Раисон муовинони "мустақил" хоҳанд дошт3-03-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон фармон додааст, ки барои ҳокимони вилоятҳои ин кишвар муовинони иловагӣ таъйн шаванд.
Ин муовинон мустақил хоҳанд буд. Хабар дода мешавад, ки Ислом Каримов дар ин бора қонун "Дар бораи такмили сохтори маъмурии идораи давлатӣ"-ро 24 феврал ба имзо расонидааст. Ин қонун барои пешгирӣ аз ҳукмронии мутлақи ҳокимони вилоятҳо қабул шудааст. Президенти Ӯзбекистон бо фармони худ сохтори нави вилоятҳоро тасдиқ карда, барои ҳокимон муовини иловагӣ таъйин намудааст. Ба ин тартиб, ҳар ҳокими вилоят дар Ӯзбекистон шаш муовин хоҳад дошт. Аммо муовинони нави раисони вилоятҳо мустақил хоҳанд буд. Тибқи фармони нави Ислом Каримов, муовини раиси вилоят дар умури кишоварзӣ ва панҷ кормандаш дар мувофиқа бо раёсатҳои ВКД, Додситонии кулл, кумитаи андоз ва гумрук фаъолият мекунанд. Назорати иҷрои фармони навро сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бар дӯш дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.