Бобоҷон Ғафуров: Паём – раҳнамои фардои неку босаодат27-12-2021, 07:14
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи моро ба сӯйи фардо муайян намуда, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд.Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият чӣ иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуданд. Паёми Президент дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон,адолати иҷтимоӣ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, занон мебошад. Хурсандиовар аст, ки масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ин навбат низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намонд.Тавре дар Паёми навбатӣ зикр гардид, имрӯз занон дар ҳама соҳаҳо фаъол ҳастанд, 49,3 % аҳолии кишварро занон ташкил менамоянд, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ 68% , дар соҳаи маориф 73%, дар соҳаи илм 27% ва дар соҳаҳои кишоварзию саноат 23% -ро ташкил менамоянд. Аз 42 ҳазор донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, 8 ҳазорашро духтарон ташкил менамоянд. Дар солҳои Истиқлолият 11200 нафар духтарон бо квотаи Президентӣ донишгоҳҳои олиро хатм намудаанд ва дар айни замон низ 100 ҳазор духтарон бо квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 30% хизматчиёни давлатӣ ва 25% кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон таъин карда шавад, ҳамчунин “Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон барои солҳои 2023-2030” таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод карда шавад. Дар ҳақиқат,Паёми Пешвои миллат раҳнамо,раҳкушо ва калиди бахту саодат барои занон дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ба шумор меравад. Мо – занон шукрона аз истиқлолияти бадастоварда ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳо дучанд меҳнат намуда, бо масъулияти баланд, баҳри тарбияи насли наврасу ҷавон, ободию гулгулшукуфоии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузорем. Солиева М – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.