Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин6-10-2021, 07:17
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
05.10.2021 13:00 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудашон гарм табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти беҳтарини худро орзу намуданд ва тағйиротҳои бузургеро, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар кишвари мо ба вуқӯъ пайвастаанд, қайд карданд. Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд. Ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод. Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ сурат гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.