
Асозода Маҳмадумар, директори ШСХК “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “Санаи 26 июли соли равон дар ҷумҳурӣ истифодаи максималии қувваи барқ ба қайд гирифта шуд. Дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 72,125 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истифода шудааст, ки ин нишондод рекордӣ аст”.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ, 7 млрд 659,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, 71 млн кВт/соат назар ба соли гузашта бештар истеҳсол шудааст, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Асозода Маҳмадумар се мушкили асосии соҳаи барқу энергетикаи кишварро дар “кам кардани талафот”, “амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои беҳтар намудани иқтидорӣ энергетикӣ” ва “дар давраи тирамоҳу зимистон нигоҳ доштани тавозуни истеҳсол ва тақсимот барқ” медонад.
Қурбон АҲМАДЗОДА