Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҚОСИМ РАҲБАР: “ҲУДУДИ 3 ҲАЗОР ҶОЙИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД”

ҚОСИМ РАҲБАР: “ҲУДУДИ 3 ҲАЗОР ҶОЙИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД”

11-08-2022, 12:42
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
ҚОСИМ РАҲБАР: “ҲУДУДИ 3 ҲАЗОР ҶОЙИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД”
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2818 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 адад зиёд аст.
Ҳмчунин, зикр гардид, ки дар даромадгоҳи марказии шаҳр аз ду тараф биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо беҳтарин шароити будубош сохта мешаванд, ки ба ҳусни шаҳр зебоӣ зам менамоянд ва ҳам шароити хубе барои сокинон муҳайё мегардад.
- Таъмини пешрафти устувори иқтисодии шаҳр 102,9% иҷро гардидааст. Ҳамзамон, дар шаҳр барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи мукаммале тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он бунёди 1626 иншоот то ҷашн дар назар дошта шудааст, - гуфт раис.
Дар самти саноат қайд гардид, ки дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ танҳо корхонаи “Ваҳдат – Текстил” 279,8 тонна ресмони пахтагин истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261,9 тонна ё 15,6 баробар зиёд аст.
Ҳамзамон, Қосим Раҳбар тасмим дорад, ки корхонаеро дар самти коркарди партобҳои маишӣ дар шаҳр бунёд созад.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: