Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар Тоҷикистон туризми шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо ба роҳ монда мешавад

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар Тоҷикистон туризми шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо ба роҳ монда мешавад

25-04-2022, 07:34
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар Тоҷикистон туризми шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо ба роҳ монда мешавад

Сайёҳии моҳидорӣ яке аз намудҳои муосири сайёҳӣ буда, он ташкили сайди намудҳои гуногуни моҳӣ, расондани сайёҳон ба ҷойҳои душворраси моҳидорӣ, иҷораи таҷҳизоти моҳидорӣ ва ташкили моҳидорӣ дар ҳавзҳои дорои моҳиро, ки махсус бо ҳамин мақсад парвариш шудаанд, фаро мегирад.

Дар робита ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили хатсайрҳои сайёҳии моҳидорӣ гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ассотсиатсияи моҳипарварии вилоят барои муайян намудани имконияти мавҷуда, омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон ва тарғибу ташвиқи онҳо аз ҳавзҳои моҳипарварии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ дидан намуд.

Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, рушди сайёҳии моҳидорӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Данғара, Муъминобод, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ афзалият дорад.

Дар вилояти Хатлон дар 2 ҳазору 691,1 гектар 271 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунанд. Зиёда аз 70 дарсади истеҳсоли моҳии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар вилоят 8 намуди моҳӣ, аз ҷумла оилаи карпҳо ва амури сафед парвариш карда мешаванд.

Обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда- 2, Сарбанд, Муъминобод дорои иқтидори зарурӣ барои рушди соҳа мебошанд. Хусусан дар шаҳри Левакант ва дар ноҳияи Муъминобод ҳавзҳои моҳипарварӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ бо хизматрасонии муносиб омода мебошанд.


Яке аз намудҳои сайёҳие, ки талаботи дӯстдоронаш дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст, ин сайёҳии саргузаштӣ тавассути шикори моҳӣ маҳсуб мешавад. Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Ҳоло бо назардошти сермаҳсулӣ соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Барои рушди сайёҳии моҳидорӣ дар мамлакат имконоти мусоид фароҳам оварда шудаанд. Чунончи, таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки соли гузашта дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 4389,4 тонна моҳӣ сайд гардидааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 3303,2 тонна, Суғд 890,6 тонна, Бадахшон 20,3 тонна, шаҳру навоҳии Ваҳдат 135,5 тонна, Ҳисор 8,3 тонна, Файзобод 7,3 тонна, Рашт 7,2 тонна, Шаҳринав 5,8 тонна, Турсунзода 6,8 тонна, Рӯдакӣ 2,1 тонна, Роғун 1,8 тонна, Нуробод 1,7 тонна ва Варзоб 0,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Ба маротиб афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» вобаста аст. Хусусан бархурдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ дар рушди соҳа нақши муҳим гузошт.

Рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, ба тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар кишвар замина фароҳам меорад. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон зарурӣ буда, олимони ватанӣ давоми сол ба ҳар нафар истеъмоли 23 килограмм гӯшти моҳиро тавсия медиҳанд.

Инчунин моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор арзёбӣ мешаванд. Афзун гардонидани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ мусоидат менамояд.


Аз рӯи таҳлили мутахассисони соҳа, дар айни замон дар кишвар хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел»-и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» — и шаҳри Кӯлоб, «Форел» — и шаҳри Турсунзода, «Суғдмоҳӣ» — и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи

моҳии хушзот»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх»-и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» — и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд.

Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ ва ваколатдори соҳа, дар айни замон дар кишвар 366 корхона ва хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд, ки 22 адад он ба талаботи хизматрасонӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои ташкили сайёҳии шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо дар хоҷагиҳои мазкур ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки имконияти шикори моҳӣ мавҷуд аст, корҳои тарғиботию иттилоотиро ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба роҳ мондааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: