Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон пурзӯр мегардад

Ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон пурзӯр мегардад

12-10-2021, 08:34
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон пурзӯр мегардад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни баррасии масъала зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда мебошад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд.

Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи роҳсозӣ бомаром рушд намуда, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои мошингарди истифодаи умум, аз ҷумла роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) ба истифода дода шудаанд.

Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгардеро, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.

Соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 183132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, 35926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.

Ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.

Инчунин дар лоиҳаи қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: