МАФКУРАИ МИЛЛӢ – ДАВЛАТӢ ВА ТАРБИЯИ ҒОЯВИИ ҶАВОНОН16-08-2021, 08:24
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. Заминаи давлатсозии миллӣ бо мафкура ё ғояи миллӣ алоқамандии зич дорад. Миллатҳое, ки баҳри давлати миллии худ талош мекунанд, муборизаи худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд. Вақте давлати миллӣ ташкил шуд ва истиқлол ба даст овард, ҳамоно ба ғояи миллӣ ниёз дорад. Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеаи тоҷик сиёсати бунёдкорӣ шуруъ гардида, то имрӯз идома дорад. Яке аз самтҳои муҳими ин сиёсати бунёдкорона шакл додан ва асоснок намудани ғояи миллии давлатии Тоҷикистон аст. Чуноне, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ёдрас мешавад, кишвари мо ба бунёдкориҳо асосан аз солҳои 1999-2000 –ум оғоз кардааст, ки ҷабҳаи мафкуравӣ низ аз раванд истисно нест. Аз соли 1999 то ин дам дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ тағйироти куллӣ ба амал омада, аз ҷумла пояҳои мафкураи миллии – дунявӣ низ шакл гирифтанд. Давлати миллии мо мафкура ва идеология дорад ва он «ватанпарварии миллӣ аст». Мафкураи миллӣ – давлатии Тоҷикистон бояд дар байни оммаи васеъ ва қабл аз ҳама ҷавонон бояд тавре таблиғ гардад, ки хислати ҳамагонӣ гирад. Мафкураҳо ҳамон вақт муассир мегарданд, ки агар ҳама қишрҳои миллат ба арзишҳои он боварӣ дошта бошанд ва паи ин арзишҳо раванд. Дар ин росто масъалаи аз ҳама муҳимтарин тарбияи ҷавонон дар руҳияи миллии дунявӣ мебошад, ки онро танҳо ба василаи таблиғу тарғиби бонизом амалӣ намудан мумкин аст. Вақте фарди ҷавон худшинос аст, шуури ӯ дар рӯҳияи миллӣ- дунявӣ ва ватанпарварӣ шакл гирифтааст, ба вай ғояҳои бегонаю бегонапарвар наметавонанд, таъсир расонанд. Кори идеологӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, вақте фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ба ҳамдигар таъсир мерасонанду мехоҳанд якдигарро заиф созанд, кори рӯзмара ва ҳамешагӣ аст. Файзизода Каримҷон Нозил, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.