Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Туризми шикорӣ - бахши даромаднок аст

Туризми шикорӣ - бахши даромаднок аст

26-03-2022, 09:54
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Туризми шикорӣ -  бахши даромаднок аст

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ рўз то рўз гулгулшукуфо гашта, дар ҳама соҳаҳо ва самтҳо пешравиҳои назаррас дорад. Тасмим гирифтем, дар бораи як самти барои ҷамъияти ҷаҳонӣ зарур ва ҳамзамон барои кишвари азизи мо муфид, соҳаи шикор суҳбат ороем. Бо ҳамин мақсад бо раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Баҳодур Панҷиев вохўрдем. Мавсуф яке аз роҳбарони ботаҷриба дар ин соҳа буда, бурду бохти ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия ва дар маҷмуъ, кулли соҳаро мусбат арзёбӣ намуд. Дар зер хулосаи суҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Баҳодур Давлатович, мехостем дар бораи шикор ва сайёҳӣ дар ноҳияи Носири Хусрав маълумоти мухтасар диҳед?
- Иҷозат диҳед, аввал дар бораи паҳлуҳои қонунии ин соҳа суҳбатро оғоз намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор” асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии пешбурди хоҷагии шикорро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, инчунин ҳуқуқи бо шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим менамояд. Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои солҳои 2017- 2018 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул гардид.
Бояд гуфт, ки шикор яке аз навъҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Барои шикори ҳайвонот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола квота ҷудо мегардад.
Инчунин, “Чилучорчашма”- машҳур ҳам дар ноҳияи мо ҷойгир аст, ки ҳамарўза сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд. “Чилучорчашма” аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар масофаи 200 км, аз маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар масофаи 120 км ва аз маркази ноҳияи Шаҳритус дар масофаи 7 км дуртар ҷойгир мебошад. Табиати ин мавзеъ ниҳоят гарм ва хушк мебошад. Ҳарорати ҳаво дар тобистон ба 47-48 дараҷа гармӣ мерасад. Аз обҳои шафофи он сайёҳон нўшида дар он оббозӣ намуда, истироҳат мекунанд. Дар зери оби мусаффои чашма алафҳои хеле зебо мерўянд, ки ба ин мавзеъ ороишу зебоиҳои аҷиберо зам мекунад. Моҳию морҳои чашма дар оби шаффофи он бараъло намоён мебошад. Яке аз хусусиятҳои муқаддасоти “чилучорчашма” аз он иборат мебошад, ки аз аввали пайдоиш то ба имрўз обу ҳаво ва табиаташ дигар нашуда, рўз аз рўз мавзеи он зеботару оботар гашта истодааст.
- Шикор дар Тоҷикистон аз кай оғоз меёбад?
- Мавсими шикор дар Тоҷикистон ба ду давра ҷудо шудааст: баҳорӣ ва тирамоҳӣ-зимистонӣ. Мавсими шикори тирамоҳӣ-зимистонӣ то 25 январ давом мекунад ва аз 5 феврал ҳамасола мавсими шикори баҳорӣ оғоз мегардад. Мавсими тирамоҳӣ-зимистонӣ, ки вақти зиёдтарро дар бар мегирад ва дар ин вақт шикори ҳайвонот ва паррандаҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин мавсим асосан шикори хуки ваҳшӣ, ҷайра, гург, мурғобӣ, харгўш, қашқалдоқ, кабк, кафтар ва ғайра иҷозат дода мешавад. Ҳаминро ҳам бояд хотирнишон кард, ки барои баъзе аз ҳайвоноти ваҳшие, ки дар Китоби Сурхи Тоҷикистон шомил ҳастанд, иҷозати махсус гирифта мешавад.
- Мехостам дар бораи нархи иҷозатнома барои шикор рўшанӣ меандохтед.
- Шикори ҳайвонот ва иҷозатнома барои шикор аз тарафи Ҷамъияти шикорчиён ҳамасола дар арафаи мавсими шикор дода мешавад ва ин нархномаҳо ҳар сол боназардошти табиати кишвар тағйир дода мешавад.
Дар мавсими шикори солҳои 2021-2022 нархи иҷозатнома чунин буд: хуки ваҳшӣ -112 сомонию 57 дирам, мурғи ҳимолоӣ - 30 сомонию 27 дирам, кабк – 28 сомонию 14 дирам, суғур – 90 сомонию 6 дирам, харгўш – 8 сомонию 65 дирам, бедона – 3 сомонию 26 дирам ва ғайра, ки ин ҷо мо ҳамон ҳайвоноту паррандагонеро мисол овардем, ки шикорчиён бештар ба онҳо таваҷҷуҳ доранд ва дар ноҳияи мо зиндагӣ мекунанд.
- Дар мамлакатҳои дигар шикорро соҳаи даромаднок мегўянд ва сайёҳҳону шикорчиёни зиёдро ҷалб мекунанд. Дар мо чӣ?
- Шикори ҳайвонот дар минтақаҳои кўҳии вилояти Хатлон дар мавсими шикор бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ гузаронда мешавад . Дар ҳудуди заминҳое, ки ҳайвоноти ваҳшӣ сукунат доранд, хоҷагиҳои шикор ташкил шудаанд. Сайёҳон барои шикор ба кишвари мо, асосан, аз Олмон, Фаронса, Испания ва дигар давлатҳои Аврупо ташриф меоранд. Шикор аз моҳи сентябр то март дар ду давра идома меёбад. Вақтҳои боқимонда давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори парандагон ва ҳайвонот буда, шикор манъ аст. Аммо ҳаминро ҳам бояд гўем, ки барои ҷалби сайёҳон корҳои зиёде бояд анҷом дода шавад. Солҳои охир аз тарафи роҳбарияти болоии кишварамон ба ин соҳа ҳам диққати махсус дода мешавад. Ғамхорӣ ба ин соҳа ҳам барои буҷети мамлакат муфид асту ҳам барои ҳифзи муҳити зист заруру саривақтӣ мебошад.
- Ташаккур барои суҳбат
Суҳбаторо Ҳушанг Маликов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: