба ҳамагон маълум аст,солҳои қабл аз набудани чунин марказҳои муосири ташхису табобат, сокинони ноҳияи Рашт бо тайкардани роҳи дароз ба пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои ташхису муолиҷа мерафтанд. Бунёди чунин як маркази муосири тиббӣ мушкили сокинони ин минтақаро бартараф гардонида,бо пасандозии маблаѓи роҳкиро саломатии хешро барқарор месазонд.
Бо ҳимати эҳсонкори бунёдкор дар шафати беморхонаи мазкур аз ҷониби ин марди саховатманд Шоев Раҳматшо сохтмони меҳмонхонаи муосир бо 100 рахти хоб дар арафаи анҷомёбӣ буда,дар Маркази “Сияриён” ошхонаи замонавӣ бо 160 ҷойи нишаст ба мардум хизмат мерасонад.Терминали мусофиркашонӣ, маркази савдои ”Сияриён” бо 200 ҷои корӣ, маркази таъмири автомобилӣ бо фарогири 12 ҷои корӣ ва нуқтаи таъмини сўзишворӣ дар маҳал мушкилкушои корафтодагон аст.
Шоев Раҳматшо бо нерўи созандаи хеш ният дорад, ки соли оянда дар назди маркази ташхисию табобатии “Сияриён” осоишгоҳи мутобиқ ба шароити имрўза, ки ба тамоми меъёрҳои муосир ҷавобгу қомат афрозад. Вуҷуди лабрез зи ишқи Ватан дар ҷуш буда, ўро ором намегузорад, пайваста паи меҳнату бунёдкорист. Бо дарахтони боѓи сабзондааш чун фарзанд меҳрубонӣ бинмуда, дар кишти картошкаю ѓалладона муваффақ аз деҳқонони пешқадами ноҳия аст. Дасти раҳмату шафқаташ мададгори маъюбону ятимон ва ниёзмандони корафтодагон буда, ҳамеша дар талоши накукорист.Тарбияи дурусти волидайн, самимию хоксорӣ, сидқан дўст доштани Ватан, меҳнатдўстию гўш ба ҳарфи падар доштани фарзандони Раҳматшост, ки дар ободии гўшае аз диёри бобоӣ бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат паи шукуфти як манзили дур аз чашм буда, саҳми бориз гузоштааст.
Идизода З.Ф - Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: