Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Хашм

14-10-2015, 16:20
Хабарро хонданд: 646 нафар
Назарҳо: 0
ХашмХашм яке аз сифатҳои бади инсон маҳсуб ёфта, дар вуҷуди инсон оташеро аланга медиҳад, ки хомӯш кардани он хеле мушкил аст, зеро кори оташ ҳаракату гурез аз сукут аст.
Ба ҳар шахсе агар хашм ғолиб барояд, вай нисбат ба инсон ба Иблис наздиктар хоҳад шуд. Бо дарки моҳияту хусусияти хашм бузургону ҳокимони пешин ҳамеша таъкид мекарданд, ки «ҳеҷ коре фозилтар аз ҳалимӣ ба вақти хашм ва сабр ба вақти тамаъ нест».

Байт
Сабр беҳтар мардро аз ҳарчи ҳаст,
То биёбад бар муроди хеш даст.


Ё ин ки:
На ба даъвост қадру қимати мард,
Қимати мард сабр донад кард.


Хашм барои он офарида шудааст, ки вай барои инсон ҳамчун силоҳ дар муқобили шаҳват, фисқу фуҷур, кибру ҳасад, ҳирсу кинаварзӣ, ки онҳо ҷойгоҳи ақлу андешаро торик месозанд, истифода намояд. Бе сабаб нест, ки ҳакимон гуфтаанд, ки «хашм ғули ақл аст».
Мардумони зиёде бар ин ақидаанд, ки «хашм силоҳ буда, аз вай чорае нест». Ин сухан хатост, зеро хашмро аз ифроту тафрит дур сохта, ба ҳолати эътидол даровардан барои инсон хидмати шоён хоҳад буд. Ҳар инсони некусиришт бояд дар ҷустуҷӯи сабабҳои хашм бошад, то нагузорад он чашму дили вайро торик ва ӯро ба хорхештанӣ ва беаҳамиятию нокасӣ барад.
Ба қавли муаллимони ахлоқ хашм дар инсон аз он сабаб сар мезанад, ки вай ба чизе, ки ба он ҳоҷат дорад, қасди ба даст овардани онро кунад ва ба воситаи хашм ба он молик шавад. Ҳар касеро, ки ҳоҷат зиёд бошад, хашми вай бештару зиёдтар буда, бечоратару дармондатар мебошад.
Масалан, имкон дорад касе ба риёзат худро чуноне кунад, ки ҳоҷати вай ба қадри лозимӣ маҳдуд гардад ва барои ӯ ҳеҷ зарурате ба ҷоҳу мол ва зиёдатиҳои дунё боқӣ намонад. Чунонки бештари хашмҳо аз зиёдатии молу ҷоҳ бармехезад.
Хашм набояд ба дараҷае бархезад, ки ихтиёрро аз дасти инсон гирад ва бар хилофи ақлаш бар вай ғалаба кунад. Бо ибораи дигар хашм набояд инсонро аз ҳақ берун созад, зеро хашм муҳаббати инсонҳоро нибсати шахси хашмгин кам менамояд.
Дар маҷмӯъ сабабҳои сар задани хашм ба қарори зайл мебошанд:
Сабаби аввалкибр. Шахси мутакаббир ба андак сухан ва ё амале, ки бар хилофи вай бошад, хашмгин мешавад. Барои шахсони ботакаббур шикастани кибр хеле мушкил аст, лекин дар сурати хоҳиш доштан ин шахс метавонад бо тавозӯъ кибрро ботил созад.

Ҳикмат
Суқроти ҳаким гуфт, ки панҷ чиз мардумро табоҳ кунад: яке бо дӯстон фиреб кардан, дигар аз худовандони дониш рӯй бигардонидан, сеи дигар хештанро хор доштан, чаҳорум кибри носазовор кашидан, панҷум аз паси ҳавои дил рафтан.

Сабаби дуввумуҷб мебошад. Шахси гирифтори уҷб метавонад аз тариқи худшиносӣ хашмро аз худ дур созад.
Сабаби саввуммазоқ кардан аст. Дар ин ҳолат роҳи ягонаи наҷот ва раҳоӣ аз хашм даст кашидан аз мазоқ мебошад. Зиёд хандидан низ оқибат ба хашм тамом хоҳад шуд.
Сабаби чаҳоруммаломату айбҷӯӣ мебошад. Илоҷаш дар ин аст, ки шахси маломаткунанда ва айбҷӯ бояд донад, ки ҳеҷ кас дар олам бе айб нест.
Сабаби панҷумҳирс ба молу ҷоҳ аст. Ҳар касе агар ҳирс ба молу ҷоҳ дошта боша,д вай хеле бахил мешавад. Агар аз чунин одам як дона гандум гиранд, чунон хашмгин мешавад, ки хашмаш ӯро дар назди мардум хору забун месозад. Мутаассифона, бештари хашмҳо аз зиёдатии молу ҷоҳ бармехезад.

Ҳикмат
Ҳаргиз бахилро сутуда набинӣ, на хашмгинро шодон ва на хирадмандро ҳарис ва на каримро ҳасуд ва на озварро (ҳавасбозро) тавонгар ва на малулро дӯст.

Илоҷи раҳоӣ аз хашм бо ду роҳ муяссар мешавад:
Якум, аз роҳи дониш (илм). Барои инсоне, ки мехоҳад накӯкор бошад, бояд ба андозае офату бадиҳои хашмро омӯзад, ки аз он дилаш ба нафрат ояд. Баъд аз ин бо инсонҳое ҳамнишин шавад, ки аз хашм дур бошанд.
Бе сабаб нест, ки бузургон гуфтаанд: «Хашмро бояд фурӯ хӯрд», «Хашм аз оташ аст ва бо об бинишинад».
Дуввум, аз роҳи амал. Беҳтарин роҳ сукут пеша кардан аст, то инсон аз ошӯбҳои гумроҳӣ худро нигоҳ дошта тавонад. Ҳар касе ба инсон хашм кунад, вай бояд, некӯи пеша намояд. Кинаҷӯй набояд шуд, зеро кинаҷӯӣ фарзанди хашм аст.
©Минбари халқ, №42 (1021), саҳ. 16, 14 октябри соли 2015
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: